“Ман ин қадар зани меҳрубон ҳастам, ки агар шаҳварам ҷӯроби худро бо дасти худаш пушад, аз ӯ хафа мешавам. Ман ҳатто ҷӯроби шавҳарамро ба дасти худам пӯшонам, нохунҳояшро тоза кунам. Ӯ мард ба умед зан мегирад, барои ӯ фарқ надорад, ки ту Фарзона ҳастӣ ё каси дигар ҳастӣ. Ту бояд ҳурмати мардро ба ҷо биёрӣ. Модарам ба ман ин гуна тарбият додааст ва ман бояд ҳамаи қарзи худро пеши шавҳарам иҷро кунам. “
Ин порае аз суҳбати Фарзонаи Хуршед, сарояндаи тоҷик аст, ки дар барномаи “Гуфтугӯи вижа” бо Самир Расулӣ мебошад, рӯзноманигори Садои Амрико мебошад. Дар ин навор Фарзонаи Хуршед дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат мекунад ва аз нақшаҳояш низ ҳарф мезанад.
Ин сарояндаи тоҷик аз зиндагии шахсиаш ёдовар шуда мегӯяд, ки соҳиби ду фарзанд Закияҷон, ки 7 сол дорад ва писараш Муҳаммадхуршед аст, ки 6 сола аст. Ӯ номи Муҳаммадро дӯст медорад ва писарашро ба хотири нигоҳ доштани номи падараш чунин номгузорӣ кардааст. Ба саволи он ки дар фикри дубораи оиладор шудан ҳаст ё не, чунин посух дод:
“Худо ягон занро дарду ранҷ надиҳад. Аммо зиндагӣ якбор шикастанаш барои зан як қоматаш мешиканад. Нафарони зиёд фикр мекунанд, ки барои ҳунармандон шикастани зиндагӣ ҳеҷ чиз нест, аммо барои ҳар як зан вақте фарзандаш савол медиҳад, ки падари ман куҷост ё чаро падари ман намеояд, ин саволҳо ҳар як қабурғаи занро мешиканад, хуни дил мешавӣ. Ҳар як дафъа фарзанд савол медиҳад, ҷавоб доданаш мушкил аст. Ҳеҷ вақт зан намехоҳад, ки падари фарзандонаш аз ӯ дур бошад, аммо ин насиби қисмат аст.”
Дар илова Фарзона дар бораи вохӯрии падари фарзандонаш мегӯяд, ки: Ман ҳеҷ гоҳ монеи вохӯрии падари фарзандонам нестем, чунки ин кор на аз рӯи қонун аст на аз рӯи ислом. Ҳар вақте падарашон мехоҳад ё фарзанд мехоҳад, ба ҳам во хӯранд. Ман ин чизро ҳеҷ вақт банд карда наметавонам. Чунки Худованд агар маро бо ӯ рост намеовард, ман соҳиби фарзанд намешудам. Ман Худоро шукр мегӯям, ки соҳиби ду фарзанди дӯстрӯй ҳастам. Ман ҳамеша ҳурмати эҳтироми ӯро аз рӯи одоб ва аз рӯи ислом медонам.
Дар бораи тасмимаш барои оиладоршавӣ қайд кард, ки мумкин дар оянда , мумкин ба наздикӣ издивоҷам сурат гирад. “Бале, ҳаст марде, ки ҳамун ғаму ғуссаро аз дилат мебарорад ва ваъда медиҳад, ки туро хушбахтарин зани дунё мекунам, мегӯяд. Ӯ дубора иброз медорад, ки то ҳол чунин мард набуд, аммо Худованд ба он рӯзҳо расонад”, мегӯяд Фарзона.
Ӯ дар бораи нақшаҳояш дар баргузор намудани консерт гуфт, ки дар нақша бисёр фикрҳои хуб дорам. Мехоҳам имсол каме ҳам бошад хотири мухлисонамро шод гардонам. Як нуқтаи ҷолибаш ин аст, ки бо як нафар ман консерти худро мегузаронам, аммо шахсияти ӯро ошкор намекунам, бигзор ин “супрайз” барои мухлисонам бошад, гуфт ин сароянда. Нақшаи дигари Фарзонаи Хуршед муаррифи атри “Shady by Farzona Khurshed” гуфт ва тамоми форси забонони дунёро даъват намуд.
Фарзонаи Хуршед дар бораи чӣ гуна иваз кардани орзӯяш, ки духтур шуданро дошт, қисса кард. Ӯ гуфт ки як суруд ва пазироии гарми мухлисони модараш нақшаашро ба кулли тағйир дод ва ӯ бо дуои модар барои ҳамеша рӯи саҳна омад. Дар бораи бозхонии сурудҳояш низ изҳори назар кард ва гуфт, ки мехоҳад зиёд сурудҳои мардонро бозхонӣ кунад, чунки садои занон ширин аст ва мардон инро бисер хуб қабул мекунанд.
Дар охири барнома Самир Расулӣ аз Фарзонаи Хуршед барои тамошои шаҳрҳои Тоҷикистон пурсон мешавад ва ин сароянда шаҳрҳои Данғара, Кӯлоб, Шуғнон, Бохтар ва Чилдухтарон тавсия медиҳад.
Фарзонаи Хуршед, духтари Сураё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сураё яке аз сарояндаҳои саршинос мебошад.