arzon replenishment
Фоҷиаи Юсуф ва Зулайхо Қисми 3
30.12.2022
Нисо
2330

 

Ман натавонистам бубинам, ки рақами фиристонандаи паёмак чанд аст, зеро Юсуф ба хона даромада, телефонашро дар дасти ман дида, ҳуш аз сараш канд ва ба рӯям шаппотие зада гуфт:

-Ба ту кӣ ҳуқуқ додааст, ки телефони маро кобӣ?!- Он шаб мо сахт ҷанг кардем ва то охири сафарамон бо ҳам ҷангӣ будем. Як бори дигар сӯҳбати телефонии Юсуфро шунидам, ки мегуфт:

-Бамаззаи ман, туро ёд кардам, оғӯшатро, накҳати мӯйҳои сунбулатро, чашмони сиёҳи нотакроратро, лабони ғунчаатро, андоми сапеду хушбӯятро,-шавҳарам чанд сухани фаҳши дигар низ гуфт. Дар дил Сарвинозро мазаммат кардам, ки язнаашро беназорат мондааст ва дилам чун шоми зимистонӣ сип-сиёҳ буд. Нуқлу навоӣ хориҷа, баҳру ҷойҳои тамошобоб ба ҷону дилам заҳр гашта буд. Ҳар чӣ тезтар ба хона баргашта, «ғунчалаб»-и Юсуфро ёфта, ҷазояшро доданӣ будам.

                                 Мор дар остин

Сарвиноз моро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт, чун сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудаасту дилаш дард мекунад. Писаронам тӯҳфаҳои аз хориҷа харидаашонро ба апаҷонашон дода, оббозӣ карданду ба ҷойгаҳашон даромаданд, ман низ худро хуб ҳис намекардам, аз Сарвиноз хоҳиш кардам то бароям доруи дарди сар биёрад. Ӯ хоҳишамро иҷро кард, то хобам бурдан дидам, ки Юсуф низ пас аз ҳаммом ба хонаи хоби худамон не, ба ҳуҷраи корияш даромад. Дар он хона мизу курсию роёна ва рахти хоби яккасае буд, баъд хобам бурдааст… Дар хобам море аз остинам баромада, маро заҳр заданӣ мешуд, фарёд зада бедор шудам, ки дар обу арақ ғутидаам. Аз ҷоям хеста об нӯшидам, сарам сахт дард мекард, ба соат нигаристам, се шуда буд. Барои нофор накардани аҳли хонадон оҳиста-оҳиста қадам монда, хостам аз ҷевони айвон доруи дарди сарамро гирам, дидам дари хонаи хоби Сарвиноз кушода асту чароғи рӯи мизияш фурӯзон. Ин духтар то ҳол бедор аст гӯён, даруни хона даромадам, ки рӯйҷои болои рахти хобаш ғиҷиму болои хона таҳпӯшҳояш парешон, вале худи ӯ набуд. Ҳайрон шуда, каме интизор шудам, ки меояд, аммо аз ӯ дараке набуд, “ин ҳам ошиқ пайдо кардааст чӣ бало” гӯён, ба тарс афтодаму хостам Юсуфро бедор карда, ба ҷустуҷӯи Сарвиноз равем, ҳарчанд шавҳарам бо ман ногап буд, ман инро фаромӯш карда, ҷониби хонаи ӯ роҳ пеш гирифтам. Чароғи хонаи Юсуф хомӯш буд, вале дар хонаи шафат, ки онро хонаи хоби меҳмонҳо мегуфтем, шабчароғи гулобиранг месӯхту овози паст-пасти гуфтугӯ меомад. “Ай дар падарат лаънат духтардор, ошиқро хона овардааст” гӯён, ба гуфтугӯ гӯш андохта, ба даҳшат афтодам. Ман овози Юсуфро мешунидам, ки мегуфт:

-Нозҷон, бе ту мемирам, хоки поятро ба дида мекашам, ана дар Дубай ҳавлиеро харидорӣ кардаам, ба он ҷоят мебарам…

-Ман ба Дубай намеравам, мехоҳам ҳамроҳи ту бошам,- бо гиря гуфт Сарвиноз. То тавлиди кӯдак он ҷо бош, баъд ин тарафашро мебинем, гуфт Юсуф,-дигар гуфтугӯи онҳоро намешунидам, зеро дар назарам замину замон ба чархзанӣ даромаду чизеро на медидам на мешунидам… Чун ба худ омадам, духтурон гуфтанд, ки ду ҳафта боз беҳушам, дасту поямро ҷунбонида наметавонистам. Пас аз сактаи шадиди мағзи сар фалаҷ шуда будам.

                                         Тобути тиллоӣ

Инак, ду сол боз дар бистари бемориям, дасту пойи ростам хушк шудаанду дасту пойи чапам ба зӯр меҷунбанд, писаронам ҳар ду дар хориҷа таҳсил мекунанд. Дар ҳавлии калону бошукӯҳам мани маъюб бо ду нафар хизматгор зиндагӣ мекунам, агар онро зиндагӣ гуфта шавад, Юсуф Сарвинозро ба занӣ гирифт, писарчаашон дусола мешавад. Ана ҳамин тавр, мори дар остин парваридаам ба ҷони ман неше зад, ки аз заҳри он ниҳоли ҷонам хушкид. Баъди шунидани ин шармандагӣ модарам низ аз фишори баланди хун аз дунё гузашт, апаам духтарашро оқ кард, ҳама хешу табор аз Сарвиноз рӯй гардонданд. Онҳо ба аёдати ман меоянд, вале ман рӯи онҳоро дидан намехоҳам. Зиндагӣ ва табобату нигоҳубини маро Юсуф ба уҳда дорад, аммо як сол боз рӯяшро надидаам, аслан ӯро дидан ҳам намехоҳам. Аввалҳо ба нею нестонам нигоҳ накарда, наздам медаромад, вале як рӯз ҳамроҳам ҷанг карда, гапҳои охиринашро гуфту бо ҳамин дигар ҳама чизро равон мекунаду худаш намеояд. Юсуф бо нафрат фарёд зада гуфт:

-Ту дар вақташ бо тӯҳмату зурӣ маро аз худ кардӣ, падару модарам аз ман хафа дунёро тарк карданд, фарзандони падарам аз дарам намедаромаданд, ҳама дороиямро ту ҳамроҳи хешу таборат мехӯрдӣ, боз бо рашку итобат назди рафиқонам шармандаам кардӣ, аз ин рӯ, Худо бо дасти ҷияни худат туро зад! Ман бе Ноз нафас кашида наметавонам, туро ба хотири фарзандонам нигоҳубин мекунам, вагарна дар зиндагият кирм карда, мурда меравӣ! Ту кайҳо бояд мемурдӣ, вале ман бо доруву дармони қимматбаҳо туро дар ин дунё нигаҳ медорам, то азоб кашӣ, падарам барои ту шуда, аз ман норизо рафт…

Имрӯз ман зиндаи дар гӯрро мемонам, ҳарчанд бемор ҳам бошам, зиндагии шоҳона дорам, вале дар тобути тиллоӣ нимҷон азоб кашидан, ин дунёи зеборо бароям дӯзах гардонидааст….

                                                                     Зулайхо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД