Фиреби мард (ҚИСМИ 2)
1131

Онҳо дар қаҳвахонаи тоҷикии “Суман” вомехӯрданд. Ҳамроҳ чой менӯшиданд, аз зиндагӣ, аз ватан, аз орзуҳояшон сухан мегуфтанд. Собир ҳамеша ба чашмони Нигина бо меҳр нигоҳ мекард ва Нигина эҳсос мекард, ки дунёаш дигар холӣ нест.

Бо гузашти рӯзҳо муносибаташон ба муҳаббат табдил ёфт. Онҳо то поси шаб бо телефон суҳбат мекарданд, аммо Нигина намедонист, ки паси он табассумҳои гарм ва суханҳои самимӣ сирри вазнин пинҳон аст…

Собир дар назар ҳама чизро бо табассум мепӯшонд. Ҳар бор, ки назди Нигина меомад, ӯро бо суханони ширин ва нигоҳҳои пур аз меҳр пешвоз мегирифт. Нигина низ бовар мекард, ки дар миёни ин шаҳри сард касеро ёфтааст, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, дилашро ором мекунад.

Онҳо бо розигии ҳамдигар ба масҷиди мусалмонон рафта, никоҳ карданд. Собир ӯро ба хонаи иҷорааш овард.

Ҳар шаб, вақте ки Собир танҳо мемонд, телефони мобилаш садо медод. Дар экран рақамҳои бегона пайдо мешуданд. Ӯ бо овози паст ҷавоб медод, то касе нашунавад:

- Баъд занг мезанам...

Собир гӯё нафасашро гум мекард. Пеши назараш чеҳраи занаш пайдо мешуд: зани содиқе, ки солҳо интизори ӯ буд, духтарчаҳои хурд, ки ҳанӯз бо овози ширинашон «Падарҷон!» гуфта, дар орзуи оғӯшаш буданд.

Ман чаро ошиқ шудам? Агар Нигина фаҳмад, ки ман зан дорам, маро мепартояд. Охир, ман ба ӯ дурӯғ гуфтам, ки гӯё аз занам ҷудо шудаам.

- Чаро гоҳ-гоҳ чунин ғамгин мешавӣ, Собир? Ман мебинам, ки дилат пур аз чизест, вале намегӯӣ.

Собир бо маҷбурӣ табассум кард:

- Ин танҳо хастагии кор аст, Нигина. Бовар кун, чизе нест.

Аммо чашмонаш ҳақиқатро фош мекарданд: дар онҳо сояи бузурги андуҳ дида мешуд.

Собир оқибат рӯзе ба ҳамсараш иқрор шуд, ки дар ватан зану се духтарча дорад.

Нигина аз ӯ дур шуд, гарчанде муҳаббат ҳанӯз дар дилаш зинда буд. Гуфт, ман фикр кардам, ки ту зан надорӣ, гуфтӣ ҷудо шудаӣ, бирав ба роҳи худ ва маро фаромӯш кун. Ягон зани дуюм хушбахт нашудааст, ки ман бишавам.

Рӯзи сафар ба ватан ҳаво абрнок буд. Дар истгоҳ Собир миёни издиҳом истода, бо дили пур аз гиря бо Нигина хайрухуш мекард. Ҳар қадаме, ки ба тарафи ватан наздик мешуд, вазни дилаш зиёдтар мегардид.

Дари хонаи кӯҳнаро кушод. Аз дар духтарчаи хурдиаш бо овози ширин фарёд зад:

- Падарҷон!

Собир аз диданашон сахт ларзид. Духтарон ба оғӯшаш давиданд, ашкҳояш мисли борон рехт. Вай онҳоро ба синааш фишурд ва танҳо гуфт:

- Худоё, чӣ гуна шуморо тарк карда будам…

Аз паси онҳо занаш пайдо шуд. Чеҳрааш хаста ва пур аз ғам, вале дар чашмонаш ҳанӯз меҳр ва озурдагӣ ҳамзамон буданд. Вақте ба Собир нигарист, ашки гарон аз рухсорааш ғалтонд.

- Омадед?,- фақат ҳамин як сухан гуфт ӯ.

Собир сар ба поён андохт. Калимаҳо дар гулӯяш монда буданд. Ӯ зону зад, дастони занашро гирифт.

- Ман гунаҳкорам. Ман мехостам танҳо пул биёрам, аммо дар он ҷо… дар он шаҳр…

Занаш бо овози шикаста гуфт:

- Ман туро интизор шудам. Солҳо. Барои ту ҳам фарзандонро нигоҳ доштам, ҳам хонаводаро. Хуш омадӣ, мардак, ба кошонаат.

Собир гуфт:

- Дилам ба ту ва ба фарзандон аст. Аммо...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД