Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.
«Шашмақом» - мусиқии пурғановат ва мероси пурбаҳои мардуми тоҷик аст, ки ҳамасола 12-уми май дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон таҷлили гиромидошти он қайд мегардад.
Аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории ҷаҳонии ғайримоддӣ эълон гардидани ин шоҳасари мусиқии халқи тоҷик шукуҳу шаҳомати онро бештар дар арсаи олам ҷилвагар намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар, ба ин муносибат ва бо мақсади ташвиқу тарғиби ин осори безавол аз 10 то 14-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Фестивал - симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси кишварҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон ва Эрон баргузор мегардад.
Тибқи барномаи чорабинӣ 11-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиум дар мавзӯи “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” ва дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал бо барномаи консертии ҳунармандони тоҷик, рўзи 12-уми май галаконсерт бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар ҷараёни Фестивал-симпозиум ташкили дарсҳои маҳорат бо услуби “Устод - шогирд” дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар назар аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки 7-уми ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО "Шашмақом"-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.