Акбар дар дил нисбати тағояш кинаю адоват дошт ва кайҳо боз барои қасдашро ситонидан пайти муносиб мепоид. Ниҳоят он рӯз низ фаро расид ва ин марди дилсиёҳ аз ҳама пинҳонӣ дос дар даст ба хонаи хоби тағояш даромад. Содиқ Иброҳимов бехабар аз мақсади бади ҷиянаш масти хоб буд. Акбар бо нафрат ба вай нигарист ва бо тамоми қувват бо дости дар дасташ буда ба пушти гардани тағояш зад....
Ин ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Зафаробод сар зада, Акбар Буриеви 41-сола, ки дар дил нисбат ба тағояш Содиқ Ибрагимов кинаю адоват доштааст, субҳ, тахминна соатҳои 5-и саҳар ба хонаи Иброҳимов, ки дар дар кӯчаи ба номи Нақибхон Туғрали Зафаробод воқеъ гаштааст, даромада, тағояшро бо дост задааст. Содиқ Иброгимов аз хоб бедор шуда, ҷияни “қассобаш”-ро мешиносад.
Ҷиян тағоро тарсондан мехост ё куштанӣ буд?
Ба гуфти худаш, ҷияни муштзӯр нияти куштори Содиқ Иброҳимовро надошта, фақат чашми тағояшро нағзакак тарсонданӣ будааст.
Тавре ки худи Акбар Буриев дар навори омодакардаи масъулини мақомоти корҳои дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, ӯ метавонист баъди захмӣ кардани тағояш гурезад, аммо барои гуфтани мақсадаш истода, баъди захмӣ кардани Содиқ Иброҳимов ба тағойи хуншораш гуфтааст: “чаро ту мардумро намемонӣ?”
Акбар Бӯриев бо ин гапаш чи гуфтан мехост ва чиро дар назар дошт, маълум нест, вле нисбати ин ҷияни бераҳм айни замон бо ду моддаи кодекси ҷиноятӣ барои вайрон кардани дахлнопазирии манзил ва суйқасди одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад.
Як тағокуш 9 сол зиндаонӣ шуд, Акбарро чи интизор аст?
Ёдовар мешавем, ки куштан ё суйқасди куштори тағо аз ҷониби ҷиян бори аввал нест. Қаблан дар шаҳри Турсунзода низ чунин ҷиноят содир гашта, Дилбар Сайфутдиноваро барои қатли тағояш равонаи зиндон карда буданд. Вай бо мақсади соҳиб шудан ба хонаи тағояш нақшаи ба қатл расонидани Ҷаҳонгир Сайфутдиновро кашида, соати 1-и 11-уми июни соли 2022 ба хонаи тағояш меравад.
Ин зан дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштани тағояшро дидаву дониста бо дасти росташ зарбаи сахт ба рӯяш мезанад ва тағояш аз ин зарба ба замина афтида, сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрда беҳуш мешавад. Дилбар барои анҷом додани қасди нопоки худ пойи росташро ба гулӯи тағояш гузошта, ӯро буғӣ карда мек ушад.
Суди шаҳри Турсунзода, тибқи қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон Дилбар Сайфутдитноваро ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи зиндон кард. Боз як тағоозори дигар-Акбар Бӯриевро чи интизор аст, инро танҳо баъди ба охир расидани тафтишот ва банду басти пурраи парванда фаҳмида метавонем. вале...
Чаро ҷиноятҳои оилавӣ меафзоянд?
Солҳои охир ҷиноятҳои оилавӣ дар кишвари якбора мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Таври мисол танҳо дар Зафаробод дар бадали ду моҳ чанд ҷиноят рӯй дода, моҳи ноябри соли 2022 марде зану фарзандашро бо дасти худаш кушта буд. Яке аз сабабҳои асосии рӯ афзоиши ниҳодани ҷиноятҳои оилавӣ суст шудани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, аз байн рафтани меҳру муҳаббат ва эҳтироми калонсолон мебошад.
Пештар, агар дар хонаводае ягон носозгорӣ ба миён меомад, аз имом ва муллоҳои масҷмид сар карда, то роҳбарони ҷаомату ноҳия ҳама аз паси ҳалли муааммои он хонавода мешуданд ва бо панду насиҳат роҳи ҳалли масъаларо меёфтанд, вале солҳои охир ҳамагон панди “туро газад маро чи ғам”-ро ба худ шиор намуда, ба зиндагии дигарон аслан кордор намешаванд.
Сабаби дигари афзудани ҷиноятҳои хонаводагӣ ва бо корду досту табар ба наздикони худ ҳуҷум кардани баъзе ба ном инсонҳо, ки аз даррандаҳои ваҳшӣ ҳеҷ фарқе надошта, балки бадтар аз ҳайвон рафтор мекунанд, маҳз ҳамин бепарвоии ҷомеа мебошад.