arzon replenishment
Гулнисо чи тавр ғолиби озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” гашт?
535

Гулнисо чи тавр ғолиби озмуни “Хонандаи

беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” гашт?

Ӯ духтарест хоксор, боҳуш ва зирак. Донишҷӯест ошиқи таъриху адабиёт, дӯстдори мутолиаи китоб, дилбохтаи таърихи ниёгон. Ин шефтаи илму ташнаи маърифат Содиқзода Гулнисо Муҳаммадҷон, хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён аст, ки дар озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” аз миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Гулнисо мегӯяд, бовар надошт, ки дар озмуни мазкур ғолиб меояд, чун ба назараш беҳтаринҳо зиёд буданд. Ин буд, ки баъди имтиҳонсупорӣ дар назди довталабон роҳ пеш гирифт сӯи зодгоҳаш, зеро рақибони болотару беҳтарро дид дар симои дигар иштирокдорон. Бо гузашти чанд рӯз ба хотири дарёфти натиҷаи сабқат аз бародараш, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунаду сокини Душанбе аст, хост, то фаҳмад, ки чанд холро соҳиб шудааст. Хилофи чашмдошти ӯ бародар муждаи хуш доду навиди шодиафзо. Маҳз ӯ аввалин шуда, пайки ғалабаро ба қаҳрамони мо расонид. Сараш он замон баланди баланд гашту дилашро нури шодӣ ва пайки хуш равшан карданд. Бинобар ин, омад дигарбора ба пойтахт.

Дар Китобхонаи миллӣ, ин маснади илму макони дониш ,ки макони баргузории сабқати мазкур буд, ӯ дар як они воҳид гули сари сабад гашт. Онҳо ду кас буданд: Гулнисо Содиқзода аз миёни муҳассилини муассисаҳои таҳилоти миёнаи касбӣ ва Дилшод Ниёзов аз миёни донишҷӯни муассисаҳои олӣ. Акнун гулборон мешуданд аз ҷониби ҳакамону масъулону мухлисон ва саволборон аз ҷониби рӯзноманигорон. Ҳар кас мехост, лаҳзае дар пойи суҳбаташ биншинад ва аз хирмани донишаш хӯшае бичинад. Ин буд, ки сабти гуфтораш тариқи кулли оинаҳои нилгун пахш шудаву симояшро дар ҳар хонавода ҷилвагар сохт.

Гулнисо мутавалиди соли 2003 аст дар Қубодиёни номдор, ноҳияи адабпарвару фарҳангрезу маърифатхез. Хонавода зиёиянду қиблагоҳаш омӯзгор ва бад-ин таъсир соли соли 2010 нахуст қудумро бардошт ҷониби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия. Аз оне, ки он ҳин ҳам мехонду ҳам менавишт, маҳбуби дилҳои омӯзгорону ҳамсинфон буд. Бо зарурати замон баъди хатми синфи 7 тариқи гузариш таҳсилро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 идома дод. То синфи 11 таҳсил карду чун муҳлатро поён овард тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд ба риштаи аз хурдӣ интихобкардааш – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён.

Дар ин даргоҳ низ хуш пазируфтандаш, чун аз қабл бо шарофати падар ошноӣ дошт бо муҳити муассиса. Падараш саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ин боргоҳ аст ва қаҳрамони мо низ ба дунболаи падар рафту дар пайроҳаи ӯ гом гузошт.

Аз рӯзҳои аввали омадан ба Коллеҷ аллакай номдор шуд, зеро бо маҳзи оғози таҳсил ба даври ниҳоии сабқати овозадори ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омад ба Душанбе. Чун классиконро зиёд мехонду аз осору ашъорашон шеъру қиссаҳои зиёд медонист, ба ҳамин бахш рафт. Дар интихоб иштиробоҳ накард, зеро доварон баъди санҷишаш ӯро барандаи мақоми дуюм эълон карданд.

Баъди ин, гирди номаш хушхабарҳо зиёд шуданд, чаро ки ба қуллаҳои баландтари мақсуд расид. Сазовори унвони “Гирандаи стипендияи президентӣ” дар соли 2023 ва соҳиби идрорпулии раиси вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2023-2024 шуд. Бо ин дастовардҳо иктифо накард ва хост, худашро дар самти дигар бисанҷад. Бинобар ин, ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” модагӣ гирифт. Чун ҷуғрофияро меписандид, ба ин фан таваҷҷуҳ карда, баҳру хушкӣ ва ҳар ваҷаби курраи сайёраро бо иқлиму релефаш аз худ кард. Дар Хатлон барандаи ҷойи сеюм дар даври вилоятӣ эълон шуд. Дар Душанбе рақобат сахттар шуд ва ӯ аз мақом бенасиб монд, вале руҳаш нашикасту азмаш бештар қавӣ шуд, ки бояд худро нишон диҳад ва донишашро бештару беҳтар санҷад.

Соли 2024 вақте ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” эълон шуд, ӯ камар баст пайи мутолиаи осори пурғановати Пешвои тоҷикони ҷаҳон. Аз миёни китобҳои арзишманду гаронбаҳои Сарвари давлат дар маҷмӯъ 14 асарро комилан мутолиа кард ва боқимондаро аз рӯи мазмуну сохтор хонд, чун фурсат тангтар буд.

Дар даври нахуст, ки дар муассисаашон баргузор гашт, ба дигарон пирӯз шуд ва роҳхат ба Душанберо ба даст овард. Барои иштирок дар даври ниҳоии озмуни мазкур ӯ наздик ба 34 асарҳои Пешвои миллатро дастрас намудаву онҳоро мутолиа кард. “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ва “Чеҳраҳои мондагор” бештар дар умқи қалбаш нишаст. “Чеҳраҳои мондагор” доир ба 30 нафар чеҳраҳои шинохта ва сарсупурдаи халқи тоҷик маълумотҳои ҷолибро пешкаши хонанда мегардонад ва шиносномаи абармардони номдори тоҷик аст. Ин асарро бештар писандид ва доир ба ҳама қаҳрамонҳои он маълумоти кофӣ ба даст овард.

“Ин бузургон шиносномаи миллати мо мебошанд. Яке аз чунин нафарон шоири забардаст ва боистеъдодои мо Абулқосим Фирдавсӣ аст, ки дар борааш маълумоти ҷолибу муфид ва омӯзандаи зиёд дарёфтам. Китоби мазкур барои омӯзиши ҳаёту фаъолият ва “Шоҳнома”-и безаволи ин шоири номдор тарғибкунандаи хубе ба шумор меравад. Махсусан мавзуҳои ватандӯстиро шоир чунон ба қалам додааст, ки то имрӯз нафаре ба ӯ барорбар шуда наметавонад”, - гуфт Гулнисо давоми суҳбат.

Ҳамин тавр, ба иқрори худаш қаҳрамони мо аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро дошт ва ин буд, ки пас аз хатми синфи 11 таҳсилро дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён идома дод ва соли таҳсили гузашта онро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Феълан, қасд дорад таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ҳамин равия, яъне забон ва адабиёти тоҷик идома диҳад.

Ӯ мегӯяд, мехоҳад дар оянда чун падар омӯзгор ва мисли ӯ тарбиятгари насли ҷавони кишвар бошад, зеро омӯзгор машъали тобноки ҷомеа буда, роҳнамои насли башар ва маснаднишини гуистони маърифат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД