Нигина баъди аз шавҳараш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудан ба умеди зиндагии беҳтар ва харидани як кулбача дар оянда роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт. Модараш бемор, падараш нафақагир, бародаронаш ба зиндагии худ банд буданд. Ҳамин тавр, ба гардани худ бори сангин гирифт ва бо чанд дӯсти ҳамшаҳраш ба Русия рафт.
Аввалин рӯзҳо мисли орзу буданд: кӯчаҳои бузург, биноҳои баланд, равшанӣ ва суръати шаҳр. Аммо орзу ба зудӣ ба воқеияти сахт табдил ёфт. Коре, ки ваъда дода буданд, ба даст наёмад. Ба ҷои коргоҳи тоза ва маоши хуб, Нигина худро дар бозори серодам ёфт: ҳар рӯз соатҳои зиёд истода, бор мебардошт, бо муштариёни сахтгир сарукор дошт.
Сардӣ чун корд ба рӯяш мезад. Ҳар саҳар бо дастон ва рӯйи яхкарда аз хона мебаромад. Субҳҳоро бо як пиёла чой ва як пора нон оғоз мекард. Бегоҳ бо пойҳои дардманд, ки гӯё санг ба онҳо баста буданд, ба хобгоҳи танг бармегашт.
Хонаи иҷорааш аз як ҳуҷраи танг, бо деворҳои намнок иборат буд, ки чор духтари дигар низ дар он ҷо ҳамроҳаш зиндагӣ мекарданд. Ҳар яке бо қиссаи худ: яке барои фарзандонаш пул мефиристод, дигаре барои қарзи оилааш кор мекард, савумӣ барои орзуи хонасозӣ.
Нигина ҳар шаб пеш аз хоб намози хуфтанашро анҷом дода, сари ҷойнамоз менишасту аз Худо орзу мекард, ки ҳарчи зудтар ба орзуҳояш бирасад. Алам дошт аз бахти аввали шикастааш.
Рӯзи кори дароз вақте тамом мешуд, ӯ дар бозор ҳамеша чеҳраҳои зиёдеро медид, муштариёни саросема, фурӯшандагони хаста, муҳоҷирони ҳамватан, ки бо чеҳраҳои ғамгин пул мешумориданд. Дар миёни ин издиҳом гоҳ-гоҳ нигоҳи ӯ ба нафаре меафтод, ки ба дилаш оромӣ мебахшид. Ин мард бо нигоҳҳои гарм ва табассумҳои самимӣ чанд маротиба ба назди ӯ омада буд. Номи ӯро ҳанӯз намедонист. Танҳо медонист, ки вақте наздик мешавад, гӯё сармо каме мулоим мешавад ва дилаш бо шиддат метапад.
Рӯзҳои бозор мисли ҳамеша пурғавғо буданд: фарёди фурӯшандагон, садои аробачаҳои боркаш, суҳбати муштариёни саросема. Нигина дар миёни ин ҳама истода, сабзавотро ба халтаҳо мечид. Чашмонаш хаста буданд, вале дастонаш беист кор мекарданд.
Дар яке аз он рӯзҳо марде ба анбори онҳо омад. Ӯ аз дигарон фарқ мекард: қаду қомати баланд, чашмони сиёҳи бодомӣ, табассуми оромкунанда. Бо овози нарм гуфт:
- Салом, хоҳар, нархи яклухти картошка, халтааш чанд рубл аст?
Нигина ҷавоб дод:
- Салом… ин намудаш арзонтар аст, биёед гиред.
Мард ду халта картошка гирифт, сипас бо табассум ба ӯ нигарист:
- Шумо аз кадом мавзеи Тоҷикистон ҳастед?
- Аз водии Хатлон.
Каме суҳбат карданд. Мард вақти хайрухуш гуфт:
- Мо ҳамватанем, ягон хизмат шуд, гап занед. Ман дар анбори охири бозор кор мекунам.
Рӯзҳои баъдӣ ӯ боз омад. Ҳар дафъа сабаби дигар меёфт: як рӯз барои мева, дигар рӯз барои сабзавот, рӯзи сеюм барои танҳо «салом додан». Ва ҳар бор каме бештар суҳбат мекарданд.
- Чанд рӯз аст суҳбат мекунем, номатонро намедонам, ҳамшаҳрӣ. Номатон чист?,- як рӯз пурсид мард.
- Нигина.
- Чӣ номи зебо… Ман Собир ҳастам.
Аз ҳамон рӯз номаш мисли оҳанг дар дили Нигина такрор мешуд: Собир.
Оҳиста-оҳиста суҳбатҳояшон тӯл мекашид. Баъд аз кори вазнин Собир ӯро то хонааш гусел мекард. Боре дар роҳ гуфт:
- Ман медонам, ки муҳоҷират осон нест. Аммо бовар кунед, вақте ки ту баъди кори вазнин ба рӯям як бор табассум мекунӣ, тамоми хастагиҳоям меравад.
Нигина хиҷолат кашид, аммо дар дилаш гӯё оташи муҳаббат равшан шуд. Шабонгоҳ дар бистараш ғелида, ба худ мегуфт: «Шояд дар ин шаҳри сарди бегона касеро ёфта бошам, ки маро мефаҳмад? Шояд ӯ тақдири якумраи ман бошад?”.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН