Шунидани шеър ба Мурод сахт таъсир кард. Ашк гулӯгираш намуд. Фиғони сахте бароварду бо ду дасташ торҳои мӯяшро канд. Ӯ дар байни обу оташ монда буд.
Хоҳарони Мурод, ки ӯгай буданд, мехостанд оилаи акаашонро вайрон карда, интиқоми модарашонро гиранд ва молу давлати ҷамъкардаи ӯро соҳибӣ кунанд. Маҳз барои ҳамин бо дугонаашон забон як карда ӯро ба додарашон зани дувум карда никоҳ карданд. Барои он ки Сабрина ва ҷиянҳояшон азоби бештар бинанд, Муродро ҳам ба Русия бо зани наваш гусел карда буданд.
***
- Кушо дарро! Дарро кушо мегӯям, зани ношукр,- Мурод ба дар такякунон завҷаашро фарёд мекард. Ба пояш базӯр рост меистод. Аз нӯшидани шароби зиёд пойҳояш беҳолу бемадор шуда буданд.
Сабрина баробари шунидани овози шавҳараш давида баромаду дарро кушод.
- Ассалому алайкум дадеш. Хуш омадед!
Мурод ба саломи завҷааш алайк нагирифт, ҳатто нимнигоҳе ҳам накард. Келинчак оҳи сарде бароварду дастони шавҳарашро ба гарданаш ҳамел кард. Ӯ аз ҷангу хархаша ва майпарастии шавҳараш хаста шуда бошад ҳам, ин ҳамаро босаброна таҳаммул мекард.
Мурод аз ҳардафъа бештар май нӯшида буд. Қувваи роҳ рафтан надошт.
Сабрина шавҳарашро то хонаи хоб базӯр эталкунон бурд. Мурод, ки бениҳоят шалпар шуда буд, зуд хобаш бурд. Келинчак барои он ки шавҳараш бедор нашавад, оҳиста аз хона баромаду дарро пӯшид ва болои айвон баромада нишаст. Ҳамин замон ду парасту донаҳои калон гирифта ба лонаашон омада нишастанд. Бо навбат ба чӯҷаҳояшон дона медоданд. Лаҳзае нагузашта парида мерафтанду боз бо нӯли пур аз озуқа ба лонаашон бармегаштанд. Ин корашон чор-панҷ маротиба такрор ёфт. Сабрина бо ҳавас ба ин ҷуфти хушбахти парасту нигоҳ мекард. Ӯ худ ба худ меандешид, ки кош дар хонаи онҳо ҳам чунин ҳамдигарфаҳмӣ мебуд. Кош онҳо ҳам мисли парастуҳо хушҳол дар фазои якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекарданд. Сабрина пеш аз ин лонасозии парастуҳоро назора карда буд. Ду парасту бо навбат дар даҳонашон лойу дар пойҳояшон хас ҷамъ карда, дар кунҷи сақфи айвон чун муҳандисони воқеӣ лона сохта буданд.
***
Мурод боз ба муҳоҷират рафт. Ӯ тамоми пулҳои кор мекардаашро ҳамарӯза ба кайфу сафо сарф мекард. Шароб менӯшид, ҳамроҳи зани дувумаш ба тарабхонаҳои маъруфу гаронарзиш мерафт. Тамоман дар фикри зану фарзандаш набуд. Моҳе 700-800 сомонӣ ба завҷааш мефиристод, ки он ҳам ба рӯзгори якмоҳаи онҳо намерасид.
Рӯзҳое буданд, ки Сабрина барои фарзандонаш ба ҷойи хӯрок пиёз сурх карда медод ё аз ҳамсоя ба орият нон мегирифт. Бо вуҷуди чунин муҳтоҷиву тангдастӣ намехост аз Мурод ҷудо шавад. Ба фарзандонаш ҳам кӯшиш мекард падарашонро нағз вонамуд кунад. Намехост, ки байни падару фарзандон низоъ андозад.
Рӯзе Аҳмад аз бемеҳрии падараш ба модараш шикоят кард:
- Модарҷон, падарам моро бад мебинад. Ӯ ҳамон духтарашро дӯст медорад.
- Дигар ин тавр нагӯ писарам, падарат ҳамаамонро дӯст медорад. Ӯ ҳам хоҳари шумост. Падарат ба ҳамаамон баробар меҳр медиҳад. Фаҳмидӣ, писарам.
- Не, падарам моро бад мебинад. Ӯ моро дӯст намедорад,- даст афшонд Аҳмад.
- Ин хел нагӯ писарам. Фарзанд набояд нисбати падараш чунин ноҳурматӣ кунад. Падарат ҳар чӣ гӯяд ҳам, ҳар коре кунад ҳам, барои фарзандонаш мекунад. Падар қиблагоҳу шаҳсутуни хонадон аст. Агар хоҳӣ, ки Худо аз ту розӣ бошад, дуои падаратро гир ва нисбати ӯ ноҳурматӣ накун. Беҳуда нагуфтаанд, ки "падар розӣ, Худо розӣ".
АРДАШЕР