Гирдоб (ҚИСМИ 9)
996

Сабр ӯро дуои нек доду Ҳасан ба хонаи падар баргашт. Сабр оҳи сард кашид. Ким-чихел дилаш ноором буд. Умедвор буд, ки ақли писараш меояду гашта хонаи модарро ихтиёр мекунад. Аммо Хуршед ба писараш кори ширкаташро супориду ӯ вақти сархорӣ намеёфт.

Ҳусейн ба хориҷа хонданӣ рафт. Мумтозро падару модараш ба шавҳар доданд. Сабр интизори Ҳасан буд, эҳсос кард, ки собиқ ҳамсараш ӯро ба писаронаш туҳмат задаву дилашонро сард кардааст. Фақат ба Худо супорид собиқ шавҳарашро. Дар намозҳояш дуо мекард, ки Худованд писаронашро ҳидоят кунад. Аз ғаму пазмонӣ ғамбода шуд Сабр.

Рӯзи 12-уми май зодрӯзи писараш буд. Телефон кард, Ҳасан ҷавоб надод. Ноилоҷ ҳалвои сурхак пухта, барои дидорбинии писар раҳсипор гашт. Медонист, ки писараш ҳалвои сурхакро дӯст медорад.

Дар дами дарвозаи боҳашаммати Хуршед муҳофизонаш меистоданд.

- Илтимос, як дақиқа писарамро фарёд кунед.

- Холаҷон, мумкин нест.

- Охир, ман модараш ҳастам.

Ҳамин вақт Хуршед омаду ӯро ҳақораткунон таҳдид кард, ки равад. Сабр тугунчаи ҳалвои овардаашро ба ӯ дароз карда, зорӣ кард, ки инро ба Ҳасан бидеҳ.

- Ин чӣ, бачама мулогарӣ карданиӣ?

- Ҳаргиз. Зодрӯз дорад. Хабаргирӣ омадам.

Хуршед тугунчаро гирифту ба партов партофт. Сабр ин ҳолатро дида, якбора аламаш омад. Зор-зор гириста, тугунчаи ҳалворо аз сатили партов гирифту ба сӯйи истгоҳ рафт.

- Эҳ дунёи пул, ҳама пул.

Сабр дар истгоҳ каме нишасту сипас пиёда-пиёда ба роҳ баромад. Мехост пиёда гардад, то каме асабаш ором шавад. Ногуфтаҳои зиёде дошт.

Ҳамин вақт миёни роҳ ду мошин ногаҳонӣ бо ҳам сар ба сар заданду якеаш парида ба сӯйи Сабри парешон рафт. Сабр оғӯштаи хун ба замин афтод. Тугунчаи ҳалво дар бағалаш. То ба беморхона расидан охирин ҳарфаш Ҳасан ва Ҳусейн буд.

Ҳасан вақте пушаймон омад, ҷисми сардгаштаи модар дар морг мехобид. Кормандони морг либосҳои Сабрро ба писар доданд. Либоси модар олудаи ҳалвои сурхак буд.

Якбора аз дили Ҳасан гузашт, ки охир, ман ҳалворо бисёр дӯст медорам. Оҳ. Модар...

Баъди марги модар Ҳасан ҳеҷ ба худ намеомад. Ба сари қабри модар рафта, нола мекард. Аммо нолаи бесуд. Вале дигар пушаймонӣ суде надошт...

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Гирдоб (ҚИСМИ 9)
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси