arzon replenishment
Гулмира Аҳрорзода: Ҳунарпеша будани як духтар ҳеҷ бадие надорад
797


Солҳои охир доир ба кам будани ҳунарпешаҳои ҷавон дар театрҳо бисёр гуфта мешавад. Баъзан ба хулосае меоем, ки ин майдони ояндасоз аз ҳисоби ҷавонон холӣ монда истодааст, вале бо ҳама мушкилоти мавҷуда ҳастанд ҷавононе, ки худро ба ҳунар бахшидаанд.

Мушкилро намешиносанд, ба ноҳамвориҳо аҳамият намедиҳанд, бо суханони ношоям мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафҳои неки худ бирасанд. Яке аз чунин ҷавондухтарон ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Гулмира Аҳрорзода мебошад.

Мавсуф акнун ду сол мешавад дар театр кор мекунад, вале аллакай миёни мардум шинохта шудааст ва бо нақшофариаш сафи дӯстдорони театрро зиёд карда истодааст. Пайраҳаи тайкардааш ҳамвор нест ва мо доир ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву кораш суҳбат кардем.

Аз ҳама хотираи ҷолибтарини давраи кӯдакиятон кадом аст?
- Вақте ки дар синфи 3 мехондам, апаву бародарам дар пойтахт таҳсил мекарданд. Кӯтоҳи гап, дар хона танҳо ғамгин мешудам ва онҳоро пазмон мешудам. Яке аз чунин рӯзҳо дар ҳавлӣ беихтиёр гиристам. Чун модарам сабаб пурсид, гуфтам, ки бозӣ кардан мехоҳам, вале танҳоям. Пасон, он кас тӯбро гирифта, бо ман бозӣ карданд. Аз ҳамон вақт дарк кардам, ки модар барои фарзанд дилхоҳ корро анҷом медиҳад.
- Асосан, мардуми деҳот вақти бозиҳои гуногун тахмин мекунанд, ки фарзандашон чӣ гуна аст ва эҳтимол дар оянда намояндаи кадом касб мешавад. Оё шумо дар кӯдакӣ "холабозӣ” мекардед ва умуман касе гуфтааст, ки ин духтар калон шавад актриса мешавад?
-Бале, ин бозии шавқоварро ман кардаам. Вақте ки дар ҳавлии бибиям ин бозиро мекардему баъзан аз забони ман калимаву ибораҳои адабӣ мебаромад, амакҳову янгаҳоям бо завқ тамошо намуда, дар охир мегуфтанд, ки ту аниқ журналист мешавӣ.
- То ҷое медонем, пайраҳаи тайкардаи шумо ҳамвор нест. Бигӯед, ки то кадом андоза ҳунарпеша шудан душвор буд?
-Мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо ба ҳунарманд шудани як духтар он қадар нигоҳи хуб надоранд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёду бархӯрдҳои гуногуни аҳли оила донишҷӯи риштаи актёрӣ шудам ва шукри Худо инак, ҳунарпешаи театр ҳастам. Ростӣ, намехоҳам аз мушкилоте, ки паси сар кардам, ёдовар шавам, зеро медонам, ки азму иродаам қавӣ буду то инҷо расидам. Боз ҳам кӯшиш мекунам, ки дар касбам сайқал ёбам.
- Шумо Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардаед ва ҳоло ҳунарпешаи театр ва синамо ҳастед. Оё барои ҳунарманд шудан дониши аз донишкада гирифтаатон кофӣ буд ё дарси иловагию худомӯзӣ низ доштед?
- Фикр мекунам, ҳар чизе доир ба ин касб медонам, бо шарофати устодони азизи донишкада азбар кардаам. Албатта, машқу тамрину худомӯзӣ ҳаст, вале асос дарсҳои устодон ба шумор меравад.
- Шумо чанд сол пеш дар озмуни "Суханвари беҳтарин"-е, ки донишкада ташкил карда буд, сазовори ҷойи дуюм гаштед. Оё ният надоред, ки дар баробари театру синамо ба ровигӣ машғул шуда, ҳамчун ҳунарпеша ва ровии маъруф шинохта шавед?
- Бале, бисёр мехоҳам ва шояд дар оянда ба ин пеша ҳам ҷиддӣ муносибат кунам.
- Вақте ки ба театр омадед, муҳитро чӣ гуна дарёфтед ва ҳоло муҳит барои кор кардан созгор аст?
- Ман ба муҳити театр шинос будам, зеро зуд-зуд он ҷо мерафтам. Ҳоло бошад, кор кардан бароям ҳам созгор аст ва ҳам боиси ифтихор, ки бо чунин устодони саҳна нақшофарӣ мекунам. Хушбахтам.
- Дар ин мавсими театрӣ дар кадом намоишҳо нақш доред?
- Шукри Худо тӯли фаъолият дар театр коргардонҳо ба ман бовар карда, танҳо нақшҳои марказиро пешниҳод мекунанд. Дар мавсими ҷорӣ дар намоиши “Арвоҳи беқарор” ҳунарнамоӣ мекунам.
- Ба ҳунарпешаи ҷавони театр ба мисли шумо ҳунармандони касбӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?
- Шахсан бо ман ҳамаи ҳунармандони ҳирфаӣ ва устодони саҳнаи театри худамон муносибати хайрхоҳона доранд. Корамро хуб иҷро кунам, хурсанд мешаванд. Камбудие пеш ояд, ҳатман бо забони ширин барои ислоҳ кардан маслиҳат медиҳанд. Вале баъзан бадгӯӣ ва бадгумонии баъзе ҳунармандон ба гӯшам мерасад, ки фикр мекунам нишони ба пеш ҳаракат карданам аст.
- Метавонем гуфта, ки пас аз чанд сол ҷойгузини ҳунармандони касбӣ шуда метавонед?

- Боварӣ дорам. Кӯшиш мекунам, ки ба ноҳамвориҳо аҳамият надода, ба пеш ҳаракат кунам ва он азму иродае, ки дорам, Худо хоҳад ба солҳои наздик сатҳу сифати корамро дар театр ба маротиб боло мебарам.
- То ҷое медонем, аз гурӯҳатон танҳо шумо ба театр омадед. Чӣ сабаб аст, ки дигарон намеоянд?
- Ба андешаи ман мушкили асосӣ ин маоши кам аст. Махсусан, барои писарони навроҳ бисёр душвор мешавад, зеро масъулияти онҳо назди волидонашон зиёдтар мегардад.
- Ҳоло дар "скетч"-и "Хушдоманҳо" нақши ҷолиберо иҷро карда истодаед. Чӣ гуна шуд, ки шумо дар ин сериал пайдо шудед?
- Бо тавсияи муаллима Моҳпайкар Ёрова ба нақшофарӣ ба лоиҳаи мазкур пешниҳод шудам. Вақте ки дидам муҳити тоҷикона аст, розӣ шудам.
- Дар филми Баҳриддин Сабур “Санге ба гӯри Лайлӣ” ҳам нақш офаридаед. Чӣ гуна ба он нафар ҳамкорӣ кардед?
- Баҳриддини Сабур маро дар театр дида, барои иҷрои нақш дар филм пешниҳод кард. Пас аз хондани филмнома розӣ шудам.
- Бо вуҷуди хеле дастрас шудани интернет, мутаассифона, ҳоло ҳам бархеҳо ин майдонро ҷойи нохуб мегӯянд ва оё вақте ки шумо дар сериалҳои интернетӣ пайдо шудед, касе чизе гуфт ва умуман наздикон чӣ гуна қабул карданд?
- Аҳли оилаам розӣ нестанд ва бисёр мегӯянд, ки дар филмҳо нақш наофарам. Модарам ҳамон суханҳои нохуби интернетро фикр карда, зидди ин корам мебароянд.
- Даромаде, ки имрӯз аз ҳунар доред, ба зиндагиатон мерасад?
- Ҳоло шукронаи Худо даромадам барои худам кифоя аст, аммо бояд ҳунармандонро қадр кард, то ки танҳо дар бораи ҳунар андеша кунанд.
- Ҳар рӯз аз сари нав зиндагӣ мекунед ё зиндагиятон такрор мегузарад?
- Ҳар рӯз аз сари нав зиндагӣ мекунам, вале бо суханҳои такрориву захмдор: “Актриса нашав, оянда надорад, қадр намекунанд, шавҳари хуб наёбӣ”.
- Хобе дидаед, ки умуман фаромӯш нашуда бошад?
- Як хобро чанд маротиба дидаам. Он чунин аст: Ба осмон мебароям ва аз боло бо суръати баланд ба поён мефароям, вале як метр то замин мондан, ист мекунам. Таъбирашро намедонам. Ҳатто шумо аввалин нафаре ҳастед, ки ин хобро гуфтам.
- Ба фикратон миссияи шумо дар ин дунё чист?
- Ман бояд ҳунарманд бошам. Бояд исбот кунам, ки хунарпеша будани як духтар ҳеҷ бадие надорад ва нахоҳад дошт. Ҳамчунин, бояд ҳамсафари хуб пайдо карда, кори театру синаморо давом диҳам ва намуна бошам, ки як зан ҳам дар ҳаёти оилавӣ ва ҳам корӣ метавонад муваффақ бошад.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД