Ҳусейн карахт шуду зери лаб “не, не” гуфту аз чойхона баромада рафт. Мумтоз ҳам аз ин суханони Сабр дар ҳайрат афтода, аз гуфтор монд.
- Холаҷон, наход ин гапҳо рост бошад?
- Бале.
- Ба Ҳусейн падару модар гуфтаанд, ки онҳо дугоник - Ҳусейну Фотима будаанд ва Фотима дар вақти таваллуд мурдааст.
- Не, ин гап дурӯғ аст. Падари Ҳусейн - Хуршед собиқ шавҳари ман аст. Ҳасан ва Ҳусейн писарони мананд. Илтимос, ба Ҳасан фаҳмон, то писарам тарки ватан карда, аз ишқи ту рӯ ба ғарибӣ наорад.
- Ман мефаҳмонам, холаҷон. Зиқ нашавед. Чӣ хушбахтӣ, ки писари худро ёфтед.
- Аммо падарашон шояд зидди вохӯрдани мо гардад.
Сабр то дергоҳ бо Мумтоз суҳбат кард. Ҳусейн ҳеҷ бовар надошт, ки гапи ин зан рост бошад. Ба хона омада, тамоми шунидаашро ба падару модар нақл кард. Хуршед вақте фаҳмид, ки собиқ ҳамсараш зинда асту писари дуюмаш Ҳасан вуҷуд дорад, лаҳзае хомӯш монд.
- Ту акаатро дидӣ?
- Не, модарашро. Падар, ака гуфтӣ? Аз ин бармеояд, ки гапи ӯ рост асту Ҳасан бародари дугоники ман мебошад.
- Оре, рост аст. Аммо модари биологиат дар вақташ бо мардҳои бегона шинухез карду ман ӯро куштанӣ шудам. Ӯ тарсида Ҳасанро гирифта гурехта рафт. Модарат зани сабукпо буд. Барои ҳамин ман ҷавобашро додам.
Хуршед ин дам ба писараш дар ҳақи Сабр туҳмати зиёд кард. Ҳусейн ба гапи падараш бовар карда, ваъда дод, ки дигар ҳаргиз бо ин зан ҳамсуҳбат нахоҳад шуд.
- Аммо, падар, акаам чӣ?
- Ӯро қонунӣ мегирем. Аммо аввал дилаша ёфтан даркор.
- Рақами телефони модари биологиатро деҳ.
Хуршед ба рақами Сабр занг зад. Сабр садои ҳайбатноки Хуршедро даррав шинохту вуҷудашр ларза фаро гирифт.
- Лаббай, шинохтам.
- Ҳасан канӣ?
- Чӣ кор дорӣ?
- Бисёр гап назан! Ман як бор бояд ӯро бинам. Падар ҳастам.
- Ман иҷозат медиҳам, ки ту Ҳасанро бинӣ, аммо ту иҷозат деҳ, ки ман бо писарам Ҳусейн тез-тез вохӯрам.
- Хуб.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН