Ҳасан ба падар гуфт, ки “охир, ӯ модарам аст. Муддати ин солҳо боре дар ҳақи шумо сухани баде нагуфтааст. Ман чӣ хел ӯро партоям?”.
- Напарто. Вале бо ман зиндагӣ мекунӣ. Ҳама шароитро бароят муҳайё месозам. Аммо боз ҳам мегӯям, ки дар ин хона бо Ҳусейн меистӣ.
Ҳасан гуфт:
- Ман хона меравам. Баъд меоям.
Ба хона омаду кулбаи фақиронаашон ба назараш хеле бад менамуд. Пеши чашмонаш ҳавлии калону барҳавои падар падидор омад. Дастархони пурнозу неъмати ӯ пеши чашмонаш намудор шуду аз дастархон дур нишаст. Шӯрбои бегӯшти модар пухтагӣ ба назараш наменамуд.
- Очаҷон, ман серам.
- Бачам, шаб наомадӣ, то субҳ хобам набурд, ҳарчанд гуфтӣ, ки дар хонаи падарат ҳастӣ.
- Очаҷон, хавотир нашавед. Ман мехоҳам, ки мисли падар ҳавлии калон гирам ва шумо дар он роҳат кунед.
- Не бачам, ин хел орзуҳоятро мон. Поятро ба пойи падар намон. Барои ман ҳамин кулбача бас аст. Ягон духтари солеҳа ёб, келин карда меорам. Нимта нон - роҳати ҷон.
- Не, очаҷон, нимта нон роҳати ҷон нест. Ман розӣ нестам. Зиндагӣ як бор аст. Тавре бояд зист, ки аз чизе камие надошта бошӣ.
Сабр ба рӯйи писараш бо диққат нигарист. Ба дил гуфт: аҷабо дар як рӯз фарзанди ман дигар одам шудааст.
Ҳасан субҳи солеҳон аз хоб бархосту ба падараш занг зад ва гуфт, ки либосҳояшро гирифта меояд. Хуршед гуфт, ки либосҳои кӯҳнаатро наёр. Ман барои ту либоси нав мехарам.
Сабр дид, ки писараш дар тараддуди рафтан аст. Гуфт, ки бачам, ширбиринҷ пухтам. Куҷо меравӣ дар ин субҳи барвақт?
- Очаҷон, ман як ҷо кор ёфтам, рафта бинам.
- Майлаш бачам, тез биё, ки ман хавотир мешавам.
Ҳасан бо модар хайрухуш карду омад ба хонаи падар. Падар барояш тамоми шароитро муҳайё кард. Мувофиқи ваъдааш мошини хориҷӣ харида дод. Байни ду моҳ ҳуҷҷати ронандагиро ба воситаи шиносҳояш харида дод.
Ҳасан сармасти пули падар ҳамагӣ ду бор ба дидорбинии модар рафту хариди зиёде карда баргаштанӣ шуд. Модар дар ин ду моҳ хазон гашта, ранги рӯяш заб-зард шуда, бемадор менамуд.
- Модар, ана пул. Калон-калон хӯреду худро табобат кунед.
- Бачам, ту аз куҷо медонӣ, ки дар дили модар чиҳо мегузарад?
- Очаҷон, ман бояд кор кунам.
- Мефаҳмам. Аммо модар ғанимат аст. Ман шабҳо аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, фикр мекунам, ки наход муҳаббати модарро пул иваз кунад?
- Оча, боз сар кардед насиҳатро.
- Ҳо бачам, ту ҳаёти манӣ. Дигар ба кӣ гӯям? Туро газида-газида калон кардам.
- Оча, ҳозир боз сар мекунед, ки ҷавонитона ман гирифтам.
- Эҳ бачаҷон, ҳоло ҷавонӣ, ин гапҳо ба гӯшат намедарояд. Вақте пушаймон мешавӣ, ки ман дар дунё нестам.
- Майлаш, оча. Чизе, ки даркор шуд, ана бо ин телефони мобилии харидагиам занг занед.
- Майлаш бачам.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН