- Гуноҳи ман чист? Чӣ хато кардам? Чӣ айбе аз ман гузашт? Чаро ин қадар маро бад мебинед? Чаро ҳар рӯз зери дашному ҳақорат ва мушту лагадҳои шумо мемонам? Чаро...? Чаро...?
Сабрина ин суолҳоро бо ду дидаи ашкбор ба шавҳараш медод. Ӯ аз зиндагии пурмоҷаро ва ҷангу хархашаҳои шавҳараш сахт хаста шуда буд. Дигар таҳаммули чунин зиндагии пураламро надошт, вале барои бо шавҳараш ҷудо шудан ҳам розӣ набуд. Намехост, ки кӯдаконаш зиндаятим ба воя расанд. Ӯ ояндаи фарзандонашро фикр мекард ва бо умеди "ин рӯзҳо ҳам мегузарад", зарбаҳои пайдарпайи зиндагиро таҳаммул мекард.
Сабрина боре бо шавҳараш гапгардонӣ накарда бошад ҳам, ин бор маддаи дилашро кафонд:
- Ман ҳам зан, ман ҳам меҳру муҳаббат ва навозиши шавҳарамро мехоҳам. Як бор ба оилаи акаатон нигаред, чихел зиндагии хубу осуда доранд. Мо аз онҳо чӣ ками дорем!? Баръакс, ду шоҳписару як гулдухтар дорем, ки мисолашон дар ҷаҳон нест. Мурод, бо ин кору рафторатон маро ҳам, фарзандонатонро ҳам рӯҳану ҷисман мекушед.
Келинчак оҳи сарде кашиду бо овози ларзон афзуд:
- Сенздаҳ сол мешавад, ки дар ин хонадон келинам. Бо ҷону дил хизмати хусуру хушдоман ва хоҳару бародару додаратонро мекунам. Албатта, аз ин гиламанд ҳам нестам. Шикоят ҳам намекунам, вале намедонам куҷои ман ба шумо писанд нест. Чӣ ин қадар боиси нороҳатии шумо мешавад? Чӣ ҷурме кардам, ки ин қадар аз ман дилсардед? Ба ин ҳама ҷавобе доред, ки қонеъ шавам? Агар айбе дорам, гап занед, Мурод, ман барои ислоҳ шудан омодаам. Барои шумо худро куллан тағйир медиҳам. Барои мустаҳкамии оилаамон ҳар коре, ки аз дастам ояд, мекунам.
Мурод калиди мошинашро шараққосзанон бозӣ медоронд. Гӯё суханҳои завҷаашро нашунида бошад, бепарвоёна болои кат менишаст. Ин сукут нишонаи ҳақ будани Сабрина буд. Келинчак аз хомӯшии шавҳараш дарғазаб шуда, гуфт:
- Эҳ Мурод... Мурод... Шумо ба кӯчаи сарбастае даромадаед. Шуморо хоҳарон ва завҷаи дувуматон мағзшӯйь кардаанд. Онҳо ману шуморо ба ҳам зид кардаанд. Худатон қазоват кунед, ман аз он зани аламонатон чӣ камӣ дорам? Ҳама лутфу меҳрубонӣ насиби ӯву ҳама дашному ҳақорат насиби ман. Бар замми ин, кӯдаконатонро зиндаятим карда, аз ман ҷудо шудан мехоҳед.
Зани аламонатон гуфтани Сабрина Муродро якбора ба хашм овард. Вай сӯйи завҷааш теғ кашида нигаристу ба рӯяш шаппотии обдоре зад:
- Зани аламони мегуфтаат назди ман аз ту боқадртар аст, ман ӯро дӯст медорам. Бо ҷону дил. Бо тамоми вуҷудам. Бо тамоми ҳастӣ. Ба ту бошад, заррае муҳаббат надорам. Аз дидорат безорам!
Мурод болои кат нишасту худро ба телефонаш андармон кард ва дубора ба завҷааш нигариста, гуфт:
- Агар модарам маро барои гирифтани ту маҷбур намекард, ҳаргиз бо ту оиладор намешудам! Ҳаргиз! Модарам "риштаи хешутаборӣ бо хоҳарам мустаҳкам шавад” гуфта, туро келин кард. Қудо шуду бо хоҳараш ҷудо шуд! Аз дасти кӣ? Аз дасти ту! Кош модарам туро келин намекард. Кош хешро намегирифтам. Кош ба ин тӯй розигӣ намедодам...
Мурод худ намедонист, ки чаро ин қадар завҷаашро бад мебинад. Чаро бо ӯ муносибати хуб надорад. Баъзан аз корҳои ноадолатонаву номардонаи худ шарм медошт. Ангушти ҳасрату надомат мегазид. Тавба мекард, вале зани дувуму хоҳаронаш мудом Сабринаро бад карда, дар назари Мурод мисли шайтон вонамуд мекарданд.
Сабрина ин бор ҳам "даҳони баста сад тило" ва "сари хамро шамшер намебурад" гӯён, хомӯш монд. Ҳарчанд шавҳараш ноҳақ бошад ҳам, ҷавобе надод, баръакс чун одат роҳи мусолиҳа ҷуста, илтиҷоомез гуфт:
- Мурод, аз ҳамааш хаста шудам. Биёед кинаву кудуратро аз дил дур кунем. Ҳамаашро фаромӯш карда, аз нав оилаи хушбахт бунёд кунем. Оилае, ки сутунаш бо меҳр ва сақфаш бо муҳаббат бунёд ёфтааст. Мурод ба завҷааш нимнигоҳе карду хост як шаппотии дигаре ба рӯйи завҷааш занад, вале...
АРДАШЕР