Пул ҷойи меҳрро намегирад: Зан ба тилову хонаи боҳашаммат ниёз дорад, вале бештар аз он ба овози ту, ба нигоҳи ту ва ба ҳузури ту ниёз дорад. Вақте ту танҳо пул мефиристӣ ва моҳҳо садоятро намешунавад, шайтон дар тақдири ӯ лона мегузорад.
Муҳаббат хуб аст, вале назорат ва тарбияи оила фарз аст. Оиларо ба ҳоли худ нагузор. Ҳар рӯз аз ҳоли занат бохабар бош, на танҳо барои он ки шубҳа дорӣ, балки барои он ки ӯ эҳсос кунад, ки соҳиб дорад.
Пул меояд ва меравад, вале тарбияи фарзанд, ки бе падар ба воя мерасад, дигар барнамегардад. Онҳо ба нони гарми ту ниёз доранд, на ба бозичаҳои қиматбаҳое, ки бӯйи падари дурро медиҳанд.
Агар имкони бурдани оилаатро дорӣ, онҳоро бо худ бар. Нонро бо ҳам тақсим кунед, сарморо бо ҳам кашед, вале аз ҳам ҷудо набошед. Дурии дароз қалбҳоро хунук мекунад.
Ман дидам, ки чӣ тавр қасри сохтаи ман дар як сония ба қабристони орзуҳоям табдил ёфт. Ман дидам, ки тилоҳои харидаам дар гардани занам медурахшиданд, вале рӯҳи ӯ дар оғӯши дигаре буд. Он рӯз ман фаҳмидам, ки на хона, балки як девори бебунёд месохтаам.
Бародар, ҳушёр бош. Дар он ҷо ҷонатро эҳтиёт кун ва дар ин ҷо номусатро. Нагузор, ки арақи ҷабини ту барои касоне сарф шавад, ки лоиқи як қатра ашки ту нестанд.
Зиндагӣ пас аз хиёнат хеле сахт аст. Гӯё ту зиндаӣ, вале дар дарунат чизе мурдааст. Ман намехоҳам, ки ягон марди тоҷик, ягон мусофири баномус мисли ман дар кунҷи хобгоҳҳои ғарибиву дар саҳни ҳавлии худ бигиряд.
Илоҳо, ҳеҷ марди мусофирро дар ғурбат хору зор нагардон.
Худоё, дастҳои кафида ва камари хамидаи бародарони моро, ки барои нони ҳалол заҳмат мекашанд, бо баракати худ қувват деҳ.
Парвардигоро, номуси оилаҳои моро аз чашми бад ва васвасаи шайтон дар паноҳат нигоҳ дор.
Бигзор ҳеҷ фарзанде дар интизории падар сағира нагардад ва ҳеҷ падаре аз шунидани хабари нохуш дар мусофират қадхамида нашавад.
Худоё, ба ҳар як хонадони мо вафо, меҳр ва баракат ато кун, то ки ҳеҷ кас маҷбур нашавад барои як бурида нон номуси худро дар хатар гузорад.
Омин!
Хиёнат - ин марги эътимод аст: Одам метавонад аз фақр, аз гуруснагӣ ва аз беморӣ зинда монад, вале вақте касе, ки барояш ҷон медодӣ, пуштатро ба ханҷар мезанад, рӯҳат мемирад. Вале марди ҳақиқӣ он аст, ки аз ин марг дубора зинда шавад.
Хиёнаткор ҳамеша бозигар аст: Касе, ки хиёнат мекунад, фикр мекунад, ки бурд кард, вале дар асл ӯ гавҳари ноёберо бо сангрезаи кӯча иваз намуд. Ӯ худро аз муҳаббати пок маҳрум сохт ва ин бузургтарин ҷазост.
Посухи хиёнат хушбахтӣ аст: Беҳтарин қасос аз касе, ки туро шикаст, ин аст, ки боз ҳам хушбахттар, бошарафтар ва қавитар шавӣ. Бигзор ӯ аз дур бубинад, ки ту бе ӯ намурдӣ, балки шукуфтӣ.
Хиёнат поккунанда аст: Баъзан Худованд хиёнатро мефиристад, то атрофи туро аз одамони нопок ва дурӯғгӯ тоза кунад. Ин дарди сахт аст, вале баъд аз он ту танҳо бо касоне мемонӣ, ки воқеан лоиқи ту ҳастанд.
Аҳмад ба хулосае омад, ки хиёнати Саёҳат барои ӯ дарси бузурги зиндагӣ буд. Ӯ фаҳмид, ки муҳаббати ҳақиқӣ на дар суханҳои зебои алвидоъ, балки дар вафодории хомӯшона ва дар нигоҳи кӯдаконест, ки ба ту бо боварӣ менигаранд.
Шаҳлои НАҶМИДДИН