Хуршед баъди аз Афғонистон омадан аз пайи тиҷорат шуду корҳояш барор карданд. Соҳиби якчанд мағоза шуд. Ду зани никоҳӣ дошт. Аз зани якумаш 4 духтар дошту аз зани дуюмаш ду духтар.
Ҳусейн барояш ягона писар буд. Ба ин хотир, сахт эрка карда, намегузошт ба пояш хоре халад. Дар бораи модари асосии ӯ ҳанӯз сухане нагуфта буд. Ҳусейн зани якуми ӯро модар мегуфт. Занҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтаашро ӯ кайҳо сар дода буд. Ба зиёрати Маккаву Мадина рафта, ҳоҷӣ шуд. Акнун ҳама ӯро Ҳоҷӣ Хуршед ном мебурданд. Аммо ҳанӯз ҳам бадҷаҳлу бадзабон буд.
Вақте писараш ба ӯ дар бораи Мумтоз гап зад, ӯ ҳақорат карда, гуфт:
- Не, ман худам ба ту духтари дигарро аз оилаи бадавлати ба мо баробар келин мекунам.
- Охир, ин духтар ҳам аз авлоди паст нест.
- Не гуфтам, не!
Вале Ҳусейн Мумтозро дӯст медошт ва то ба охир мубориза бурданӣ буд барои муҳаббаташ.
***
Ҳасан аз ишқи номурод ғамгин, тамоман гап намезад. Модар бисёр хавотир шуда, насиҳаташ кард, ки аз баҳри ишқи яктарафа гузарад. Вале Ҳасан гуфт:
- Модар, агар ӯ насибам нашавад, ба муҳоҷират меравам, то дар дуриҳо ишқи ӯро аз дил берун созам.
Сабр аз ҳолати рӯҳии писараш сахт тарсид. Охир, писараш ошиқи ҳақиқӣ буд. Сабр мехост писари дигари гумкардаашро ба оғӯш кашида, гӯяд, ки “писарам, Ҳасан бародарат аст”. Аммо тарс аз шавҳари собиқаш ӯро аз ин роҳ бозмедошт. Ҳоло ҳам метарсид аз Хуршед. Ҷуръат накард ба хонаи ӯ рафта, даъвои писарашро кунад. Боз занг зад ба Ҳесейн.
Ҳусейн ин навбат гуфт:
- Холаҷон, шумо чӣ мушкилот доред? Шояд пул даркор аст? Ман медиҳам.
- Не, бачаҷон. Пул даркор нест. Мумкин аст, ки аз наздик як бор бубинамат?
- Майлаш, холаҷон. Мумтоз мегӯяд, ки ба писари шумо сахт монанд ҳастам.
Ин лаҳза Сабрро гиря гулӯгир карду хост гӯяд, ки ин писар бародари экизакат Ҳасан аст. Аммо ҷуръат накард.
Ҳусейн ӯро ба чойхона даъват кард. Ҳусейн бо Мумтоз омада буд. Сабр ҳамаи қувваташро ҷамъ карда, ба ӯ иқрор шуд, ки модари аслиаш аст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН