Sebiston new 2024 october
ФЕЙСБУКУ ГУГЛ АНДОЗ МЕСУПОРАНД?
1257

Тоҷикистон мехоҳад буҷаашро аз ҳисоби ширкатҳои бузурги интернетӣ ғанӣ гардонад ва барои ин таҷрибаи кишварҳои ҳамсояро кор бурданист. Аммо зоҳиран пулро на ширкатҳо, балки корбарони қаторӣ пардохт хоҳанд кард.

Бар асоси меъёрҳои ҷадид, шахсону ширкатҳои хориҷие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба хизматрасонии электронӣ машғуланд, муваззафанд андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 18 дарсадро ба буҷа пардохт кунанд. Ариза барои қайдгузорӣ бояд на кам аз 30 рӯзи тақвимӣ то оғози хизматрасонӣ пешниҳод карда шавад.

"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорад
Мақомоти андоз зарурати ин навъи андозро ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва даромад аз додугирифти интернетӣ рабт дод. Аммо эҳтимолан, омили калидӣ дигар аст – мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи нисбатан хуби Русия ва дигар ҳамсояҳоро дида, тасмим гирифтанд ин иқдомро ба манфиаташон татбиқ кунанд.

Аммо фарқият дар он аст, ки Тоҷикистон аз рӯи теъдоди корбарон ва фарогирӣ бо алоқаи босифат бозори чандон муҳим барои абарширкатҳои интернетӣ нест ва онҳо метавонанд бо талаботи Ҳукумати Тоҷикистон розӣ нашаванд.

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони тоҷику русиягӣ суол кард, ки чӣ гуна дар кишвар ба истилоҳ "андоз аз Google" кор хоҳад карду чӣ пайомадҳо дошта метавонад.

Танга аз интернет ба хазина
Барои фаҳмидани таъсири андози нав ба бозори интернетӣ метавон ба таҷрибаи Русия нигарист. Дар Русия ин қонун ҳанӯз чор сол қабл мавриди амал қарор гирифт ва ҳанӯз дар марҳилаи аввали баррасии он бархе иштирокдорони бозор ошкоро иқрор карданд, ки нархҳо барои истеъмолкунандагонро боло хоҳанд бурд. Бархеи дигар изҳор доштанд, ки нархҳоро боло нахоҳанд бурд, аммо дар баробари ин нагуфтанд аз кадом ҳисоб хароҷоти андози навро ҷуброн хоҳанд намуд.

Масоили дигар ҳам буданд: Барои мисол чӣ гуна хориҷиёнро метавон барои сабт дар мақомоти андози Русия водор кард ва умуман чӣ гуна ширкатҳои хориҷиро, ки дар Русия намояндагӣ надоштанд, аз пайдо шудани чунин намуди уҳдадорӣ дар кишвар огоҳ кард.

Ҳамаи ин масоил барои Тоҷикистон низ ҳалталабанд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мудири Бунёди ҷамъиятии ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ин масъаларо бо назардошти таҷрибаи Русия ҳал хоҳанд кард.

"Тоҷикистон бозори хурд аст ва барои ширкатҳо ифтитоҳи намояндагӣ барои пардохти андоз муфид нест. Ин ба он маъност, ки миёнаравҳое пайдо хоҳанд буд, ки расман ба ҳалли ин масъала машғул мегарданд. Азбасти ҳаҷми хизматрасониҳо дар кишвар бузург нест, болоравии ҷиддии нархҳо низ сурат нахоҳад гирифт”, - изҳори назар кард Ибодуллоев.

Карен Казарян, таҳлилгари асосии Ассотсиатсияи мухобироти электронӣ, ки ба он аз ҷумла Google, Microsoft ва Mail.ru Group шомил ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз лаҳзаи қабули қонун бархе монеаҳо барои гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ошкор гардиданд.

Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?
Аввалан ин расмиёти марбути сабт ва мутобиқатии санадҳои молиявии дохилию байналмилалӣ мебошад. Сода карда гӯем, агар ба бахши хусусӣ дастурамали қоидаҳои шаффофу фаҳмо пешниҳод нашавад, ягон ширкат дар ҷумҳурӣ сабти ном нахоҳад кард.

“Дар Русия ба ин мушкилот дучор шуданд ва феълан як навъ муросокорӣ роиҷ шудааст, ки қисми андозро ширкатҳои махсус сабтшуда барои риояи низом ва қисми дигарро ширкатҳои интернетӣ ҳамчун агентҳои андозӣ пардохт мекунанд”, - таъкид кард Казарян.

Ба гуфтаи ӯ феълан дар ҷаҳон раванди татбиқи меъёрҳои ягонаи андозбандӣ дар тиҷоратӣ интернетӣ ҷараён дорад ва кишварҳои хурди рӯ ба рушд интихоби дигаре ҷузъ қабули қонунҳои умумии тиҷоратро надоранд.

“Вақте мо дар бораи Тоҷикистон суҳбат мекунем, бояд ба назар гирифт, ки хароҷоти ширкатҳо барои сабт дар ҷумҳурӣ ба гумон аст, ки зиёдтар аз даромади ширкатҳо дар ҷумҳурӣ бошад”, - изҳор дошт Казарян.

Мушкилоти фискалии Тоҷикистон
Бархе таҳлилгарон бар инанд, ки Тоҷикистон зимни татбиқи қонуни нав дучори мушкилот хоҳад шуд. Барои мисол ширкатҳо метавонанд, қонунгузории маҳаллиро сарфи назар кунанд ва ё умуман аз фишангҳои сиёсӣ истифода намоянд. Аз ҷумла ширкатҳои бузурги интернетии чинӣ метавонанд барои кумак ба Пекини расмӣ, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Ширкатҳои интернетӣ андоз супоранд: қабули қонун дар Тоҷикистон
Аз ин рӯ водор кардани бахши тиҷорӣ ба гумон аст ва андозбандӣ тариқи як навъ муросокорӣ сурат хоҳад гирифт, изҳор дошт таҳлилгари молиявӣ, Дмитрий Голубовский.

“Чӣ гуна метавон пардохт тариқи PayPal-ро пайгирӣ кард? Ё тариқи паёмрасони чинии WeChat, ки дар он як нафар бевосита ба дигаре тариқи юанҳои электронӣ пардохт мекунад. Аз ҳама суоли муҳим – чӣ мешавад, агар касе нахоҳад ин маблағҳоро пардохт кунад? Чӣ гуна мақомоти андоз метавонанд аз ин огоҳ шаванд? Бо вуҷуди эҳтироме, ки нисбати Тоҷикистон қоилам, аз нуқтаи назари таъминоти барномавӣ хадамоти андози ҷумҳурӣ сахт ақиб мондааст”, - масъалагузорӣ кард таҳлилгар.

Таҷриба: Ҳукумати Тоҷикистон хостаашро мекунад
Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, дар масъалаи андозбандӣ Ҳукумати Тоҷикистон одат кардааст, ки мақсадашро бароварда созад ва агар зарур ояд аз сиёсати ба истилоҳ “дастбандӣ” низ истифода хоҳад шуд.

Мисоли ин гуфтаҳо – ҳодисаи соли 2017-ум аст, вақте мақомот барои даромадҳои нагирифта ширкатҳои телекомуникатсиониро водор ба пардохти андоз карданд. Талаботи мақомоти Тоҷикистон норӯшан буданд ва ширкатҳо ҳамин тавр нафаҳмида монданд, ки барои чӣ бояд ҳудуди 20 миллион долларро ба буҷа пардохт намоянд.

Дар натиҷа бархе аз иштирокдорони бозор тарки кишвар карданду қисми дигар “ҷарима”-и ғайричашмдоштро пардохт намуданд.

“Ин масъала дар мо хеле сахт аст – агар тасмим дар сатҳи давлатӣ гирифта шуда бошад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамаи “саркашҳо” монеагузорӣ хоҳанд кард”, - гуфт роҳбари Ассотсиатсияи операторҳои мобилии Тоҷикистон, Ғафур Эркаев.

“Андоз аз Google"-ро истифодабарандагон мепардозанд?
Эҳтимолан дар натиҷа ҷонибҳо масъалаи молиявиро ором бидуни баҳсҳои зиёдатӣ ҳал хоҳанд кард ва ҳалли муросокорона мутаассифона аз ҳисоби мизоҷони қаторӣ пайдо хоҳад шуд.

“Тоҷинвест” барои ҷалби сармоя “Портал тиҷоратӣ” роҳандозӣ хоҳад кард
“Ин чӣ гуна ба корбарон таъсир хоҳад дошт? Ширкат осон ба нархҳо арзиши хоизматрасонии худро шомил хоҳад кард. Аз ин рӯ ин андозбандии истифодабарандагон аст, ҷои шакке нест”, - муътақид аст Голубовский.

То ҳол “андоз аз Google" дар чор кишвари пасошӯравӣ ҷорӣ карда шудааст: дар Русия (аз соли 2017), Беларус (аз 2018), Ӯзбекистон ва Молдова (аз соли 2020). Аз нуқтаи назари техникӣ Душанбе метавонад таҷрибаи Тошкандро истифода барад, ки тибқи он ширкатҳои хориҷӣ аз рӯи дафтари махсуси Андоз аз арзиши иловашуда – “НДС” сабт мешаванду ҳисобот медиҳанд.

Агар Тоҷикистон ба ҳадаф расад, чун дигар кишварҳои зикршуда манбаи даромади иловагӣ ба буҷа хоҳад гирифт, ки дар шароити феълӣ хеле зарурӣ мебошад.

Аз назари Ҳукумат ин иқдом арзишманданд, чун дар Ӯзбекистон ҳамсоя ширкати Apple танҳо барои як семоҳа 59,2 ҳазор доллар ва Netflix - 4,3 ҳазор евро андоз пардохт кардааст.

Ин пули бузург нест, аммо дар пасманзари афзоиши таваррум, қарзҳои хориҷӣ ва қарздориҳо аз маош ҳар доллар арзишманд аст, ки эҳтимолан ширкатҳои бузурги интернетӣ низ пардохти онро рад нахоҳанд кард.

Бознашр аз Спутник.тч""

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД