Дилноз ҳанӯз 17-сола буд, ки падараш ӯро ба Парвиз фотиҳа карда, гуфта буд, ки оилаи домодшаванда бисёр рӯҳониву бадавлатанд.
Дилноз мехост баъди хатми мактаб ба донишгоҳ шомил шавад, аммо аз тарси падари бадқаҳраш ҷуръат накард. Бо ҷавон пеш аз тӯй ҳамагӣ як бор вохӯрда, якдигарро диданд. Парвиз ҷавони зебои қадбаланд буд. Аммо ким-чихел чеҳрааш мисли падари Дилноз бадқаҳр менамуд.
Рӯзи тӯй муайян шуд. Дилноз мехост, ки мисли дигар духтаракони деҳа пероҳани сапеди арӯсӣ бипӯшад, аммо тарафи домод умуман на маъракаи хурсандб карданду на иҷозат доданд, ки арӯс либоси мехостаашро рӯзи тӯй бипӯшад. Бе карнайу сурнай арӯсро бароварданд.
Дар таги чодар зани зоҳиран чеҳрааш пажмурда, харобак омада Дилнозро бӯсиду барояш ангуштарини тило туҳфа карда, гуфт:
- Келинҷон, хуш омадӣ ба хонаи мо! Ман се писар дорам, духтар надорам, ту ба ҷойи духтарам мешавӣ.
Дилноз ҳис кард, ки ин зани меҳрубон хушдоманаш, ниҳоят одами хуб аст.
Садои дағалонаи хусураш дар тӯйхона шунида шуд, ки мегуфт:
- Занак, тез меҳмононро гусел кун, тӯй тамом шуд!
Парвиз шаби васл умуман ба назди арӯс надаромад. Рӯзи дигар ба назди арӯс даромада, гуфт:
- Арӯс, аз ин пас ман ки омадам, аз ҷоят хеста, таъзим мекунӣ, туфлиҳоямро аз пойҳоям мекашӣ, фаҳмидӣ? Дар оилаи мо зан касе нест, мардҳо ҳама аз занҳо як сару гардан болоянд.
Парвиз писари хурдии хонавода буд. Акаи кадониаш аз ду зан ҷудо шуда, дар тараддуди зангирӣ буд. Акаи дигараш дар кадом корхонаи тиҷоратие директор буду баъди ҷанҷоли оилавӣ аз хона бо зану кӯдаконаш баромада рафта буд.
Парвиз хислату рафтораш мисли падараш буд, бераҳм, бедил, сангин, дағал, номеҳрубон. Аммо модараш баръакси падараш ниҳоят меҳрубону оромгапу тарсу буд. Нисбати келинҳояш модарвор рафтор мекард.
Дилноз аз соати аввал эҳсос кард, ки ин хонавода ҳам ба оилаи онҳо шабоҳат дорад, модараш орому ширинзабон буду падараш доимо дод зада, дашном медод ҳамаро.
Парвиз бо Дилноз мисли хоҷа бо хизматгораш рафтор мекард. Дар ин хонавода мардҳо алоҳида менишастанд. Дилноз бо хушдоманаш алоҳида нишаста хӯрок мехӯрданд.
Боре Дилноз ош пухту он часпак омад. Баъди як қошуқ аз ош хӯрдан хусураш дод:
- Ин чӣ хӯрок аст, мисли каҳ барин!? Занак, инро кӣ пухт? Ин қадар бемазза...
Ва рафта деги ошро мобайни ҳавлӣ партофт.
Парвиз бошад, деги оши гармро гирифта омада, ба сари занаш дӯғу пӯписа кард ва гуфт:
- Хӯрокпазиро ёд гир, вагарна мисли тӯби футбол таги шатта мемонӣ.
Ин ҳангом хушдоманаш меҳрубонона ӯро ба оғӯш кашида, оҳиста гуфт:
- Келинҷон, зиқ нашав, ин бор ёд мегирӣ.
Хусураш доимо бо ҳамсараш дар ҷангу ҷанҷол буд, бе ягон баҳонаву сабаб ӯро таҳқир мекард, мезад, аз кокулони борики дарозаш кашола мекард. Вале, даҳшат ин буд, ки писаронаш ин ҳолатро дидаву мушоҳида карда, чорае намедиданд, дасти ёрӣ ба модар дароз намекарданд. Хушдоманаш дар танҳоӣ гиря мекард бо алам...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН