35 years of independency
Футболбозони 15-солаи тоҷик дар “Ҷоми ҷаҳон” иштирок мекунанд
23.10.2026
Oila.tj
112

Тими мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии Нуъмонҷон Юсупов барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА ба Озарбойҷон сафар кард.

Фестивали ФИФА аз 24 то 30-юми октябр дар шаҳри Боку доир гашта, дар марҳалаи аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо Барбадос, Чили, Конго, Кувайт ва Испания рақобат менамояд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳо дар шакли 8 бар 8, дар майдонҳои андозаашон 68 ба 47 метр баргузор мегарданд. Давомнокии ҳар бозӣ 40 дақиқа буда, аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат мебошад.

Дар марҳалаи аввал дастаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо ҳамаи ҳарифони гурӯҳи худ вомехӯранд. Аз рӯйи натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ иштирокчиён вобаста ба нишондиҳандаҳои варзишӣ ба шаш сатҳ тақсим карда мешаванд.

Дар марҳалаи дуюм дастаҳо рақобатро бо ҳарифони ҳамсатҳи худ идома медиҳанд. Ҳар дастаи мунтахаб аз чор то панҷ бозӣ анҷом дода, ғолибон дар шаш сатҳ муайян карда мешаванд. Дастаи беҳтарини сатҳи олӣ - Tier A - нахустин ғолиби FIFA U-15 World Cup & Festival дар таърих хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД