Давомаш...
Ӯ бо худ хеле доруи хоб гирифта, онро хуб кӯфта майда кард. Онро дар коғазҳои алоҳида қисм – қисм ҷудо карда, ба сумкачааш гузошта, ба руйи диван дароз кашид ва интизори занги Мансур шуд.
Боре як дугонааш нақл карда буд, ки агар меъёри бештари доруи хобро ба арақ ҳамроҳ кунӣ, шҳси истеъмолкарда ба хоби абадӣ меравад ва дигар ҳаргиз бедор намешавад.
Интизории ӯ тӯл накашид. Соат ҳанӯз панҷ нашуда, Мансур занг зад ва бо мошин омада, Мавҷигулро аз назди хонааш гирифт. Ҳарду аввал ба яке аз тарабхонаҳои шаҳр даромада, мҳсус ҷоеро барои худ интихоб карданд. Беҳтарин таомро фармоиш доданд. Мансур Мавҷигулро ситоиш мекарду ӯ чун пештара бо нозу ишва ширинсуханӣ карда, лаб ба лаби Мансур мемонду чунон нишон медод, ки воқеан ӯро сҳт ёд кардааст.
Аз лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, якбора 5 доруи хобро, ки алакай кӯфта тайёр карда буд, ба қадаҳи Мансур рехта, зуд омехта кард. Мансур баъди бозгашт, шаробро ба як нафас дам кашиду, хӯрокро якҷоя хӯрданд ва ҳарду аз тарабхона баромаданд. Мансур ба сари чанбарак нишасту ҳарду ба сӯи хона раҳсипор шуданд.
Дар сари чамбарак Мансурро ҳар замон ғафлат мебурд. Ӯ бо душворӣ мошин ронда мегуфт:
– Ба фикрам шаробҳои Тоҷикистон дар таркибашон доруи хоб доранд. Каме сар гаранг, ки шуд, алакай хоб меояд. Ин бори аввал нест ва ман инро чандин маротиба аст, ки озмоиш мекунам.
Мавҷигул гуфт:
– Ман ки шароб наменӯшам аз куҷо донам. Хубтараш мошинро ба ягон ҷо мону биё бо таксӣ равем, то сари чамбарак хобат набарад, ки ба садама гирифтор шавем.
–Не, бепарво бош. Магар марди ҳақиқиро дар паҳлӯи чунин бону хоб мебарад,– гӯён Мансур қаҳ–қаҳ хандид.
Онҳо ба хона даромаданду Мавҷигул ба мондани чой машғул шуда шӯхикунон бо нозу ишваи дилфиребе гуфт:
–Бароят як чои талх омода мекунам, то дар оғӯши ман хобат набарад, ки ин шабамон беҳуда гузарад.
Мансур ӯро ба оғӯш кашида, аз лабонаш бӯсае ситонида гуфт:
– Ман розиям. Як чои кабути талх менӯшем ва баъд имшаб дар хизмати туям. Ваъда медиҳам, ки то саҳар хоб намекунам.
Мавҷигул чойро дам карду аз яхдон шарбатеро берун оварда, ба пиёла рехт ва ба он ҳам доруи хоб ҳамроҳ кард. Дар ду пиёла чой рехта ба пиёлаи Мансур боз дору ҳамроҳ кард ва ӯро ташвиш надода, ба болои лаълӣ гузошту ба хонаи хоб овард. Мансур, ки ташна буд, нҳуст шарбатро пурра нӯшид ва гуфт:
–Чой хунук шавад баъд менӯшам.
Ӯ дароз кашиду фавран хобаш бурд. Мувофиқи ҳисоби Мавҷигул ӯ 7 дона доруро хӯрда буд. «Бояд ин 7 дона дору дар якҷоягӣ бо шароб Мансурро ба хоби абад барад»– гуфт худ ба худу боз барои эҳтиёт «Мансурҷон чой нӯш, бедор шав» – гуфта, маҷбуран чойи дорудорро низ ба ӯ нӯшонд.
Ӯ атрофро тоза карда, боқимондаи чойро рехту аз нав чои тозае дам кард ва як шишаи шаробро низ ба ванна рехта холӣ рӯйи миз гузошту қадаҳи нимаи дигарро ҳам болои миз монд. Ҳама чиро бо латтае тоза кард, то изи панҷаҳояш намонад. Он гоҳ дарро пӯшида, баромада рафт.
Рӯзи дигар аз дур ба наззораи атрофи хонаи Мансур омад. Ба назди хона омада, аз якчанд одамони дар берун нишаста, хонаи иҷора пурсон шуд. Чунон вонамуд кард, ки ӯ хонаи иҷора мекобад. Яке нақл кард, ки ин шаб дар ҳамин бино шҳси иҷоранишине аз нӯшидани шароб фавтидааст ва ӯро ин саҳар ба сардхона бурданд.
Чун яқин кард, ки Мансур мурдааст, зуд ба хона баргашту даст рӯяшро шуста, дароз кашид. Агарчӣ дар дил хурсандӣ дошт, вале дасту пояш меларзиданду дилашро биму тарс пҳш карда буд. Ин ҳолат хеле давом кард. Ӯ ҳатто барои бартараф кардани он доруи оромкунада ҳам истеъмол карду лаҳзае хоб рафт. Хобҳои даҳшатбор дида, додзанон бедор шуд. Ин тарафу он тарафи хона роҳ мерафту лаҳзае орому қарор надошт.
Занги телефони дастиаш ӯро ба худ овард. Ӯ тарсон–тарсон гӯшакро бардошт. Аз он тараф садои амаки Далер омад, ки гуфт:
–Мавҷигул худро ба даст гир. Модари Далер гузашт ва мо ӯро алакай ҷаноза карда ба хок супоридем. Далер ва Дамир дар ағбаи Шаҳристон зери тарма монданд. Далер ҳозир дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ту ҳуҷҷати дипломатӣ дорӣ. Як илоҷ карда, ба воситаи Ӯзбекистон ба Хуҷанд биё. Далер дар вазнинхона аст ва омадани ту ҳатмист. Хоҳиш мекунам зуд ба дидор ӯ шитоб.
– Вазъи Дамир чӣ гуна аст? Фарзанди ман чӣ хол дорад?– бо овози ларзон пурсид Мавҷигул.
– Ӯ ҳам дар шифохона аст, вале вазъаш хубтар. Ҳарчӣ зудтар шитоб, – гуфта гӯшакро монд.
Амаки Далер барои он гӯшакро монд, ки дигар гап зада наметавонист. Зеро ӯ дидаву дониста «ҳолати Дамир ҳам хубтар аст», гуфт, вале Дамир вафот карда буду ба хотири он ки омадани модарашро интизор буданд, ҷанозаи ӯро ба рӯзи дигар монданд.
Мавҷигул дасту по гум карда, ба дугонааш Сайёра занг зада, вазъро фаҳмонид. Сайёра гуфт, ки зуд биё, имрӯз ҳаво хуб аст ва ба самти Хуҷанд тайёра парвоз мекунад. Ман туро ба тайёра савор мекунам. Ӯ зуд ба фурудгоҳ омад. Сайёра мувофиқи ваъдааш зуд чипта гирифта, ӯро ба тайёра савор карду аз самти дигар амаки Далер ӯро пешвоз гирифт.
Мавҷударо ду ҷасад интизор буд. Ҳам ҷасади Дамир ва ҳам Далер. Зеро ин шаб вазъи Далер ногаҳон вазнин шуд, табибон новобаста ба кӯшишҳои зиёд ӯро наҷот дода натавонистанд. Ӯ низ ҷон дод.
Амаки Далер Мавҷигулро пешвоз гирифта гуфт:
–Мавҷигул ба хонаи хушдоманат меравем. Худро ба даст гир. Далер ҷон дод.
– Дамир чӣ ҳол дорад, Дамир дар куҷост,–ларзон пурсид Мавҷигул.
Дамирро ҳам баъдтар мебинӣ. Ӯ туро интизор аст. Фақат ором шав ва худро ба даст гир.
Онҳо дигар бе ягон ҳарфе то хона омаданд. Мардуми зиёде алакай ҷамъ омада буданду ҳама миёнҳо баста. Онҳо ба хона даромаданду чашми Мавҷигул якбора ба ду тобут афтид, ки дар яке Дамир мехобид. Дунё ба назараш торик шуду «воҳ, ҷигарбандам» – гӯён аз пой афтид ва беҳуш шуд.
Атрофиён зуд ӯро бардоштанду об заданд. Духтурон аз пайи ба ба ҳуш овардани ӯ шуданд. Аз рӯйканиву мӯйкании ӯ тамоми атрофиён мегиристанд. Аммо, магар бо гиря мурдаеро зинда кардан мумкин аст?