Гирдоб (ҚИСМИ 2)
764

Ҳасан ҷавони боодоб ва бофаросат буд. Шабҳо Сабр тифли зиндаҷудояшро ба хотир оварда, зор-зор мегирист.

Рӯзе Ҳасанро дар маркази шаҳри Душанбе як духтари ниҳоят оростаи зебое пеши роҳашро гирифта, гуфт:

- Ҳусейн, чаро маро нодида гузашта истодаӣ? Магар ошиқӣ барои 1 сол буд?

Аммо Ҳасан ба ӯ аҳамият надода гузашта рафтанӣ шуд. Вале духтар пешдастӣ карда, гирён гуфт:

- Ҳусаейн, агар равӣ, худро мекушам.

- Охир, бонуи ношинос, ман он одами гуфтагии шумо нестам. Ман дигар одам.

Ҳасан аз ин суханони духтари гирён ҳайрон шуда, боз пурсид:

- Духтари зебо, шумо маро бо касе монанд карда истодаед?

- Не, Ҳусейн, ман ҳаргиз хато намекунам.

Ҳасан бо диққат ба чеҳраи зебои духтарак дида дӯхту бо як нигоҳ ошиқ шуд. Духтар худро Мумтоз муаррифӣ кард. Ҳасан ба ӯ таъкид кард, ки ӯ дигар одам аст, вале бо як дидан ошиқи зор гаштааст. Он рӯз онҳо то дергоҳ суҳбат карданд. Духтар ба ӯ акси бо Ҳусейн якҷоя гирифтаашонро нишон дода, бо шӯхӣ гуфт, ки мабодо ранги филми ҳиндӣ шуморо иваз накарда бошанд? Бовар накунӣ, ана бин.

Ҳасан ба акс нигаристу симои худро дид. Дар ҳайрат афтод: “Наход дар дунё двойники ман бошад?”.

- Номаш дар ҳақиқат Ҳусейн?

- Бале, шумо мисли себи дукафон. Ҳусейн бисёр пулпараст аст. Вақте шинос шудем дар тӯйи дугонаам, нақл кард, ки падараш тоҷири пулдор аст.

- Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекардаанд?

- Дар маркази шаҳр.

- Магар ягон телефон рақамаш нест?

- Буд. Хомӯш карда шудааст. Ба фикрам Ҳусейн зангир буд. Аммо на маро...

Ва боз Мумтоз гирён шуд.

- Гиря накун, агар ӯ бевафоӣ кард, ман ҳастам. Худованд маро ба ту расонид.

Ҳамин тавр, Мумтозу Ҳасан шинос шуданд. Байнашон ишқу муҳаббати ҳақиқӣ оғоз гардид. Ҳатто модари Ҳасан ба хонаи онҳо хостгорӣ рафт.

Рӯзи фотиҳаро муайян карданд. Аммо якбора Мумтоз аз ишҳи ӯ даст кашида, гуфт, ки Ҳусейн гашта ба наздаш омадааст ва онхо якдигарро дӯст медоранд. Ҳасан бисёр ғамгин шуду бистарӣ гардид.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД