Formula novemver 2024
Гум кардани либос дар хоб чӣ таъбир дорад?
2887


Салом! Аксар вақт хоб мебинам, ки либосҳоямро дуздидаанд ё сару либосамро гум кардаам.

Мехоҳам донам, ки дуздида шудани либос дар хоб чи таъбир дорад?

Посух
Аслан дуздида шудани либос дар хоб як навъ огоҳӣ аст, ки дар атрофи шахси хобдида одамони маккор ва фиребгар зиёд шуда истодаанд. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёткор бошад, то ба доми фиреб гирифтор нашавад. Аммо таъбири хоб ба бисёр чизҳои дигар низ алоқамандӣ дошта метавонад.
Шахсе, ки бо тиҷорат сару кор дорад, агар хоб бинад, ки либоси дӯстдоштаашро гум кардааст ё дуздидаанд, тиҷораташ зиёд дида, муфлис мешавад. Тоҷире, ки чунин хоб мебинад, дар интихоби шарикон ва муносибатҳои пулию молӣ бояд эҳтиёткор бошад.
Зани шавҳардор хоб бинад, ки либосашро гум кардааст ё дуздидаанд, дар оила байни ӯ ва шавҳараш аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷол ба амал меояд, вале ягон ороишоташро гум кунад, хабари нохуш мешунавад. Духтари муҷаррад чунин хоб бинад, ягон қадами ноҷое хоҳад гузошт, ки боиси овозаҳои нохуш мегардад.
Шахси соҳибмансаб хоб бинад, ки либосашро дуздидаанд, нақшаҳояш вайрон шуда, бо мушкилоти корӣ ру ба рӯ мегардад.
Дуздида шудан ё гум кардани либос дар хоб таъбирҳои дигар низ дорад. Тавре ки дар баъзе хобномаҳо омадааст, агар дар хобаш либоси касро бидузданд ё онро гум кунад, бояд ба рафтору кирдори одамоне, ки дар гирду атрофаш ҳастанд, диққати ҷиддӣ диҳад, зеро чунин хоб ба он ишорат менамояд, ки бадхоҳон дар атрофи шахси хобдида хеле зиёданд ва барои ба ӯ зарба задан пайти муносиб меҷӯянд.
Гум кардани либос дар хоб нишонаи аз даст додани саломатӣ низ буда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД