Голи зебои Ислом Зоиров, бозигари ФК «Хосилот» ба дарвозаи «Истиқлол» дар Чемпионати Тоҷикистон бетаъсир намонд ва дар фазои интернетӣ сарусадоеро баланд кард.
Ислом Зоиров пас аз як давраи бозӣ дар Медиалига ба футболи касбӣ баргашт ва дар ҳайати дастаи “Ҳосилот” аз худ дарак дод. Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш» FORMULA55 ба ӯ ҷоизаи махсус ва мукофоти пулӣ тақдим намуд. Маросими супурдани туҳфа дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор шуд ва ҷоизаро ба футболбоз директори генералии FORMULA55 Подчаев Баҳром Рустамович супорид.
Зоиров дар баромади худ таъкид кард, ки “ҳеҷ чизи муҳимтар аз имкони бозӣ кардан дар тими миллии Тоҷикистон нест. Ман омодаам, ки дар ҳайати мунтахаби кишвар тамоми маҳорат ва истеъдоди худро сарф кунам. Барои бозӣ дар мунтахаби Тоҷикистон ҳамеша тайёрам”.
Ёдовар мешавем, ки Ислом Зоиров барандаи медали нуқраи Ҷоми Осиё миёни наврасони то 17-сола ва иштирокчии чемпионати ҷаҳон дар Бразилия мебошад. Ин мавсим дар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баромад карда, яке аз бозингарони калидии даста ба ҳисоб меравад.
FORMULA55 дастгирии онҳоеро, ки дар рушди варзиши тоҷик саҳм мегузоранд, идома медиҳад. Чунин дастгириҳо барои баланд бардоштани руҳияи варзишгарон нақши муҳим мебозад!
FORMULA55 – Мо варзишро рушд медиҳем!