formula feb 2025
Гунаҳгори бегуноҳ (ҚИСМИ 2)
1382

Хандаи бахт

Хостгорони зиёде доштам, вале модарам бо тағоҳоям маслиҳат карда, хостгории сардухтуреро, ки ман дар зери дасташ кор мекардам, пазируфтанд. Ин зани бомаърифат маро барои писари кенҷааш, ки тоҷир буд, келин кард. Ба хотири танҳоии модарам дар наздикии хонаи худамон бароямон хона харид. Ман қариб ҳар рўз модарамро медидам, ў низ аз зиндагии ман розию хушнуд буд.

Пас аз гузаштани як сол соҳиби писараки нозанине шудам, писаракам яксола шуду писари дувумаро ба дунё овардам, модарам то ҳол кор мекард ва вақтҳои холигӣ ба ман дар тарбияи фарзандон кумак мерасонд. Писаронам оҳиста-оҳиста калон мешуданд, азбаски падари шавҳарам низ ҷавон фавтида буд, онҳо амакашонро бобо мегуфтанд. Баъзан аз ман мепусиданд, ки “мо бобо надорем?”. Ҳамсояи рў ба рўямон хонаашро фурўхту шавҳарам онро харидорӣ кард, то писаронам дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кунанд. Худоро шукр мегуфтам, ки бароям чунин марди ҳалиму меҳрубон ва самимиро насиб гардонидааст. Ман аз ҳамсарам аз замин то осмон миннатдор будам, зеро маро мефаҳмид, ба модарам мисли писараш хизмат мекард, хулоса аз чизе камбудӣ надоштем.

Гардиши қисмат

Модаркалони мушфиқу ғамхор ва меҳрубонам аз олам гузашту мо ба деҳа рафтем. Чил рўз он ҷо мондем, азодорӣ кардем, баъди додани чили бибиям, бегоҳ ҳама хаставу афгор гирди хон нишаста, ёди ў мекардем. Мо бояд фардо ба маконамон бармегаштем, шавҳарам низ аз шаҳр омада буд. Шом торик мешуд. Ҳамин вақт аз дарвозаи ҳавлӣ як ҷавонмарди болобаланди ришдор ворид шуда, баъди адои салом бо қавоқҳои гирифта гуфт:

- Ба ман апаи Мадина лозим.

Ман бо ҳайрат гуфтам:

- Мана ман дар пешатон, чӣ хизмат?

Мард хафанамо ба суханронияш идома дод:

- Падари шумо падарандари ман. Бемори сахт аст, модарам низ пир шудаасту ўро нигоҳубин карда наметавонад. Ба занҳои мо вай шахси умуман бегона аст, шумо духтараш ҳастед, равед соҳибияш кунед. Ман чанд бор ҳамин ҷо шуморо суроғ омадам, бибиятон моро сарзаниш карда ронд…

Ҳавлиро як хомўшие фаро гирифт, ки ногуфтанӣ, мо ҳатто нафаскашии якдигарро мешунидем. Ин сукутро овози хастаи модарам халалдор кард:

- О вай бисту панҷ сари сол дар масҷид зиндагӣ кард? Ҳама дору надорашро сарфи шумо кард, баъд акаву додар дорад, чаро бояд Мадина ўро соҳибӣ кунад? Духтари ман ўро ҳатто намешиносад…

Ҷавонмард гўё гапи модарамро намешунид, ў ба чашмони ман нигариста, гуфт, ки ягон хешу табораш ўро ба калла намегиранд… Дар як кунҷаки хона мегиряду мегиряд…

Пас аз рафтани писарандари падарам, фишори модарам баланд шуду мо ба вай сўзандору задему хобаш бурд. Шавҳари дилсўзам ҷойи нишастан намеёфт ва оқибат қарор кардем, ки субҳ модарамро ҳамроҳи хушдоманаму кўдакҳо бо таксӣ равон карда, худамон ин мушкилро ҳал карда меравем.

Дидори падар

Модарам аз нияти мо огоҳ барин ба таксӣ нишасту гуфт:

- Агар ҳамон падари ноодаматро соҳибӣ карданӣ бошӣ, ман ширамро ба осмон медўшам, аз баҳрат мегузарам! Ман аз вай хоҳиш кардам, ки маро миёнаи роҳ накунад, зеро бисёр дўсташ медоштам, пеши пояш афтода, зорӣ кардам. Гуфтам, ки зан бигиру духтаракамро ятим накун, вале ў моро аз дар берун кард, ту бо гиря ба пойҳояш часпидӣ, вале туро тела дод…

Ман модарамро бўсидаму ором кардам, вале баъди рафтани ў роҳ пеш гирифтем ба хонаи падарам. Ростӣ, ман рафтан намехостам, зеро симои ҷиддӣ ва чашмони аз фарти асабоният суп-сурх ва ғарқи оби модарам аз пеши чашмам дур намерафтанд. Аммо шавҳарам қатъӣ падарамо диданӣ буд…

Мошини мо назди дарвозаи кабуди баланд қарор гирифт ва роҳбаладамон писартағоям гуфт:

- Ана ҳамин хонаи падарат аст...

Мо ба дарвозаи нимкушодаи ҳавлӣ ворид шудему шавҳарам “соҳибхона” гуён фарёд кард. Моро ҳамон ҷавонмарди ришдор қабул ва ба хонаи хоби падарам раҳнамоӣ кард, касе дар ҳавлӣ наменамуд, шояд онҳо моро дида, пинҳон шуданд. Ҳавлӣ бошукўҳу зебо бошад ҳам, хоначаи даромадаи мо бетаъмиру фақирона буд. Болои дивани фарсуда марди ниҳоят харобу рангзард мехобид. Ҷавонмард гуфт:

- Мӯсафед, духтарат омад, бин…

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, МАДИНА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД