Мурод ба завҷааш нимнигоҳе карду хост як шаппотии дигаре ба рӯйи завҷааш занад, вале суханҳои пурдарди Сабрина каме бошад ҳам, дили яхбастаи ӯро об карда буд.
Сабрина аз фурсат истифода бурда , афзуд:
- Биёед дар ин дунёи дурӯза ба ҳамдигар меҳрубон шуда, ба қадри якдигар расем. Рӯзамон бо ҷанг ҳам мегузарад, бо хушу хурсандӣ ҳам. Пас ҳар як дақиқаи умрро ғанимат шуморида, хушбахтона зиндагӣ кунем. Як бор рӯзҳои аввалини хонадориамонро ба хотир оред. Он вақт чӣ хел рӯзҳои хуб доштем. Фарзандонамон ҳам чун гул шукуфта буданд. Имрӯз чӣ? Бори охир намедонам, ки кай дар лабонашон табассум буд. Як бор ба чашмони маъсуму бегуноҳашон нигаред. Онҳо ташнаи меҳру муҳаббати волидонанд. Мехоҳанд мисли дигарон дар оилаи тинҷу осуда, дар оғӯши пурмеҳри падару модарашон бошанд. Дирӯз Аҳмадҷони хурдсол ҳам ба ман шикоят кард, ки "барои чӣ ҳар рӯз шумову падарам бо ҳам ҷанг мекунед? Ман аз ҷанг метарсам".
Сабрина чашмони аз ашк варамидаашро бо банди рӯймолаш пок карда, оҳи чуқуру дарунсӯзе кашиду суханашро давом дод:
- Медонед Аҳмадҷон чӣ мегӯяд? Ӯ мегӯяд магар падарам ӯгай аст? Чаро ӯ моро бад мебинад? Чаро моро мезанад? Ёру рафиқонаш таъна кардаанд, ки падарат дар Русия зану фарзанд дорад, ӯ онҳоро дӯст медорад. Дили писари калониамон Ардашер ҳам аз дарду алам пур аст. Як рӯз ровие аз радио як шеър қироат кард. Ардашер то тамом кардани ӯ баробараш ашк рехт. Рӯзи дигар шеърро сабт карда навишту азёд кард.
- Ҳозир, як лаҳза,- Сабрина дари ҷевонро кушоду дафтари писари калониаш Ардашерро гирифт ва ба шавҳараш нигариста, гуфт:
- Ба шумо шеъри азёдкардаи Ардашерро хонам? Мехонам! Шояд таъсир кунад:
Аз мулки ғарибӣ даст шӯед, додо,
Гулҳои Умеди худ бибӯед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт сағир,
Маънои сағира чист, гӯед, додо.
Мо зинда, шумо зиндаҷудоед, додо,
Аз аспи ғурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо, чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам, қатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям, нуқлу кабобам нахаред!
Офтоб агар машъала афрузад чӣ?
Маҳтоб ба ман дида агар дӯзад чӣ?
Ман меҳру муҳаббати шуморо хоҳам,
Додо, дилатон ба ман намесӯзад чӣ?
Пойпӯши ягонаам даридаст, додо,
Ҳуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо!
Додо, додо, шумо куҷоед, додо?
Ҳасрат ба дилам, чаро наоед, додо?
Ҳамсоя барои духтараш курта харид,
Аз баҳри Худо, чӣ камнамоед, додо?!
Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Муҳтоҷ ба костюму бурук аст, додо.
Додо, додо, шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисёр надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?!
Шабҳои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шӯри додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиеёд як рӯз,
Ин хоҳари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо, аз кимиё панҷам ҳаст,
Аз фанни забони урусӣ ранҷам ҳаст.
Ҳарчанд либоси варзишӣ нест маро,
Як дафтари хотироти пурганҷам ҳаст.
Додо, дина дуто шоколад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хоҳарам куртка набуд,
Аз хонаи як занак халат овардам!
Аз шодии хоҳарам чунон шод шудем!
Як лаҳза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хоҳарам ба фарёд шудем.
Додо, додо, сари ману пои шумо,
Як бор биёед, холӣ аст ҷои шумо.
Як шаҳраки хурду мо ҷудоем зи ҳам,
Додо, додо, войи ману войи шумо!
Додо, додо, зани ҷавон бигрифтед,
Зан қаҳт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши шумо чӣ мондаст, дигар,
Ин лаҳза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо, зи роҳатон баргардед!
Аз пеши зани худхоҳатон баргардед.
То умр бувад, интизорем додо,
Бар манзилу бар даргаҳатон баргардед.
Дар хонаи мо сурати додом ҳастаст,
Дар ҷойи баланду як ваҷаб чанг бастаст.
Ҳар гаҳ, ки бубинем, очаам мегӯяд,
Аз чанги зани худхоҳи додот растаст.
Ҳар лаҳза, ки ман нафас барорам, додо,
Аз кунҷи дилам ҳавас барорам, додо.
Ҳар чӣ кунам, намебиёед охир,
Орзую умед бас барорам, додо.
Додо, додо, алам кашидам, додо,
Аз ашки зиёд нам кашидам, додо.
Нодида ҷавонӣ пир шудам, мефаҳмед,
Аз зиндаҷудоӣ ғам кашидам, додо.
Ӯ ҳар рӯз ба ровии радио занг зада, хоҳиш мекунад, ки ҳамин шеърро бо овози марғуладораш бештар хонад. Шояд падараш ва ё дигар падарони аз зану фарзанд дургашта пушаймон шуда, назди фарзандонашон оянду онҳоро бонӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, ки модарҷон, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо як шеъраш шоҳро ба Бухоро овард, шояд падари ман ҳам бо шунидани ин шеъри шоир наздамон оянд!? Гӯё шоир рози дили моро гуфта бошад. Шукр, ки чунин олимону шоирону нависандагон дорем.
Сабрина дафтари Ардашерро боз ба ҷевон гузошт. Аз нав назди Мурод омаду дар рӯ ба рӯяш нишаст ва суханашро идома дод:
- Мурод, ба фарзандонамон нигаред, рӯз аз рӯз руҳану ҷисман мешикананд. Онҳо парвариш мехоҳанд, на сарзаниш.
Сабрина рӯймоли сарашро дуруст карда, аз ҷой хесту аз хона бадар рафт.
Насиҳатҳои завҷааш ба Мурод заррае таъсир намекард. Ӯ кору рафтори худро дуруст мешуморид, вале аз шунидани ин шеър дарун-дарун сӯхту якбора...
АРДАШЕР