ДАВОМАШ...
Тақрибан бист дақиқа пас падари Сарвиноз аз масҷид омад. Маъруф ба эҳтироми падарарӯсаш аз ҷой бархоста дастҳо пеши бар салом дод.
-Ҳа, домодтӯра, шуморо кадом шамолҳо ба ин тараф парронд?! Хуш омаданд, хуш омаданд! Канӣ гиред, ҷурғоти мо барин ҷурғоти ширин дар шаҳри калону хушрӯи шумо нест,-падари Сарвиноз чизеро эҳсос кардагӣ барин, кӯшиш менамуд бо хушомадгӯӣ дили домоди сарватмандашро ба даст биёрад, вале чоплусии хусураш баръакс оташи ғазаби Маъруфро бештар аланга дод. Аз чи бошад, ки имрӯз дар ин хонадон вай худро дар сари сӯзан нишастагӣ барин нороҳат эҳсос мекард. Дилаш мехост ҳарчи тезтар гапи мегуфтагиашро ба падару модари занаш бигӯяду баромада равад, вале дарҳол дар ин мавзуъ гап кушодан тарошаи аз бом афтодаро мемонд.
Суҳбати мардона
Маъруф бо як азоб 10-15 дақиқа сабр намуд, сипас гулӯ афшонда гуфт:
-Тағо, худатон медонед, ки аз аввал падару модари ман ба издивоҷи мо розӣ набуданд, вале ман ба хотири ишқи поке, ки нисбати духтари шумо доштам, мардона мубориза бурда, Сарвинозро бо тӯю тамошо аз хонаатон арӯс карда бурдам. Барояш беҳтарин шароитҳоро муҳайё намудам, ӯро соҳиби зиндагии шоҳона кардам. Гапам нодуруст бошад, ана худи духтаратон ё модараш, ки борҳо дар хонаи мо меҳмон шудаанд, гӯянд, ки дурӯғ мегӯӣ. Ба ман аз духтари шумо ба ҷуз ҳурмату эҳтиром дигар чизе лозим набуд, вале аз уҳдаи ҳамин кори одӣ ҳам баромада натавонист.
-Чӣ, магар ман бояд хоки пойи туро бӯса мекардам,-бидирросзанон ба миёни гапи шавҳараш лагад зад Сарвиноз.
-Бас аст, то ин дам ман туро гӯш кардам, акнун ту ба гапи ман гӯш мекунӣ,-Маъруф бо ангушт ишора намуд, ки дамашро фурӯ бандад.
-Кори духтаратон рӯзи дароз бозор ба бозору мағоза ба мағоза гаштан асту халос. Зан шуда, вай ҳатто аз уҳдаи нигоҳубини ду кӯдаки худаш ҳам баромада наметавонад...
-Дар вақташ ошиқи зори Сарвиноз будӣ, остонаи дарамонро охурча карда “хола, ман духтаратонро дӯст медорам” мегуфтӣ, акнун Сарвинози мо ду бача зоида дар чашми ту бойбачаи пулмаст хор гашт?!-Дод зад модари Сарвиноз, ки табиатан бисёр зани шаттоҳ буд ва тамоми ҳамсояҳо аз заҳри забонаш тарсида аз ӯ ҳазар мекарданд.
-Духтаратон айнан ба шумо рафтааст, беҳуда намегуфтаанд, ки очаша бину духтара гир,-Дар ҷавоби хушдоманаш киноят зад Маъруф.
-Шаф-шаф накарда шафтолуи гапро гӯй, мақсадат чист?-Дӯғ зад падарарӯсаш.
-Шафтолуи гап ҳамин, ки духтаратон косаи сабри маро лабрез кард. Ман дигар бо ӯ зиндагӣ карда наметавонам. Дар шоҳидии шумоён, ворисонаш ҷавоби духтаратонро додам. Писарчаамро мегирам, духтарчаамонро Сарвиноз худаш калон кунад, албатта, агар майлу хоҳиш дошта бошад. Бароятон душворӣ кунад, духтарамро ҳам мебарам, шукри худо зӯрам ба тарбияи ҳарду фарзандам мерасад,-Маъруф инро гуфта гӯё куҳи азиме аз китфаш афтида бошад, оҳи сабук кашид ва омин карда аз ҷояш бархест.
Падару модари Сарвиноз, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуданд, дар ҷояшон карахт шуда монданд.
Пушаймонии дермонда
-Ҳой бача, ту чӣ гуфтӣ? Ист! Куҷо меравӣ? Гардани шайтонро шикан, охир шумо ду фарзанд доред, тақдири онҳо чӣ мешавад? Мо бо сад умед ба ту духтар дода будем, Сарвинози моро бадбахт накун,-Зорикунон аз паси Маъруфи аллакай ба дами дарвоза расида, давид хушдоманаш.
-Хушбахтии духтаратонро мехостед, пештар ӯро насиҳат мекардед, ки ба қадри хонаву дари обод, фарзандони гул барин зебо ва зиндагии осуда расида, эҳтироми шавҳар ва хусуру хушдоманашро ба ҷо биёрад, ба ҷойи рӯзи дароз саг барин кӯча ба кӯча гаштан барои бачаҳояш ягон хӯроки бомаза пазад, хонаву дарашро тоза кунад. Акнун дер шуд хола, ман аллакай талоқи духтаратонро додам.
-Се талоқ накардаӣ-ку, ҳеҷ гап не, ягон муллоро ҷеғ мезанем, шуморо боз никоҳ мекунад,-Ҳамоно умедашро наканда дарҳол чора ёфт модари Сарвиноз.
-Ман мард ҳастам, туфи кардаамро дубора аз замин намелесам!-Ҷавоб дод бо ситеза Маъруф ва Далери хурдакакро ба синааш пахш карда аз дар баромад.
Шантаж
-Ист! Писарамро ба куҷо мебарӣ?-Фиғон кашид Сарвиноз ва пойлуч ба кӯча давид.
-Писарат, ки ба ту даркор мешуд, дарро аз болояш қулф карда, ҳар рӯз ба бозор лашу лушхарӣ намерафтӣ. Гумон накун, ки ман чизеро намедонам, ҳамсояҳо ҳама найрангҳои туро ба ман нақл карданд.
-Ман ин корро ҳамту намемонам! Туро ба суд медиҳам, хонаву дар насиби ман мешавад,-Ба таҳдид гузашт ҷавонзан.
-Беҳуда намегуфтаанд, ки хокро бигирӣ аз хокдони баланд гир, зоту авлодат, ки паст аст, дар ҳамин ҷо ҳам пастиатро нишон додӣ! Сарвиноз, агар ту як зарра ақлу тамиз ва меҳру муҳаббати модарона медоштӣ, хона не, фарзандатро талаб мекардӣ, вале ба ту, носерам, кӯдаконат не, хонаву дар ва пулу мол лозим аст. Чашми гуруснаи туро ман бо чизе сер карда натавонистам, ба фикрам чашми носераматро танҳо хоки лаҳад сер мекунад. Ба суд арз мекунӣ, ба прокурор арз мекунӣ, ба куҷое, ки арзу шикоят мекунӣ, кардан гир, як хона он тараф истад, даҳ хонаамро бигирӣ ҳам, ман писарамро ба ту намедиҳам, инро фаромӯш накун! Садқаи фарзанд шавӣ, ту дайду!
(ДАВОМ ДОРАД)