arzon replenishment
Фоҷеаи марги навраси 12 сола
2454
Кӯдаку гӯсфандҳо зери чархи мошин ҷон доданд

Рӯзи гузашта тахминан соати 21:30 дар деҳоти Суҷинаи шаҳри Панҷакент автомобили тамғаи “Опел-Астра” рамаи гӯсфандон ва кӯдаки 12 соларо пахш кардааст.

Тавре, ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ронанда Ворисов Зафар ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Дашти Маллаи шаҳри мазкур ҳангоми торик будани гирду атроф аз ӯҳдаи идора намудани мошинаш набаромада, рамаи гӯсфандонро пахш намудааст. Ронандаи 34 сола ба зер кардани рамаи гусфандон қонеъ нагашта, худи ҳамон лаҳза онҷоро тарк мекунад ва ҳаракатро идома медиҳад.

Ноомади корро бинед, ки дар ин ҳангом кӯдаки 12-сола зери чархи мошин мондааст. Навраси 12 сола Далер Селеванов бехабар аз он, ки ин лаҳзаҳо дақиқаҳои охири умраш мешаванд, дар ҷой ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ронандаи асабӣ Далери хурдсолро дар торикии шаб надида, пахш кардааст. Оқибат кӯдаки аз сад гул як гулаш ҳанӯз нашукуфтаю маззаи ҳаётро начашида дар хуни худ ғарқ гашта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад, менависад ВКД.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД