Formula novemver 2024
Гунаҳгори бегуноҳ
28.07.2022
ҲИЛОЛА
2250

 

 

 

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтавори серхонандаи «Оила». Мушкиле дорам ва мехоҳам онро рӯйи саҳифаҳои сафеди ту бирезам, шояд ҳалли худро пайдо намояд. Ин мушкили ман рабт дорад ба ранҷиши духтараки дӯстдоштаам, ки муштарии ҳафтавори «Оила» аст ва ҳар шумораи онро бо меҳр хонда, ҳифз мекунад. Гап дар сари он, ки….

 Деҳотӣ

Дар деҳае, ки мо зиндагӣ мекунем, ҳама якдигарро мешиносанд ва хешу табор ҳастанд. Деҳаи мо дар яке аз ноҳияҳои зебоманзару кӯҳистони кишвар воқеъ шудааст. Шояд обу ҳавои форам ва манзараҳои афсонавӣ таъсири худро гузоштаанд, ки духтарони деҳаи мо хеле зебоянд. Аксарият қоматбаланд, сафедпӯст, рухсораҳояшон чун себи хубонӣ, ҳунарманд, хулоса кирои таъриф мекунанд. Ҷавонмардони деҳа ҳам дур нарафта, арӯсони худро аз деҳа интихоб мекунанд.

Оилаи мо яке аз оилаҳои намунавии деҳа ба ҳисоб мерафт, падарам директори мактабу модарам муаллима аст. Модари ман дар деҳа бегона аст, тамоман бегона, ӯ ҳамсабақи падарам будаасту ба нею нестони волидонашон нигоҳ накарда, бо ҳам хонадор шудаанд. Бибиву бобоии модариям то таваллуд шудани апаам бо духтарашон ногап будаанду танҳо баъди фарзанддор шуданаш, бо ӯ рафту омадро оғоз карданд.

Волидони падарам модарамро баъдҳо чун фарзанди худашон дӯст доштанд, зеро ӯ ба хотири ишқи падарам шаҳрӣ будану маълумоти олӣ доштанашро як тараф гузошта, ғайри кори давлат чун чурӣ ба пайвандони шавҳар хизмат мекардааст.

Ман чор амакивуду амма дорам, модаркалонаму бобоям келинҳои худиро ҷудо карданду бо келини бегона зиндагӣ карданро хуш карданд. Оилаи мо калон нест, апаам Донишгоҳи омӯзгориро ғоибона хатм намуда, келини амаам шуду дар ҳамсоягии модарам зиндагӣ мекунад, ман дар курси панҷуми Донишгоҳи тиббии Қазон мехонам.

                                Парии ятим

Дар ҳамсоягии мо оилаи амаки Маҳмуд зиндагӣ мекунанд, ин оила зиндагии хударо аз пушти боғдориву чорводорӣ пеш мебаранд ва аз чизе кам нестанд. Амаки Маҳмуд бо бобоям ҷӯраҳои наздик буданд ва ҳарду дар як сол ин оламро тарк гуфтанд, ёд дорам баъди марги бобоям амаки Маҳмуд ба хонаамон омада, то дергоҳ бо падарам сӯҳбат мекарданду бо фаши салаашон оби чашмонашонро ҳар лаҳза пок мекарданд. Пас аз чор моҳи марги бобоям он кас ҳам вафот карданд…

Ана ҳамин амаки Маҳмуд ду писару ду духтар дошт, духтари калонияш сари фарзанд рафту духтараки навзоди ӯро хонаводаи шавҳараш ба хонаи бачаҳо доданӣ шуданд. Аммо амаки Маҳмуд нишонаи духтарашро ба духтарӣ хонда, худаш калон кард. Аввалҳо гумон мекардам, ки Нишона духтари амаки Маҳмуд аст, баъдҳо фоҷиаи умри ин духтараки ҷингиламӯйи нозанинро аз забони бибиям шунидаму дар дилам нисбати ӯ раҳму шафқат бедор шуд.

Ҳарчанд Нишонаро тағоҳояш мисли гул эҳтиёт мекарданду хушлибосу нозанину эрка буд, аммо ман дар қатори писарони тағоҳояш муҳофизи ӯ будам. Намегузоштам касе хафааш кунад, Нишона маро ака мегуфту эҳтиром мекард, духтарак аз ман се сол хурд буд. Чун ба Казон омадаму ба таҳсил шурӯъ кардам, ҳангоми таҳсил ба хона намерафтам, тобистонҳо дар сехи яхмосбарории модари як ҳамкурсам кор мекардаму даромади хуб меёфтам. Чун ба курси сеюм гузаштам, модараму бибиям зории бисёр карданду ман ба Ватан омадам, дар қатори бибию модару апаву аммаҳоям барои Нишона ҳам як гарданбанди арзонаки нуқрагӣ ҳадя гирифтам. Гумонам Нишона ҳоло ҳам ҳамон духтарки ҷингиламӯйи шармгин аст, аммо чун ӯро дидам, аз нигоҳи аввал дил бохтам. Пеши назарам парии пушти кӯҳи Қоф меистод, на Нишона….

                                   Изҳори ишқ

Коре кардаму Нишонаро дар танҳоӣ вохӯрда, изҳори ишқ кардам, ӯ аввал норизоӣ кард, вале оҳиста-оҳиста ба ман унс гирифт. Акнун мо ҳамроҳ қасри орзуҳои худро месохтем. Нишона дар синфи нӯҳ мехонд ва орзу дошт, ки ба коллеҷҷи тиббӣ дохил шавад. Ман ба ӯ гуфтам, ки то ту коллеҷро хатм мекунӣ, ки ман ҳам донишгоҳро хатм мекунам ва хонадор мешавем, Нишона розӣ шуд. То ба охир расидани таътили тобистона мо бо ҳам будему роз мегуфтем, ман аз таҳти дил ин парии ятимро дӯст медоштам ва аз нигоҳаш маълум буд, ки ӯ низ маро дӯст медошт.

Нишона ба коллеҷ дохил шуд ва ман ба Қазон баргаштам, ҳар рӯз ба ӯ телефон карда, аз ҳолу аҳволу таҳсилаш мепурсидам. Касе аз ишқи мо хабар надошт ва дар гӯшаи хотири ман ҳам фикри ҳоло хонадор шудан набуд. Мехостам баъди хатми донишгоҳ дипломамро ба даст гирифта, баъд хостгоронамро ба хонаи тағои Нишона фиристам, бонуи хонадон ва модари фарзандонам танҳо ва танҳо ӯро дидан мехостам. Падарам ҳамеша маро таъкид мекарданд, ки ҳаргиз ҳавову ҳаваси мулки бегона накунам ва баъди хатми донишгоҳ албатта ба Ватан баргардаму ба мардуми ноҳия хизмат кунам.

Ман дар хаёлҳои худам ҳар субҳ ҳамроҳи Нишона савори мошин ба маркази ноҳия ба кор мерафтаму бегоҳ аз он ҷо бармегаштам. Ҳатто ба фарзандонамон номҳои аҷиб фикр карда будам, Нишона аз ин орзуҳои ман механдид, вале эҳсос мекардам, ки мехоҳад ин орзуҳоро, табъаш болида мешавад. Ҳама чиз хуб буд, ба хотири ишқи Нишона ман аз рӯйи худам зиёдтар кор мекардам, мехостам ҷавоне шавам, ки ӯ аз ман ифтихор кунад. Вақтҳои бекориям корҳои муваққатӣ ёфта, пул кор мекардам, хулоса бахт аз ин зиёдтар намешавад…

                                     Ранҷиши ёр

Ман курси чорумро хатм кардаму Нишона курси якумро, таътили тобистонаамон бо ҳам бо муҳаббату роз гуфтанҳо гузашт, ҳамааш аз оғози соли нави таҳсил сар шуд…

Аз рӯйи гуфти модарам Нишона ҳамеша ба хонаи мо омада, ба модараму модаркалонам дар корҳои хона ёрӣ медодааст. Модаркалонам як рӯз бо ӯ хеле сӯҳбат карда, дар омади гап гуфтааст, ки акаи Дилшодат ҳам донишгоҳашро қариб овард. Худо хоҳад, хатм карда биёяд, ӯро бо духтари аммааш Гулосо хонадор мекунем. Гулосо дар синфи ҳашт мехонад, то мактаба тамом кардани акаат ин ҳам келинбоб мешавад.

Нишона ба ман занг зада, қарори модаркалонамро гуфту бо ҳамин рақамҳояшро дигар карда, умуман бо ман гап намезад. Ман маҷбур шуда, розамро ба модарам гуфтам. Зориҳои модарам низ дили сангини маъшуқаамро нарм накард, ҳоло ман дар деҳаам, Нишона бошад, омадани маро шунида, ба хонаи аммааш ба пойтахт рафтааст. Хостам ба хонаи аммаш равам, аммо модарам духтари ятими бечораро бадном накун гуфта намемонад. Медонам, ки Нишона ҳафтавори шуморо мехонад, аз ин рӯ, ба ӯ муроҷиат карда гуфтаниям:

Нишонаҷон, қасам ба номи Худо, намедонам модаркалонам ин гапро аз куҷо гирифтааст, ӯ ҳатто ягон бор ба ман нагуфтааст, ки Гулосоро мегирӣ ё не?! Ман туро дӯст доштааму бо ту хонадор мешавам, хайр модаркалонам, ки умраш ба навад дакка мехӯрад, орзуяшро гуфтааст. Илтимос, ба хотири он аҳду паймоне, ки доштем, ба хотири ишқу муҳаббати покамон аз аспи ғазаб поён фарову ба деҳа баргард, ман интизорат ҳастам…

Бо эҳтиром Дилшод

Таснифи Ҳилола 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД