Майор Элайҷа Мэнор, корманди пулиси Лейкс (Судани Ҷанубӣ), бо ҳамкоронаш ҷинояткори ғайриоддиеро ба паси панҷара бурданд.
Гап сари он аст, ки чанд рӯз қабл дар ин кишвар гов сабабгори марги писараки 12-сола шудааст. Тавре шоҳидон мегӯянд, ҷонвар яку якбора ба писарбача ҳамла карда, ӯро дар ҷояш куштааст. Ҷисми писаракро барои гӯру чӯб ба наздиконаш доданду чӣ гуна сурат гирифтани тақдири гови қотил айни замон маълум нест.