Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд имрӯз дар синни 56 - солагӣ аз дунё даргузашт
Бино ба гуфти як корманди Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят генерал Юсуфиро рӯзҳои охир аз бемории фишорбаландӣ азоб медод.
“Беш аз даҳ рӯз ба ин тараф аз бемории фишорбаландӣ дар Беморхонаи шаҳрии № 1 - и Хуҷанд табобат мегирифтанд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Имрӯз соати 11 дар шаҳраки Бӯстони Масчоҳ маросими ҷанозаашон баргузор шуд. Ба ҳисоби пайвандон, ҳамкорон, аз ҷумла, генерал Навҷувонов, сардори РВКД низ иштирок карданд. Худо раҳматашон кунад, роҳбари хубе буданд”, - зикр намуд ӯ дар суҳбат бо бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник”.
Фитрати Ҳикмат яке аз пайвандони наздик ба хонаводаи ӯ гуфт, ки Ҳафиз Юсуфӣ яке аз инсонҳои хайрхоҳ буд, ки дасти кӯмакаш барои эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз буд. “Он кас барои бисёриҳо дасти кӯмак дароз мекарданд. Ҳамроҳ бо бародаронашон дар рушду ободии ноҳияи Мастчоҳ саҳми босазо гузоштаанд”, - гуфт Фитрат.
Ҳафиз Юсуфӣ соли 1964 дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ давоми 33 сол дар сохторҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Аз ҷумла, наздик ба 15 сол сардори шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳоноти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд буд. Аз моҳи июни соли 2020 сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд таъин шуда буд. Дорои рутбаи генералӣ буда, 56 сол дошт.