Сабрро тоқаташ тоқ шуда, ба ҷойи кори Мумтоз омад. Мумтоз ба ӯ ҳақиқати талхро нақл кард. Сабр дар ҷояш карахт шуда монд. Забонаш лол гашт. Акси Ҳусейнро дида, ба худ гуфт, ки “ӯ ҳам писари ман аст”. Талх гирист.
Мумтоз ба ӯ як пиёла об доду гуфт:
- Холаҷон, зиқ нашавед. Ба писаратон ягон духтари хубтар пайдо хоҳад шуд.
- Духтарам гап сари ин нест. Ман дугоник писар доштам. Аммо...
Ҳамин вақт дари утоқи кории Мумтоз якбора кушода шуду Ҳусейн бо як қуттӣ шоколад ворид шуд. Сабр Ҳусейнро диду аз ҷаяҷони зиёд мувозинаташро гум карда, ба замин афтод.
- Холаҷон, чӣ шуд ба шумо?
Мумтоз болои сари Сабр истода, ба рӯйи ӯ об мепошид.
Ҳусейн аз Мумтоз пурсид:
- Ин холашка кист?
- Ин кас модари ҳамон ҷавоне, ки маро дӯст медорад.
Ҳусейн гуфт:
- Холаҷон, зиқ нашавед, ба писаратон духтари аз ин беҳтарро меёбем.
Сабр чашмонашро кушоду обро нӯшида, гирён гуфт:
- Не, ман барои ин не, барои дигар чиз ҳушам парешон шуду беҳуш шудам. Ин тақдир аст. Шояд Мумтоз дар тақдири писарам набудааст. Ту, бачам, аз куҷо мешавӣ?
- Ман аз Душанбе.
- Падару модарат чӣ кор мекунанд?
- Падарам тоҷир, модарам хонашин.
- Фаҳмо, ба писари ман сахт монандӣ дорӣ.
- Номи падарат кӣ?
- Номи падарам Хуршед.
- Воҳ...
Сабрро якбора лабонаш ларзиданд.
- Холаҷон, мо шуморо ба беморхона мебарем.
Ба нею нестони Сабр нигоҳ накарда, ӯро Ҳусейну Мумтоз ба беморхона бурданд.
Мумтоз ба Ҳасан занг зад. Ӯ ба беморхона омад. Ҳусейн онҳоро ба беморхона бурду ҳамин вақт падараш занг зад. Барои ҳамин бо Мумтоз хайрухуш карду ба хона баргашт.
Ҳасану Мумтоз то дергоҳ дар беморхона суҳбат карда, нишастанд. Духтури навбатдор гуфт, ки фишори хуни Сабр баланд шудааст.
Ҳасан аз Сабр пурсид:
- Чӣ гап шуд?
- Ҳеҷ, модаратон якбора ба назди ман омаданду Ҳусейн омад.
- Ин ошиқат модари маро ягон гапи дағал гуфт?
- Не, баръакс, модаратро сари вақт ба беморхона овард.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН