Formula novemver 2024
ФАРЗОНА ДАР ЗЕРИ ЧОДАРИ АРӮСӢ ХУКУШӢ КАРДУ...
10056

Духтар не, фаришта!
Фарзона дар байни духтарони синфамон аз ҳама фаъолу босавод буд. Шабу рӯз сарашро аз китобу дафтар намебардошт, мехонду мехонд. Ҳар гоҳе ба хонаашон равам, аз китобҳои хондааш нақл мекард. Духтари аҷибе буд, на касеро ғайбат мекард, на бадгӯӣ, заррае парвои оламу одам дошт. Падараш муллои номдор буд ва намехост Фарзона дар мактаб хонад, вале муаллимон бо зӯрию зорӣ ин марди бузришу бадзабонро маҷбур намуданд, ки ба таҳсили духтараш розигӣ диҳад. Аниқтараш аз тарси қонун мулло духтарашро ба мактаб монд. Устодонамон дониш ва ақлу одоби Фарзонаро ба назар гирифта ӯро раиси шӯрои духтарон интихоб намуданд. Баъди раиси духтарон шудани Фарзона мактаби мо пур аз духтар шуд. Ахлоқи ҳамида ва рафтору гуфтори малеҳи духтари муллоро дида, мардуми тангназари ин деҳаи куҳӣ ба духтарҳояшон иҷозати таҳсил намуданро медоданд.
Исёни бародарони ҷоҳил
Солҳо турнасон гузаштанду мо мактабро хатм намудем. Дар таърихи мактабамон бори аввал талаба бо медали тилло мактабро хатм мекард ва ин хонандаи намунавӣ Фарзона буд. Ҳамон рӯз аттестати пур аз баҳои аъло ва медали тилло дар даст ҳардуямон ба хонаи падари Фарзона рафтем, то домуллоро бо ин комёбии духтараш табрик гӯем. Гумон доштам, ки падару модар ва бародаронаш ба ваҷд омада, дугонаамро бӯсаборон мекунанд, вале хаёлам хом баромад. Бародарони золими Фарзона ҳуҷҷатҳоро пора-пора карданд ва медали тиллоро бо ғазаб ба гӯшае ҳаво дода, духтари бечораро бе гуноҳ зери мушту лагад гирифтанд. Ҳарчанд кӯшиш намудам, дугонаамро аз зери мушту лагади бародарони хунхораш халос карда натавонистам. Барои халосии дугонаам бо писаронаш часпу талош намудани маро дида, домулло ба ғазаб омад ва аз дастам гирифта маро аз дарвозаи хонааш берун карду таъкид намуд:
-Аблаҳи худобехабар, сари духтари маро ту бо сафсатаҳоят гаранг мекунӣ. Дигар қадаматро ба дарам намон, ки поятро зада мешиканам! Бо чашмони ашкбор ба хона омада воқеаро ба модарам нақл кардам. Дили модарам ба ҳоли зори дугонаам сӯхта бошад ҳам, маслиҳат дод, ки дигар ба ҳаёти шахсии Фарзона дахолат накунам, чунки падараш муллои ҷодугар асту аз дасташ ҳар кор меояд.
Овозаю овоза дар кӯча гапи тоза
Аз байн се рӯз нагузашта дар маҳалла овоза шуд, ки духтари мулло шавҳар кардааст. Ҳайрон шудам, ки ин домоди тайёрро аз куҷо ёфта бошанд. Нисфирӯзӣ ҷониби хонаи мулло равон шудам, то фаҳмам, ки дугонаам ба кӣ ба шавҳар баромада истодааст. Дарвозаро ба рӯям модари Фарзона бо қошу қавоқи гирифта ва рӯи турш кушода гуфт:
-Духтари хира, туро пеш ҳам кардем, боз омадӣ?! Аҷаб берӯй будаӣ!
-Хола, ман назди шумо наомадам, дугонаамро дидан мехоҳам. Шунидам, ки Фарзонаро ба шавҳар медиҳед, барои ёрдам кардан омадам,-гуфтам дар ҷавоб бо умеди нарм кардани дили ин зани мағруру ҷаллод, вале тирам ба ҳадаф нарасид.
-Ба мо ёрдами ягон кас лозим нест! Кӣ будани домодро донистан хоҳӣ, ман ба ту мегӯям. Дугонаатро ба як ҷавонмарди бою бадавлат ба шавҳар додем. Акнун Фарзона бойхотун шуда, шоҳона зиндагӣ мекунад. Ту барин гушнаю ташна ва сарлучу пойлуч намегардад ,-Инро гуфта зани мулло дарвозаро ба шаст пӯшид. Фаҳмидам, ки аз ин пас дари ин хонадон барои ман абадан баста аст, оҳи сард кашида навмед ба хона баргаштам.
Тӯйи бе доира
Дар байни як ҳафта тӯйи Фарзонаро гузарониданд. Аниқтараш ин тӯй не, танҳо як маъракаи хурдакаки бе савту наво ва рақсу суруд буд. Муллои номдор ҳатто хешу таборашро ба тӯйи духтари ягонааш таклиф накард. Субҳ барои мардуми деҳа як дег ош доданду шабона домод худаш танҳо омада Фарзонаро ба хонааш бурд. Бисёр мехостам шоҳиди бахти дугонаам шавам, вале падару модараш натанҳо ман, балки ягон ҳамсинфамонро аз дари хонаашон даромадан намонданд. Фарзонаи бечораро волидонаш мисли гове, ки ба бозор бурда мефурӯшанд, кӯтарасавдо карда, ба ким-кадом ношинос доданд.
Номаи даҳшатангез
Субҳи рӯзи дигар ҷияни Фарзона ба хонаи мо омад ва маро ба гӯшаи хилвате бурда як коғази чорқатшударо ба дастам доду гуфт:
-Апаҷон, инро Фарзона дода хоҳиш кард, ки ба шумо расонам. Илтимос, ба ин ҷо омадани маро ба ягон кас нагӯед. Бибию бобоям фаҳманд, маро ба дор меовезанд!

Бо аломати ризо сар ҷунбонда номаро ба кисаи хилъатам андохтам. Пас аз гусел кардани ҷияни Фарзона ба хонаи хоби худам даромада, номаи дугонаамро кушодаму ҳуш аз сарам парид.“Дугонаҷон, вақте ки ту ин номаро мехонӣ, шояд ман дигар зинда набошам. Мехоҳам пеш аз маргам як сирри махфиро ба ту кушоям. Ман духтари мулло нестам, барои ҳамин падару модар ва бародаронам маро ин қадар азоб медоданд. Бачадони иллатии зани муллоро духтурҳо гирифта партофтаанду вай аз ночорӣ маро аз сағирахона гирифта калон кардааст, то дастёраш гардам. Модари ӯгай ҳеҷ гоҳ модар намешудааст дугона, як умр хизматашонро иҷро кунам ҳам, дар ин хона ман одами худӣ нашудам. Ҳаромӣ ва бадзот гуфта, ҳамеша азобам медоданд. Умед доштам, ки шавҳар карда аз ранҷу азоб халос мешавам, вале бахтам омад накард. Ба ивази пули калон маро ба як марди сезана ба шавҳар доданд. Марг бароям аз дар як болин бо ин мӯйсафед сар ниҳодан авлотар аст. Дидор дар қиёмат дугонаҷон! Илтимос, орзуҳои гул накардаи маро ту амалӣ кун! Фарзонаи бадбахт”. 

Номаро хонда бо тамоми овоз гиристам. Модарам ташвиш кашида ба хонаи ман даромад ва чӣ ҳодиса рӯй доданашро пурсон шуд, вале ман дарақ-дарақ меларзидаму гап зада наметавонистам. Модарам тозон ба ошхона рафта бароям об овард. Об нӯшида каме ба худ омада будам, ки ҳамсояамон Ситора аз дар даромад ва бо рангу рӯйи парида гуфт:
-Духтари мулло дар хонаи шавҳараш, дар таги чодари арӯсӣ худашро куштааст. Мурдаашро оварданд!
Модарам бо шунидани ин хабар “Оҳ сиёҳбахти берӯзӣ” гӯён, сарашро дошта дар замин нишаст.
Мурдахӯрҳо
Ба сарамон рӯймоли сафед кашида, ману модарам ба мотамхона равон шудем. Раҳораҳ ба гӯшам пичир-пичири мардум мерасид. Дугонаи бадбахтамро ҳатто баъди маргаш низ осуда нагузошта, дар ҳаққаш чунон гапҳое мезаданд, ки аз шуниданаш мӯйи бадани кас рост мехест. Яке ӯро бероҳа мехонду дигарӣ ҳадс мезад, ки Фарзона нодухтар баромада аз тарси шармандагӣ худашро куштааст, сеюмӣ бошад, тамоми ҳадду ҳудуди одамгариро фаромӯш намуда, маитро бешармона туҳмат мекард, ки ҳомиладор будааст. Бо одамони аз кӯчаи одамгарӣ нагузашта баҳс карданро ба худ эб надида танҳо “мурдахӯрҳо” гӯён, аз паҳлӯяшон гузашта ба хонаи мулло даромадам.
Арӯси нокоми бе кафан
Гумон доштам, ки модараш дар рӯйи мурдаи Фарзонаи наварӯс рӯю мӯяшонро канда гиряву нола мекунад, вале хаёлам хом баромад. Муллою занаш заррае парво надоштанд, ки фарзандашон мурдааст ё сагчаи хонаашон. Мурдаи дугонаам дар рӯйи хона бесоҳиб мехобид. Касе аз ҳамсояҳо пурсид, ки мардумро ба ҷаноза хабар кардаанд ё не.
-Касе, ки худкушӣ мекунад, ҳаром мемурад. Одами ҳаром мурдаро ҷаноза кардан раво нест,-ба таври худ фаҳмонд мулло.
Як аламам сад алам шуда бо тамоми овоз дод задам:
-Чаро асли гапро нафаҳмида чунин ҳукм мебароред?! Шумо падар шуда сабаби худкушии духтари бечораатонро аниқ кардед ё не?! Фарзона на нодухтар буд, на ҳомиладор ва на тардоман, вай як духтари биҳиштӣ буд, вале шумоён ӯро ба худкушӣ маҷбур кардед. Ана ин нома далели покдомонӣ ва бегуноҳии ин арӯси бадбахти ҷавонмарг аст!
Падари Фарзона номаро аз дастам гирифта бо диққат ба он чашм давонд. Хаёл кардам, ки баъди хондани номаи вопасини духтараш дар назди ҷасади Фарзонаи ноком ба зону зада, гирёну нолон бахшиш мепурсад, вале ваҷоҳати ин мард заррае дигаргун нашуда гуфт:
-Домод як марди худотарс ва бою бадавлат буд. Ин сиёҳпича худаш гунаҳкор аст. Садқаи шавҳару хонаи обод шавад. Худашро кушта ҳаром мурд. Ҷазояш ҳамин аст, ки аз ин дунё бе кафан меравад. Ҷанозаю кафан барои вай ҳайф аст!
Мулло инро гуфту вазнин-вазнин қадам гузошта баромада рафт. Мурда бе соҳиб монд. Муаллимону ҳамсинфонамон чун диданд, ки бародарону пайвандонаш ба ҷасади Фарзона наздик намешаванд, худашон мурдаро соҳибӣ карданд ва аз куҷое мурдашӯй оварданд. Ҳамин тавр Фарзонаи номуродро танҳо ҳамсинфонаш ва муаллимони мактаб ба хонаи охираташ гусел намуданд. Муллои золим иҷозат надод, ки мурдаашро қатори дигар рафтагон дар гӯристон гуронанд. Дар як теппача қабр канда, арӯсаки ҷавонмаргро ба хок супурданд.

Аз ин воқеа солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, то ҳол ёди Фарзонаи ҷавонмарг аз лавҳи хотири ман зудуда нашудааст ва гоҳ-гоҳ қиссаи пурғуссаи дугонаи номуродамро ба фарзандону набераҳоям нақл карда, хоҳиш мекунам, ки ба руҳу арвоҳаш фотиҳа хонанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД