Энтони Лоффредои 33-сола аз Фаронса дар орзуи мубаддал шудан ба махлуқи сиёҳи сайёраи дигар аст. Ин ҷавон барои расидан ба орзуҳояш чанд рӯз қабл ду ангушти дасти чапашро буридааст, то ки дасташ ба ханҷол монанд шавад. Муддати даҳ сол аст, ки Энтони ба ҷисму пӯсти баданаш тағйиротҳои гуногун ворид месозад, вале муътақид аст, ки танҳо 34% ба хости дили худ расидааст. Ин марди фаронсавӣ лаби болоӣ, нӯги бинӣ ва гӯшҳояшро бурида, забонашро ба ду қисм ҷудо кардаасту ба зери пӯсташ имплантҳоеро ворид намудааст, ки пӯсти ӯро барҷаста намуда, сураташро хеле баднамуд сохтаанд.