Хоби кӯдак аз хоби шахсони калон фарқ мекунад. Тифлак гоҳ дар вақти лозима хоб мекунанду гоҳо не. Дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак ин як чизи оддӣ аст ва волидонро мебояд каме таҳамулпазир бошанд. Барои осонтар кардани кори волидон мо чанд далели аҷибро дар бораи сирру асрори хоби тифлакон пешкаш месозем.
- Навзод дар соли аввали зиндагияш 8-9 моҳро дар хоб мегузаронад.
- Волидон то яксолагии кӯдакашон 400-700 соати хобашонро аз даст медиҳанд.
- Як ғаноби кӯдаки 6 моҳа 40 дақиқа аст, ҳол он ки ин меъёр дар калонсолон то 1,5-2 соат тӯл мекашад.
- Ҳамаи кӯдакони 4-5 сола барвақт хоб мекунанд ва саҳари хеле барвақт бедор мешаванд
- Кӯдакони 6-8 солае, ки шаб ба дурустӣ хоб намекунанд, рӯзона ҳам хоб намераванд. Аз ҳамин хотир онҳо асабонӣ ва бадқаҳр буда, ором карданашон ниҳоят мушкил аст.
- Кӯдакони серҳаракат ва кӯдаконе, ки мушкили норасоии меҳрубонӣ, сабаби асосиаш камхобӣ ва хоби нодуруст мебошад.
- Агар кӯдакро ниҳоят дер хобонед, саҳарӣ барвақт мехезад ва дар натиҷа мағзи сараш истироҳат намекунад.
- Мондашавии аз меъёр зиёд кӯдакро ором хобидан намемонад.
- Кӯдаконе, ки аз рафиқонашон зиёдтар инкишоф ёфтаанд, камхобтаранд.
- Қариб ҳамаи кӯдакон дар торикӣ, ҷои бесадо ва ҳавои кушод ором хоб мераванд. Ин ба инкишофашон таъсири мусбӣ мерасонад.