Arzon march 2024
ФАВРӢ: СЕ НАФАРРО ОТАШ БА КОМИ ХУД КАШИД
3020

Шаби гузашта, тахминан соати 23:18 дар хонаи истиқоматии як сокини шаҳри Панҷакент, деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ сӯхтор сар зада, боиси марги се нафар аз аъзоёни оила гардидааст.

Ба гуфти сомонаи ВКД сарвари ин оила Солиев Баён Расулович муваққатан бекор буда, ҳамагӣ 56 сол дорад. Хонаи истиқоматии ӯ аз қисми оташнишонӣ дар масофаи 37-киллометр ҷойгир аст. То расидани мошини оташнишонӣ дар масофаи 70 метри мураббаъ болопӯш ва дохили манзили истиқоматиро алангаи оташ фаро гирифт. Дар натиҷаи сӯхтор, зарари он ба дигар биноҳои истиқоматии шаҳрвандон низ расид.



Бинобар иттилои сомонаи расмии ВКД, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, сӯхтор бо истифода аз як адад нақлиёти соҳавӣ дар масоҳати аввалааш дар кӯтоҳтарин фурсат ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

Аммо сад афсӯс, ки гурӯҳи оташфишон барои наҷот додани модару ду кӯдак дер карданд. Дар натиҷаи сӯхтор 3 талафоти ҷонӣ шуду як кас дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ гардид. Каримова Таҳмина Арслоновнаи 43-сола бо ду фарзандаш- Солеҳзода Меҳваршо соли таваллудаш 2016 ва Солеҳзода Талабшо соли таваллудаш 2018 дар дохили хонаи оташгирифта пурра сӯхта, ба ҳалокат расиданд. Солиев Баён Расулович бо дараҷаи 2.3.4-ум (99%) сӯхтагии бадан ва 30% сӯхтагии роҳҳои нафас ба Шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол ёфта, дар он ҷо бистарӣ гардид.

Сабаб ва гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад, омадааст дар хабари ВКД.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД