Sebiston new 2024 october
Файзалӣ Ҳасан: Аз латифаҳо намеранҷам, зеро...
486


Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан 75-сола шуд. Дар арафаи ин санаи фархундаи умр устод меҳмони барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютубканали pressa.tj буд. Фишурдаи ин суҳбатро манзури шумо мегардонем.

Видеои суҳбати мазкурро дар ютубканали pressa.tj тамошо кунед.

Пайроҳаи ҳунар

Файзалӣ Ҳасан зодаи ноҳияи Даштиҷуми вилояти Хатлон аст. Баъди хатми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (соли 1968) ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972, пас аз хатми он ба ноҳияашон ба кор рафт.

Се сол ба сифати директори мактаби мусиқии ноҳия фаъолият намуд. Аз соли 1975 то соли 2003 роҳбари Театри халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд. Бо пешниҳоди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахт омад ва ҳамчун роҳбари бадеии ансамбли "Дарё" як муддат фаъолият кард. Алҳол дар ансамбли давлатии "Фалак" ба сифати солист, омӯзгори ансамбл, ҳамзамон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов муаллими дарси "Фалак" мебошад.

Барои хизматҳои назаррасаш дар соҳаи санъати мусиқӣ (ҳанӯз дар сисолагиаш) бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ордени "Шараф" дараҷаи якум, (соли 1999) қадрдонӣ шудааст. Барои силсилаи сурудҳои ватандӯстонааш (соли 2013) бо Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид.

Аз зиндагӣ пушаймон нестам

-Устод 75-солагӣ муборак. Ин санаи умрро бо чӣ рӯҳия пешвоз мегиред?

-Ин санаи умрро ман бо рӯҳияи эҷодӣ пешвоз мегирам. Шукр мекунам, ки ин қадар сол рӯйи саҳна будам. Ба мардум хизмат кардам. Хушҳолам ки дар ин синну сол ҳам рӯйи саҳна ҳастам ва ҳанӯз ҳам мардум ҳунари маро қадр мекунад.

-Чанде қабл хабаре нашр шуд, ки шумо бемори вазнин шудаед.

-Бале...

-Дар бистари беморӣ аз чӣ меандешидед?

-Воқеан, дар он рӯзҳое ки шадидан бемор будам, зиёд аз умри гузаштаи хеш андеша кардам. Ҳамон рӯзҳо аз Худованд хостам, ки агар як маротибаи дигар имкон медод, ки сари по мешудам, ба мухлисонам як консерти зинда баргузор мекардам. Шукр, ки ин орзуи ман амалӣ шуд. 9 майи соли равон дар “Кохи Суруш” барномаи консертии сесоатиро пешкаши мухлисонам кардам.

Мактаби Одина Ҳошим

-Шумо шогирди мактаби Одина Ҳошим ҳастед. Кадом хусусиятҳои хосаи эшон дар хотири шумо нақш бастаанд?

-Устод дар ниҳояти шикастанафсию серкорӣ ва сахтгирӣ (албатта, барои манфиати кор) қарор доштанд. Бисёр заҳмат мекашиданд. Сари ҳар як мисраю байт андешаманд мешуданд. Ҳам худашон ва ҳам мо, шогирдонашонро, барои хондани суруди пурмаъно раҳнамун месохтанд. Агар тасодуфан аз ягон ҳунарманде суруди андаке каммазмунро мешуниданд, ба қавле бемор мешуданд. Одати дигарашон ҳамин буд, ки шеъреро, ки муаллифаш маълум набуд, намехонданд. Пайаста мегуфтанд, ки шеъри бесоҳибро нахонед.

-Мегӯянд, ки устод Одина Ҳошим як миллион мисраъ шеърро азёд медонистанд. Оё ин рост аст?

-Ба шеършиносию маънифаҳмӣ ва пурдонии эшон ҳеҷ як шакку шубҳае набуд. Устод воқеан, зиёд медонистанд. Аҷибаш ин аст, ки устод ҳар чизи хондаашонро аввал худашон ба умқаш мерасиданду баъд пешкаши шунавандагон мегардониданд. Эшон мисли дарёе буданд, ки нахуст худашон дар он ғарқ мешуданд, дурри маънӣ меҷустанд ва боз мисли ғаввосони гавҳаршинос ба соҳил мебаромаданд. Мутмаинам, ки касе аз аҳли санъати мо ба шодравон баробар нахоҳад шуд. Банда хушбахтиамро дар тарбияи ӯ мебинам. Агар таълими ӯро намегирифтам, шояд имрӯз касе маро чун санъаткор намешинохт.

Роҳи худ

-Устод Шумо ҳам роҳи устодатонро идома додед ва бештар ғазал мехонед. Чунин сурудҳои баландмазмунро чӣ тавр интихоб мекунед?

-Банда мекӯшам, ки ҳар чӣ мехонам, аввал худам онро ҳазм намоям, то дигарон аз он ғизои маънавӣ бигиранд. Ҳофиз бояд ҳатман табъи баланди шеърфаҳмӣ, оҳангшиносӣ дошта бошад, вагарна нахонданаш беҳтар аст. Шеъру суруд, ки бо ҳам тавъам омад, гӯш роҳат мекунад ва табиист, ки ҷисми инсон низ ҳузур мекунад.

-Имрӯз аксари сарояндаҳо сурудҳои бемазмун месароянд...

-Мутаассифона, завқи сарояндаҳо ҳам паст шудаасту завқи мардум ҳам. Зеро чунин сарояндаҳоро мардум ба тӯйю маъракаҳояшон бурда пул ҳам медиҳанд.

-Шумо оҳангсоз ҳам ҳастед. То имрӯз чӣ қадар суруд навиштаед?

-Ман аслан ҳисоб накардаам. Шояд бештар аз 200 оҳанг эҷод карда бошам. Ман ҳунарманде ҳастам, ки дар интихоби матн соҳибихтиёрам. Шеъри хуб ҳатман оҳанги хуби худро дорост. Агар матн пурмаъно бошад, ҳофиз мекӯшад, ки ба он мусиқии шунидание бинависад. Банда ба аксари сурудҳоям худам оҳанг эҷод намудаам. Аммо дар баробари ин, бо бастакороне чун устодон Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Абдуфаттоҳ Одинаев (рӯҳашон шод бод!) ҳамкорӣ кардаву ба оҳангҳои эҷоднамудаи эшон сурудҳо иҷро кардаам.


-Дар атрофи номи Файзалӣ Ҳасан латифа зиёд аст. Аз ин хафа намешавед?

-Аввлаҳо меранҷидам. Вале баъдан фикр кардам, ки чаро атрофи номи дигар кас неву маҳз атрофи номи ман латифа мебофанд? Маълум аст, ки ин ба хотири машҳур будани ман аст. Бинобар ин, ҳоло намеранҷам.

-Ҳоло ба чӣ кор машғулед?

-Ман солҳои охир дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дарс мегӯям. Дар баробари кори эҷодӣ ба шогирдон нозукиҳои ҳунарро меомӯзам. Ҳамасола шогирдони мо консерваторияро хатм карда, дар ансамблҳои шаҳру навоҳӣ кору фаъолият мекунанд. Аз муваффақияти шогирдон хушнуд мешавам.

-Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

-Давоми ҳамин моҳ 3 консерт дорам, санаи 20-ум дар шаҳри Ҳисор, 23 дар Кӯлоб ва баъдан дар Роғун. Пас аз ин сафар дорам ба Ҷумҳурии Исломии Эрон. Дар даҳ шаҳру вилояти Эрон 10 консерт баргузор мекунам...

-Ба шумо барор мехоҳем.

-Ташаккур.
                                                         Мусоҳиб ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД