Sebiston new 2024 october
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 9)
6309

ИДОМААШ...

Ба суд арз мекунӣ, ба прокурор арз мекунӣ, ба куҷое, ки арзу шикоят мекунӣ, кардан гир, як хона он тараф истад, даҳ хонаамро бигирӣ ҳам, ман писарамро ба ту намедиҳам, инро фаромӯш накун! Садқаи фарзанд шавӣ, ту дайду!

Ҷанҷоли хунини язнаву қайниҳо

-Ҳой аблаҳ, ту киро паст гуфтӣ?! Ҳозир ман онаи зоратро нишон медиҳам,-Бародари Сарвиноз, ки бо либосҳои ҷандаи пур аз чангу хок нав аз саҳро баргашта, тасодуфан шоҳиди моҷарои язнаву хоҳараш гашта буд, аз гиребони Маъруф дошта муште ба баногӯшаш зада модарашро дашномҳои қабеҳ дод.

Ҳақорати дағали додарарӯсаш косаи сабри Маъруфро лабрез намуд ва дар ҷавоб муште ба сари бародари Сарвиноз кӯфт. Падар ва дигар бародарони занаш даст ба гиребон шудани онҳоро дида ҳамакаса ба Маъруф часпиданд. Маъруф бачаи ҷисман обутобёфта ва машқдида бошад ҳам, ба бародарони ҳамсараш бо мушту лагад ҷавоби сазовор дода наметавонист, чунки онҳо ҳафт нафар буданду вай худаш танҳо, бар замми ин, хавф дошт, ки Сарвиноз ё модараш аз фурсат истифода бурда, писарчааш Далерҷонро дар ягон ҷо пинҳон мекунанд, то баъд бо воситаи кӯдак ӯро шантаж кунанд. Нобаробарии қувваҳо ва парешонхотириаш имкон намедод, ки қувват ва маҳорати ҷангии аз даврони кӯдакӣ дар толорҳои каратэ ва дигар намудҳои варзиш аз худ намудаашро дуруст истифода барад. Бародарони занаш Маъруфи бегуноҳро ҳақоратҳои бисёр қабеҳ дода, бераҳмона мезаданд, чунон бераҳмона, ки чанд дандонаш шикаста аз даҳону биниаш хун мисли фантан ҷорӣ гашта, сару танаш пур аз доғи хун гашт. Қариб нисфи аҳолии деҳа ҷамъ шуда ин задухӯрди нобаробари бераҳмонаро тамошо мекарданд, вале касе ҷуръат намекард, ки ба байн даромада Маъруфро аз чанголи қайниҳои мисли тӯдаи гургони ваҳшӣ ташнаи хунаш халос кунад.

Қассоби одамкуш

Дар айни ҷӯши ҷанг бародари хурдии Сарвиноз-Расул, ки қассоб буд, аз навбати пода баргашта шоҳиди занозании акаҳояш бо язнааш гашт ва кордеро, ки бо мақсади сари вақт ҳалол кардани барраю бузғолаҳои аз ҷар парида ҳамеша эҳтиётан дар камараш баста мегашт, аз миён кушода, ҷониби Маъруф давид. Дами тези корд мисли аждаҳои оташинзабони ташнаи хун ялаққос мезад.

-Очағар, ҳозир ман ҷазои туро медиҳам!-Расул мисли бабри маст бо як ҷаҳиш ба Маъруф расида гирифт ва бо тамоми қувваташ корди тези молкуширо ба синаи язнааш зад...

-Очағар, ҳозир ман ҷазои туро медиҳам!-Расул мисли бабри маст бо як ҷаҳиш ба Маъруф расида гирифт ва бо тамоми қувваташ корди тези молкуширо ба синаи язнааш зад.

Хуни гарм якбора аз бадани ҷавон фаввора зада шорид ва пеши чашмони Маъруфро абри тирае печонда гирифту мисли дарахти решагардоншуда сарозер афтид.

-Расул, ту чӣ кор кардӣ, аҳмақ?! Куштӣ ӯро, мефаҳмӣ одамро куштӣ?! Акнун ҷоят паси панҷара мешавад,-Дод зад падари Сарвиноз, ки чунин ранг гирифтани ҳодисаро ҳеҷ интизор набуд.

-Кори шудагӣ шуд, акнун дигар аз гиряву мотам суд нест, -Расул инро гуфта гӯё чизе нашуда бошад, ба ҳавлиашон даромада рафт. Лаҳзае пас Сарвиноз рӯю мӯйканон аз дарвоза баромад ва бародаронашро дуоҳои бад карда зор-зор нолиданро сар кард.

-Дамата гир худозада, агар ту зани хуб мебудӣ, шавҳарат талоқатро намедоду боиси сар задани ин фоҷиа намешуд. Мемурдӣ, ки хонаву даратро маҳкам дошта шинӣ. Аз рӯйи ту касофат шуда, акнун писари ман ба маҳбас меафтад. Зудтар аз назарам гум шав, ки ҳозир худам бо ҳамин дастонам туро буғӣ карда мекушам,-дод зад падараш, ки ин ҳодисаи даҳшатнок инони ихтиёрро аз дасташ рабуда буд.

Ҳамсояҳо, ки то ин дам аз дур занозании язнаву қайниҳоро бетарафона тамошо мекарданд, бо дидани Маъруфи ба хуну халаф оғуштаи беҳушу беёд ба таҳлука афтиданд. “Кушт! Расул язнаашро кушт!” нидо мекарданд бачаҳои ба даҳшат афтида, калонсолон бошанд, чунон дасту по хӯрда буданд, ки дар атрофи Маъруфи бе ҳушу беёд ҷамъ шуда бошанд ҳам, чӣ кор карданашонро надониста гаранг шуда монда буданд. “Ёрии таъҷилӣ”-ро ҷеғ задан даркор, ақлакӣ кард яке, вале дигарӣ даст афшонда гуфт: “Замони Шӯравиро кайҳо об бурд ҷӯра, дар ин замона мошини “Ёрии таъҷилӣ дар ду дунё ба ин деҳаи санглоху дурдасти мо намеояд. Беҳтараш ягон мошин ёфта бечораро зудтар ба наздиктарин беморхона расондан лозим. Ба фикрам ҳанӯз намурдааст, агар бахташ омад кунад, зинда мемонад, дар акси ҳол...”

Ҷони дубора

Табибон барои зинда мондани Маъруф чанд шабу рӯз бо аҷал даст ба гиребон шуда, ниҳоят пас аз давутозҳои зиёд ба ҷавон гӯё умри дубора бахшиданд. Чашмонашро кушода вай дар болои сараш модарашро дид, ки бо чашмони аз гиря варамида лаб газида менишаст. Кӯшиш кард, ки чи ҳодиса рӯй доданашро ба ёд биёрад, вале натавонист. “Очаҷон, ман дар куҷоям? Барои чӣ шумо гиря карда истодаед? Сарвиноз канӣ?” пурсид бо садои базӯр шунаво аз модараш ва аз зӯрии дард боз чашмонашро нимпӯш кард. Ҳарораташ чунон баланд буд, ки тамоми баданаш гӯё дар оташи сӯзони ҷаҳаннам месӯхт. “Бачаи сода, аз рӯйи ҳамон зани худозадааш қариб ҷони ҷавонашро аз даст дода буду боз Сарвиноз мегӯяд! Дигар номи ҳамон худозадаро ба забон нагир, илоҳо ба қаъри дӯзах афтад кӯрнамаки шайтонсират!” оби чашмонашро поккунон пичиррос зад модар.

Ин дам ба палата духтури калонсоли мӯяш мошу биринҷӣ ва аз паси ӯ духтараки ҷавони хилъати сафед пӯшидае даромаданд.

-Кӣ ба инҳо иҷозат дод, ки ба реаниматсия дароянд?-Ҷониби духтар, ки ҳамшираи шафқат будааст, нигоҳи норозиёна афканда пурсид бо ғазаб духтур ва рӯ ҷониби модари Маъруф гардонда гуфт:

-Бемор ҳоло дар ҳолати вазнин аст, хоҳарҷон, аз ин ҷо нишастани шумо суде нест! Илтимос, аз дар бароед. Монед, ки мо корамонро баҳузур анҷом диҳем. Касалиатон, ки ба по бархост, ана баъд чи қадаре, ки мехоҳед, метавонед дар паҳлӯяш нишаста чақ-чақ кунед...

Ин дам Маъруф чашмонашро дубора кушод. Нигоҳаш имдодталабона буд...

(ДАВОМ ДОРАД)




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД