Sebiston new 2024 october
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 5)
7320

ДАВОМАШ...

-Гап дар сари пул ва чизу чора намеравад. Ту рӯзи дароз аз паси кору бори худат овораӣ, охир ман то ба кай роҳи туро поида мешинам. Кадом рӯз дар байни ин чор девор аз зиқӣ кафида мемурам,-чашмони бозингарашро айёрона тоб дод Сарвиноз.

Маъруф хоњиши ҳамсари эркаашро дар замин намонда ӯро дар идораи худаш ба кор гирифт.

Лўхтаки зинда

Пеш аз ба кор баромадан Сарвиноз ба бозор рафта чунон либосҳое харид, ки ҳатто баъзе занҳои аврупоӣ аз пӯшиданаш ҳазар мекунанд. Маъруф, ки бачаи шањрӣ буд, ба ин чандон аҳамият надод. Бепарвоии шавҳар Сарвинозро далертар кард ва ӯ ба кошонаи ҳусн рафта мӯйи сарашро зард намуду миҷгонҳои сунъӣ часпонд. Қариб буд, ки Маъруф занашро нашиносад, Сарвиноз аз одам дида ба лўхтак бештар шабоҳат дошт.

Дилбари танноз

Сарвиноз дар ягон ҷо таҳсил накарда буд ва аслан савод надошт, бар замми ин, майлу рағбати чизеро омӯхтану ёд гирифтан надошт. Вай ба кор танҳо барои намоиш додани сару либос ва фигураи зебояш рафта рӯзи дароз бо коргарон лақ-лақ карда менишаст. Бо мардҳои бегона қош парронда чақ-чақ карда шиштани ҳамсараш рашки Маъруфро биёрад ҳам, сир бой намедод, чунки Сарвиноз ҳомиладор буд ва духтурон таъкид карда буданд, ки вай набояд асабонӣ шавад. Хотири фарзанд ӯ ҳама нағмаҳои зани эркатулфорашро нодида мегирифт, то меваи ишқу муҳаббаташон бе ягон нуқсон, сиҳату саломат ба дунё биёяд.

Модари фарзандбезор

Ниҳоят вақту соати таваллуд карданаш ҳам фаро расиду Сарвиноз шоҳписари зебоеро ба дунё овард. Номи тифлакро Далер гузоштанд. Маъруф гумон дошт, ки баъди модар шудан ақли занаш ба сараш зада аз паси зиндагӣ мешавад, вале Сарвинозро на парвои писаракаш буд ва на парвои шавҳар, вай ҳатто ҳавсала намекард, ки парпечи тифлакашро иваз намояд ё либосҳояшро шӯяд. Шабҳо кӯдак бо тамоми овоз гиря мекарду модараш аз хоби ноз бедор намешуд, бедор шавад ҳам, ситеза намуда “ҷоғат гирад ҳаромӣ, мемонӣ, ки як дам хоб равам ё не” гӯён, тифлаки навзодро мезад ё мепучид. Асабонияти ҳамсарашро натиҷаи таваллуди душвор дониста Маъруф Сарвинозро сарзаниш намекард. Худаш парпечи тифлро иваз мекард ва писарчаашро алла гуфта мехобонд.

Канизак барои гадодухтар

Маъруф муносибати ҳамсарашро ба тифлаки навзод дида ба хулосае омад, ки агар ҳамин тавр давом кардан гирад, бепарвоии Сарвиноз оқибат ягон рӯз боиси фоҷиа мегардад ва барои писарчааш доя гирифт. Акнун зани бегона бачаашро нигоҳубин менамуду Сарвиноз рӯзи дароз дар назди оина нишаста худро орою торо медод ва телевизор тамошо мекард. “Мардакҷон, як хизматгор ҳам гирем, охир дасти ман ба кору бори хона намерасад” шоме арзи матлаб намуд ин ҷавонзани аз меҳрубониҳои шавҳар аз худ рафта. Маъруф мисли ҷодушуда ин амри зани таннозашро низ иҷро карда барои шоҳбонуи гадозодааш канизак гирифт. Ин марди “латта” як бор нагуфт, ки ҳой занак, ту рӯзи дароз дар хона бе кор нишаста чӣ номаъқулӣ мекунӣ, ки ман бароят хизматгор бигирам?!

Худам шоҳу табъам вазир

Писарчааш ҳанӯз якмоҳа нашуда бо баҳонаи “фигураам вайрон мешавад” Сарвиноз тифлакашро аз сина ҷудо кард ва ба норозигии шавҳараш нигоҳ накарда ба кор баромад, то “аз зиқӣ торс накафад.” Акнун вай қатори шавҳараш субҳ аз дар мебаромаду баъди ториқ шудан ба хона бар мегашт. Ин ҷавонзани беандеша пояшро ба пойи духтарони бе шавҳар дароз карда баъди кор ба театру кино мерафт, ҳамроҳи дугонаҳояш тарабхона ба тарабхона мегашт, паррандаи озод барин, дилаш ба кадом тарафе хоҳад, парвоз мекард. Карру фари ин ҷавонзани танноз ҳаваси дигар бонувони коргоҳро меоварду байни худ пичир-пичиркунон мегуфтанд: “Сарвиноз ба кадом мазор нарзу ниёз бурда бошад, ки худо чунин шавҳари хубро насибаш гардонидааст?!” Сарвиноз ин миш-мишҳоро шунида аз он ки ҳамкоронаш ба зиндагии ӯ ҳасад мебаранд, курта-курта гӯшт мегирифт.

Эркача

Писарчааш яксола нашуда Сарвиноз боз њомиладор шуд. Акнун эркагӣ ва нозу нузи ин ҷавонзани танноз боз ҳам бештар гашта, ҷони шавҳарашро ба лабаш меовард. Косаи сабри Маъруф аз инҷиқиҳои занаш лабрез гашта бошад ҳам, лаб зери дандон гирифта тоқат мекард, бо умеде, ки тавлиди фарзанди дуюм Сарвинозро “боақл” мекунад, бехабар аз он ки кӯзапуштро танҳо хоки гӯр ислоҳ хоҳад кард. Ниҳоят моҳу рӯзаш пур шуда, чашми Сарвиноз равшан гашт. Ин навбат духтарча таваллуд кардани занашро шунида Маъруф дояҳоро гулборону пулборон кард. Ин падари хушбахт тайёр буд барои духтарчаи амсоли фаришта зебояш тамоми дороияшро бубахшад, вале модари тифлакро заррае парвои ӯ набуд. Ин ҷавонзани эрка ончунон мағрур гашта буд, ки ҳатто фигураашро аз фарзандаш болотар дониста аз рӯзи аввал ба тифлак шири сунъӣ дод.

Моҷарои ном

Тифлак серӯза шуду Сарвинозро аз таваллудхона ҷавоб доданд. Маъруф ба шарофати тавлиди духтарчааш гӯсфанд кушта ба мардум ошу нон дод. Падари хушбахт духтарчаи нозанинашро Таҳмина ном ниҳод, вале модари ба қавле “супер-современний” норозигӣ карда “номашро Карина мемонем” мегуфт. Асабҳои Маъруф дигар тоб наоварда бори аввал ба сари занаш дод зад:

-Дар бағали кадом ҳинду хобида будӣ, ки номи духтаратро Карина гузоштан мехоҳӣ?! Ту ягон зарра хуни тоҷикӣ дорӣ ё не?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД