Он шаб дар хона сукут ҳукмрон буд. Собир дар миёни ин ҳама худро мисли маҳкумшуда ҳис мекард. Вале субҳи дигар, вақте ки фарзандонаш бо табассум ба назди ӯ омаданд, гӯё дили шикастааш каме зинда шуд.
Ӯ фаҳмид, ки ин фарзандон такя ва умри ӯянд ва агар барои онҳо мубориза накунад, ҳама чиз аз даст меравад. Бо вуҷуди ин, рӯйи дилаш ҳамоно соя дошт: чеҳраи Нигина, ки дар Русия бо ашки гарм аз ӯ дур шуд, ҳар лаҳза пеши назараш меомад.
Баъд аз чанд ҳафтаи зиндагӣ дар ватан, Собир фикр мекард, ки дилаш ором мешавад. Ӯ кӯшиш кард бо духтаронаш вақт гузаронад, ба занаш меҳр диҳад, ҳатто хонаи кӯҳнаро таъмир кунад. Аммо ҳар шаб, вақте ки ҳама мехобиданд, рӯи болишташ чеҳраи Нигинаро медид. Чашмони пур аз ашк, овози шикастааш: «Ту умеди ман будӣ, Собир…». Ин овоз оромашро рабуд. Ӯ фаҳмид: муҳаббат ба Нигина низ мисли хуне дар рагҳояш ҷорӣ шудааст.
Нигина вақти хайрухуш гуфта буд:
- Ман дигар туро бо ин дурӯғат қабул надорам, бирав ба роҳи худ, ман ҳам ба роҳи худ меравам. Муҳаббати мо кӯтоҳ буд дар ин шаҳри мардум.
Дилаш пур аз муҳаббат буд, вале ҳамзамон пур аз тарсу ноумедӣ. Ҳар ду медонистанд, ки муҳаббаташон воқеӣ аст, вале байни онҳо деворе аз тақдир меистод.
Собир ба корхонае ба ҳайси муҳандис дар ватан ба кор сар кард. Аммо дар умқи дилаш ҳамеша як пора ҷой холӣ монд, порчае, ки танҳо ба Нигина тааллуқ дошт.
Нигина бошад, дар он шаҳр бо ҳамон зиндагии сахт боқӣ монд, вале дигар танҳо набуд. Ӯ медонист, ки дар дунё касе ҳаст, ки бо тамоми вуҷудаш дӯсташ дошт, ҳатто агар тақдир онҳоро ҷудо карда бошад.
Вале дар гӯшаи дили Собир ҳамеша Нигина боқӣ монд. Ӯ дигар ба муҳоҷират нарафт, аммо ҳар шаб вақте ба осмон менигарист, медонист, ки дар он сӯи дур ҳам як диле аст, ки мисли ӯ ба ситораҳо менигарад.
Аз ин ҳама ҳодисаҳо, Собир ва Нигина ҳар яке дар роҳе, ки сарнавишт барояшон интихоб кард, зиндагӣ карданд. Харду панди зиндагӣ гирифтанд: Муҳаббат ҳамеша озодӣ намедиҳад, баъзан худ дар қафас аст.
Ростӣ дер ё зуд рӯ ба рӯ мешавад, ҳатто агар мо онро пинҳон кунем. Хиёнат танҳо ба дигарон нест, он бештар ба худи мо мешавад.
Фарзандон оинаи падар ҳастанд: агар он оина бишканад, садои шикастан солҳо садо медиҳад.
Баъзан ҷудоӣ аз муҳаббат худ як роҳи ҳифзи он аст.
Ба Нигина бахти сафед орзу дорем. Худо меҳрубон аст ва иншоаллоҳ ин ҷавонзани меҳнатӣ ба ҳама орзуҳояш хоҳад расид.
Аммо он мардҳое, ки оила доранду боз шарм надошта дурӯғ мегӯянд, ба онҳо нафрати беандоза!
Худо ба ҳама инсоф диҳад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН