Боре Дилноз ба шавҳараш гуфт, ки чаро падараш ин қадар холаҷонашро азият медиҳад, аммо ӯ хомӯш аст?
- Чунки зан дуюмдараҷа аст. Падари ман занкалон нест. Авлоди падарии ман ҳама ҳамин хел дар оила сахтгир буданд. Ту дигар кордор нашав, вагарна ту ҳам аз ин хона гум мешавӣ. Дунё пури зан. Акаам занҳои беақлашро талоқ дод, ба наздикӣ сеюмашро мегирад. Ту ҳам дигар мисли модарам зани хубу фармонбардор шав, фаҳмидӣ?,- гуфт шавҳараш.
Дилноз се соли аввали зиндагӣ ба тақдир тан дода, ба ҳама бемеҳриву ҷабру ситами шавҳар, дӯғу пӯписаи хусур тоқат мекард. Худо ба онҳо духтарчаи зебою солиме ато кард. Хушдоманаш барои наберачааш ҷонашро медод, аммо хусураш “ин келин духтар таваллуд кард ку” гӯён, гапҳои ганда мегуфт.
Парвиз ҳам аз тавлиди духтараш на он қадар хурсанд буд. Дилноз, ки бо хушдоманаш мисли модару духтар буданд, руҳбаландаш мекарду ба хотири ӯ сабру таҳаммулро пеша мекард.
Хушдоманаш ягон вақт дар бораи рафтори бади шавҳараш шикоят намекард. Доимо ба лаб табассум оҳиста гап мезад. Шавҳараш гоҳо пеши келину писаронаш ӯро мушту лагадкӯб мекарду тамоми ҳақоратҳои гӯшношунидро ба забон меовард.
Хусураш дар ҷое расман кор намекард, аммо гову бузу гӯсфанди зиёде дошт ва аз ин ҳисоб зиндагиашон серу бе камбудӣ мегузашт. Аммо зан барои ин мард ҳамчун ғулом буду халос, на модари хонадон.
Дар хонаи хобаш ин марди бадзабон милтиқи шикорӣ дошт ва шикорро хеле дӯст медошт. Парвиз ҳам гоҳо бо падар ба шикор мерафт.
Боре хусураш баъди ду рӯзи дар шикор будан якбора бе салому алейк аз дари ҳавлӣ даромаду дод зад:
- Ҳе очаи кӯдако, канӣ ту, бе иҷозати ман чаро ба хонаи ҳамсоя тӯй рафта рақс кардӣ!?
Хушдоманаш аз ин додзании шавҳараш якбора сахт тарсида, ранги рӯяш мисли пахта сап-сафед канд. Давида пойлуч пеши шавҳараш омада, гуфт:
- Отаи Парвизҷон, охир ҳама ҳамсояҳо рафтанд, ман намерафтам, айб мешуд.
- Ту ба ман бигӯ, ки чаро бе иҷозат рафтӣ? Поятро зада-зада мешиканам!
Холаи Асалмо дарақ-дарақ меларзид бо ҷуссаи хурдакакаш пеши шавҳари ботанутушу қадбаландаш.
Шавҳар аввал ба рӯяш шаппотие фароварду сипас аз мӯйҳояш кашолакунон ба хонаи хобашон даровард. Дилноз тоқаташ тоқ шуду давида, дод зад:
- Амак, сар диҳед холаамро, ҳозир милиса фарёд мекунам!
Парвиз хоб буд ин лаҳза, писари калонӣ дар кор.
Ҳамсояҳо садои келини ҳамсояро шуниданд, аммо аз Мерган тарсиданд, ки ба кумак биёянд.
Дилноз духтарчааш дар даст ба ёрӣ давид, аммо хусураш ӯро як мушт фароварду бо тифли гирёнаш ба замин афтод.
Парвиз ҳам аз хоб бедор шуда, давида омад. Аммо аллакай дер шуда буд. Пеши чашми онҳо Мерган ҳамсарашро бо милтиқи шикорӣ нишон гирифт ва баъд қафаси синаи худро. То мошини ёрии таъҷилӣ омадан ҳарду вафот карданд.
Дилноз ҳеҷ ба худ намеомад, духтарчааш аз ҳамон соат сахт тарсида, гунг шуд, то имрӯз табобат наёфтааст.
Дилноз баъди маъракаи чилу соли хушдоманашро гузаронидан аз Парвиз ҷудо шуд ва ба хонаи тағояш ба шаҳри Тулаи Русия рафт. Ҳамон ҷо бо духтарчааш зиндагӣ дорад, шаҳрвандии Русияро гирифт.
Бо марди ҳамватане шинос шуд. Никоҳ карданд, зиндагиашон хуш аст. Боз соҳиби духтарчае шуд.
Ба ман ин қиссаи зиндагиашро нақл карда, хоҳиш намуд, ки онро рӯйи коғаз биёрам.
Шаҳлои НАҶМИДДИН