Домод не, шоҳзодаи орзуҳо!
Маъруф дар оилаи бисёр сарватманд ба воя расида, шоҳзодаи орзуҳои садҳо духтарони зебо гашта буд. Паричеҳраҳои бисёре ба қаду басти зебо ва ақлу фаросати ин бойбачаи ба қавли кампиракон “худо назар карда” ошиқ шуда, мисли пашшаҳои хуми асалро ёфта мудом дар атрофаш давр мезаданд, вале ин ҷавони бачаи ташнаи илму дониш ба сӯзу гудози духтарон ягон зарра аҳамият намедод. Ҳушу ёди вай танҳо банди хондан буду халос. Маъруф ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе ошиқ мешавад, ошиқи як духтари қишлоқӣ, вале тавре ки мегӯянд, ишқ меҳмони нохонда аст, ҳар гоҳ хоҳад ва ба хонаи дили касе, ки хоҳад, бемалол медарояд...
Рақс бикун, ҷоно...
Дар як тўйи дўсташ саргарми рақс буду баногоҳ чашмаш ба духтараки хушқаду қомате афтид, ки дар рӯ ба рӯяш мерақсид. Ҳамин як нигоҳ кофӣ буд, ки ақл аз сари бойбачаи оқил фирор намуда, ҷойи онро оташи сӯзони ишқ бигирад. Маъруф дигар маҷоли рақсидан надошт, вай мисли афсунгашта чашмашро аз он зебосанами деҳотӣ намеканд. “Ҳа, ҷӯра, ошиқ шудӣ чӣ бало?! Ана ҳамин хел ошно, деҳаи мо чунон духтарҳои зебое дорад, ки бо як назар ман мегуфтагӣ бачаҳои шаҳриро обу адо мекунанд”,- ба китфи вай тап-тап зада шӯхӣ кард ҳамсабақаш Рашид, ки аз ҳамин қишлоқ буд. Маъруф баъди тӯй Рашидро ба гӯшаи хилвате бурда, кӣ будани он зебосанамро пурсон шуд ва хоҳиш кард, ки онҳоро шинос кунад, вале дӯсташ сар ҷунбонда гуфт:
-Сарвиноз аз он тоифаи духтарҳое нест, ки ману ту мешиносем, ба гӯшаш сад афсонаи муҳаббат хонӣ ҳам, ягон зарра ба ин паричеҳра асар намекунад. Дуюмаш ин ки бародарони бисёр золим дорад, худо накарда фаҳманд, ки ман хоҳарашонро бо ту шинос кардаам, пӯстамро зинда ба зинда мекананд, ҷӯра. Аслан вай ба ту муносиб нест, ту писари одамони дорою бообрӯ ҳастӣ, аҳли оилаи Сарвиноз бошанд, ба қавли шумоён, сарватмандон, ҳатто нони хӯрдан надоранд. Ту бо ин давлату сарват ва қаду қоматат як ҳой гӯйӣ, сад бойдухтар “мана ман, либоси арӯсиамро кайҳо пӯшида туро интизор нишастаам” гуфта, бо ҷону дил ба ту ба шавҳар мебарояд, барои ҳамин беҳуда ҳам сари худат ва ҳам сари маро дар ҷанҷол намон...
Рашид хеле панду насиҳат хонда бошад ҳам, ишқ аллакай кори худро карда буд ва Маъруф қарор дод, ки бо кадом роҳе набошад, дили Сарвинозро ёфта ӯро ба занӣ мегирад.
“Разведка” аз паси арӯс
Маъруф чанд рӯз аз паси Сарвиноз ба қавле “агент” монда то кадом андоза покдомон буданашро санҷид. Маълум шуд, ки Рашид рост мегӯяд, аз оилаи камбағал бошад ҳам, Сарвиноз бисёр духтари мағрур буда бо ягон кас гап намезадааст. Ба покдомонии асрӯи таги чашм кардааш боварии комил пайдо карда, ҷавон дар тараддуди тӯй афтид.
Хостгорӣ
Падару модараш ошиқ шудани Маъруфро шунида хурсанд шуданд ва рӯзи дигар ҳафт лаълии калон-калонро пур аз қанду қандалоти қиматбаҳои хориҷӣ, меваҳои тару тоза, торту шириниҳои рангоранг ва пистаю бодому мағзу мавиз карданду барои арӯс гӯшвору ангуштарину гарданбанди тиллоӣ ва куртаю хилъату палтои зеборо туҳфа гирифта ба хонаи падари Сарвиноз хостгорӣ рафтанд. Маъруф аз тарси он ки падару модараш ба келин кардани духтари камбағал розӣ намешаванд, аз куҷо будан ва дар чӣ гуна шароит зиндагӣ кардани волидони арӯсшавандаашро нагуфта буд. Падару модараш гумон доштанд, ки волидони Сарвиноз ҳам мисли худашон соҳиби хонаҳои дакаданг ва ҷоҳу ҷалоли беҳисобанд, вале аз дарвозаи келиншаванда даромадан баробар тарбуз якбора аз бағалашон афтид. Арӯси ёфтаи писари яккаву ягонаашон ҳамроҳи падару модар ва ҳафт бародар ва янгаю ҷиянҳои бешумораш дар як хонаи пастакаки лойини ба қавли кампиракон аз доққи Юнус мондагӣ зиндагӣ мекардааст. Хона чунон куҳнаю фарсуда буд, ки гумон мекардӣ ҳамин ҳоло деворҳояш фурӯ рафта ба рӯят чаппа мешаванд. “Худоё, ин бача ақлашро хӯрдааст-чӣ? Наход дар дунё ягон духтар набошад, ки омада-омада аз ҳамин хел вайрона арӯс ёбӣ-а?!” ғурунгид модари Маъруф ва бо дили нохоҳам қадам ба остонаи қудои ояндааш ниҳод. Ҳоли шавҳараш ҳам аз ӯ беҳтар набуд, чеҳраи гирифтаи ин марди сарватмандро дида, гумон мекардӣ, ки ба ин даргоҳ на барои хостгорӣ, балки ба азо омадааст. Соҳибони хона хостгорони олиқадрро рӯйи як намади чиркин ва як қабат кӯрпачаи рангпарида шинонда аз рӯйи таомули тоҷикона дар наздашон дастурхон кушоданд, вале дар рӯйи дастурхонашон ба ғайр аз ду нони обпаридаи сиёҳу як лаълӣ себи каб-кабуд дигар чизе набуд. Ин манзараро дида модари Маъруф ривояти машҳуреро ба ёд овард, ки чӣ тавр ба хонаи як гадо бойи номдоре меҳмон мешаваду зани гадо як тарбузро чанд маротиба гаштаю баргашта ба сари дастурхон оварда ҳамчун тарбузи дигар ба дасти шавҳараш медиҳад ва бо ҳамин роҳ обрӯйи мардакашро дар назди меҳмон мебардорад, ки гӯё дар хонаашон чанд тарбуз доранд. ““Ба ғайр аз камбағалиашон занҳои ин хонадон бефаросат ҳам будаанд, вагарна ҳамон кулчаю тӯша ва мағзу мавизи овардаи худамонро рӯйи дастурхон гузошта, хонашонро каме ҳам бошад, обод мекарданд, аз ин хел модари беҳунар духтар чиро меомӯзад?! Аз ин оила келин гирифтан аблаҳист, чунки сад сол ба гӯшаш панду насиҳат хонӣ ҳам, духтари дар чунин шароит тарбият ёфта, ҳеҷ гоҳ одам шуда, равиши зиндагиро ёд намегирад” аз дил гузаронд модари Маъруф ва рӯ ба шавҳараш оварда лаб газид. Мард маънии ишорати ҳамсарашро пай бурда, суханро аз дур оғоз намуду билохира сари мақсад омада гуфт:
-Писарамон духтари шуморо дар кадом маърака дида, ошиқ шудааст, барои ҳамин моро хостгорӣ фиристод, вале мебинам, ки шумо ҳоло шароити тӯй кардан надоред, барои ҳамин...
(ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)