Arzon march 2024
Гирдоби сарнавишт (ҚИСМИ 1)
1746

Вақте ки Зулхумор аз хоб бедор шуд, худро дар як мавзеи ношиносу ноошно дида, якбора бо тамоми қувваташ дод зад.

- Ман дар куҷо ҳастам?,- ў ба тарафи зани дар пахлуяш хоб буда нигоҳ карда, бо тарс пурсид.

- Натарс, хоҳарам, маро ҳам мисли ту ба ин ҷо оварда партофтаанд. Аз хоби шаб бедор шуда, худро ин ҷо дарёфтам.

- Шояд хоб дида истода бошам,- дасти худро пучида, андеша кард Зулхумор.

- Ман ҳам мисли худат дар аввал фикр кардам, ки дар хоб мондаам. Аммо, афсўс, ки на дар хобаму на дигар. Дар меҳмонхона будем бо шавҳарам. Вақте ки бедор шудам, худро ин ҷо дидам. Аммо шавҳарам ин ҷо нест.

- Тавба, ман ҳам бо шавҳарам барои истироҳат ба Туркиё омада будам.

Дар ин мавзеи ба ҷазира шабоҳат дошта қатори онҳо зиёда аз 40 нафар занону пиронсолони дигар низ ҳузур доштанд. Зулхумор ҳеҷ сарфаҳм намерафт, ки онҳо дар куҷоянд. Охир, шаб дар меҳмонхона шавҳараш дар паҳлуяш хоб буд ку.

- Носир куҷо шуд? Маро кӣ ба ин ҷазираи бадвоҳима оварда бошад?

Ҳар як нафаре, ки худро ба таври ғайриоддӣ ин ҷо медид, дар тааҷҷуб мемонд, ки чӣ тавр, бо кадом усул ба ин ҷо афтодааст.

Зани ҳампаҳлуяш ба ӯ ролтони хушкро дароз карда, гуфт:

- Гир, дугона, боз аз гушнагӣ намурӣ.

- Ту ҳеч нафаҳмидӣ, ки мо ба ин ҷо чӣ тавр афтодаем?

- Нафаҳмидам, аммо кам-кам шубҳа аз шавҳарам дорам.

- Яъне чӣ хел?

- Шавҳарам пеш аз сафари истироҳатӣ ба Туркиё гуфта буд, ки маро беҳтарин рӯзҳо интизоранд. Шояд ҳамин бадбахтиро ӯ дар назар дошт. Вагарна, чаро чунин гап гуфт?

- Ту гумон дорӣ, ки моро шавҳаронамон худашон ба таври пинҳонӣ оварда партофтаанд?

- Албатта, чӣ, ту чунин фикр надорӣ?

- Наход Носир ба ин кор қодир бошад?

- Шавҳари ман ҳам, гумон доштам, ки беҳтарин инсон аст ва маро самимӣ дӯст медорад. Аммо, афсӯс, ки аз ниҳодаш хеле дер бохабар шудам. Одамизодро фаҳмидан хеле мушкил будааст, бахусус мардҳоро. Бо ҳамсари ҳаётиат дар як болин 25 сол сар мемониву аз дили ӯ бехабар мемондаӣ.

- Шояд ин ақидаи ту рост бошад. Аммо ман бовар надорам, ки Носири ман ба чунин кори паст қодир бошад.

- Пас, туро кӣ ба ин ҷойи бекас оварда партофт?

- Аҷабо, ин ҷо ғайри занону пиронсолони танҳо касеро дидан мумкин нест.

- Дидӣ, акнун, худат ба як хулоса биёву зиндагии оилавиатро пеши назарат оварда, таҳлил кун, ки чӣ камбудӣ доштӣ ҳамчун зан. Кадом гуноҳат буд, ки шавҳарат бо ту чунин рафтор кард. Чанд фарзанд дорӣ?

- Ман умуман соли 18-ум аст, ки бефарзандам. Ту чӣ?

- Ман шукри худо, соҳиби ду писарча ҳастам.

- Ман ку бефарзандам, туро чаро шавҳарат оварда партофта бошад?

- Вақтҳои охир ба ман бисёр мегуфт, ки зани дувум мегирад. Ман бошам, мегуфтам, ки хонаву дачаро ба номи ман мегузаронӣ, ана баъд зани дувум мегирӣ. Сахт метарсид, ки боигариашро ба дасти худ мегирам.

- Акнун аз ин ҷо чӣ хел баромада, роҳро меёбем?

- Намедонам, дар ин масъала чанд бор маслиҳат карда, гурехтанӣ шудем. Аммо чор тараф дарё асту ягон роҳи мошингард дида намешавад.

- Хӯрокаро аз куҷо дастрас мекунед?

- Дар ин ҷо барои намурдани мо қуттиҳои пур-пури ролтонро гузоштаанд. Об бошад, аз чашма ҷорӣ мешавад. Ҳаминро хӯрда меистем.

- Ягон роҳашро ёфта, аз ин доми бало баромадан даркор аст.

- Чӣ тавр?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД