Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!
Номи нек хотираи инсонро ҳатто баъди маргаш низ дар дилу дидаи мардум абадан зинда нигаҳ медорад. Бахтиёр Худойназаров яке аз чунин фарзандони накӯноми миллати тоҷик мебошад, ки ҳатто баъди маргаш низ нафъаш ба миллат мерасад.
Бахтиёр Худойназаров ягона коргардони тоҷик аст, ки номашро дар арсаи олам дар радифи машҳуртарин коргардонҳои синамои ҷаҳонӣ ба забон мегиранд. Ба рӯйхати “19 шоҳкории синамои ҷаҳон” дохил шудани филми ин коргардони тоҷик “Братан” бори дигар бузургӣ ва нотакрории Бахтиёр Худойназаровро ҳамчун коргардон собит намуд.
Филми мазкур дар ҷашнвораи “Венетсия” аз ҷониби комиссияи бонуфуз ба ин рӯйхат пешниҳод гаштааст. Ёдрас мешавем, ки ҷашнвораи “Венетсия” яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои синамоӣ дар миқёси олам ба шумор рафта, қариб сад сол боз боз арзи ҳастӣ дорад.
Дирӯз дар шаҳри Венетсияи Италия ҷашнвораи 79-уми Венетсия ба кори худ шурӯъ намуд, ки ба ҷашни 90-солагии ин ҷашнвораи баландпояи ҷаҳонии синамо бахшида шудааст.
Ба ҷашнвораи Венетсия, ки расман Намоишгоҳи байналмилалии синамо ном дорад, коргардонҳои кишварҳои мухталифи олам 23 филм пешниҳод гашта, имсол рақобати синамогарон барои ба даст овардани “Шери тиллоӣ”, “Шери нуқрагун”, Шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳои ин ҷашнвора маъруф хеле шадид сурат хоҳад гирифт. Ғолибон рӯзи 10 сентябр эълон мешаванд, вале аллакай дар бахши “Классикаи Венетсия” ҳакамони ҷашнвора 19 филми шоҳкории синамои ҷаҳониро барои намоиш интихоб кардаанд. Дар байни ин шоҳкориҳо филми “Братан”-и коргардони зиндаёди тоҷик Бахтиёр Худойназаров низ ҳаст.
"Братан" соли 1991 ба навор гирифта шуда, яке аз охирин филмҳои шоҳкории студияи “Тоҷикфилм” ва дар маҷмӯъ синамои Шӯравӣ ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки дар байни 19 шоҳкории синамои олам танҳо “Братан” ва филми коргардони тайванӣ Эдвард Янг бо номи “Сардаргумии Конфутсий” (1994) баъди солҳои 90 офарида шудаанд. Аксари филмҳои дигар маҳсули солҳои 1960-1970 ва ҳатто аз даврони синамои сиёҳу сафед мебошанд.
Ба рӯйхати “19 шоҳкории синамои ҷаҳон” дохил шудани филми коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров боиси ифтихори тамоми миллати тоҷик буда, ба василаи ин филм синамои тоҷик низ дар арсаи олам шинохта хоҳад шуд.
Бахтиёр Худойназаров 29-майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, солҳои аввали фаъолияташ дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати журналист кор мекард, баъдан ба ҳайси ёрдамчии коргардон ва коргардон дар студияи “Тоҷикфилм” фаъолият намудааст. Соли 1989 Бахтиёр Худойназаров факултаи режесураи ВГИК-ро дар шаҳри Маскави Россия хатм намуда аз ҳамон давра ба офаридани филмҳое сар кард, ки ҳам аз нигоҳи диди режессёрӣ ва ҳам аз назари маънӣ комилан фарқ доштанд.
“Падари моҳтобӣ”, “Қош ба қош”, “Братан” аз зумраи филмҳои нахустини ин коргардони боистеъдоди тоҷик ба шумор мераванд, вале дар як муддати хеле кӯтоҳ мухлисони бешумори худро пайдо намуда, сазовори таҳсину офарини устодони соҳаи синамо дар кишварҳои мухталифи олам гаштанд.
Ҳамин тавр Бахтиёр Худойназаров ҳамчун коргардон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, чандин ҷоизаҳои байналмиллалиро дар бахши синамо ба даст овард, ки “Шери нуқрагин”, ҷоизаи “Ник”аз ҳамин қабиланд.
Аввалҳои солҳои 1990 дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ сар зад ва дар қатори садҳо нафар мардони бофарҳангу заковатманди миллат, ки тобу тоқати дидани куштору хунрезӣ ва бераҳмию ҷаҳолатро надоштанд, ин марди ҳунар низ маҷбур шуд, ки тарки Ватан намояд.
Бахтиёр Худойназаров аз соли 1992 дар шаҳри Берлини Олмон умр ба сар бурда, филмҳои олиҷаноби ба тамоми талаботҳои синамои ҷаҳон мувофиқ меофарид ва дар ҷашнвораҳои байналмиллалии синамо ҳамеша худро тоҷик ва фарзанди Тоҷикистон муаррифӣ менамуд.
Мутаассифона, умр ба ин ҷавонмарди сар то по ҳунар вафо накарда, рӯзи 21-апрели соли 2015 дар шаҳри Берлини Олмон қалби яке аз беҳтарин коргардонҳои тоҷик Бахтиёр Худойназаров аз тапидан монд. Бахтиёр Худойназаров ҳамагӣ 49-сол умр дид, вале дар умри кӯтоҳаш чунон шоҳкориҳое офарид, ки дигарон ҳатто дар 100 сол ҳам нисфи онро фарида наметавонанд. Ёдат ба хайру ҷоят биҳишти ҷовидон бод, марди накӯном ва ҳунарманди асил!
Ф. Сатторӣ