Касофаткелин
Умед нодухтар будани арӯсашро фаҳмид ё не намедонам, вале баъди ба ин хона қадам гузоштани келин бадбахтӣ болои бадбахтӣ меомад. Ҳамсари гул барин зебои Собир якбора бемор шуд. Духтурҳо касали қанд гуфтанд, вале ба фикрам ғам занаки бечораро дарун ба дарун хӯрда тамом кард ва билохира баъди буридани пояш бо қалби хунчакон ин дунёро падруд гуфт. Зани фариштахӯ ин дунёро тарк карду давлату роҳати Собирро ҳам гӯё бурд. Пеш аз маргаш бечора занак асрори нодухтар ба хонадони онҳо қадам ниҳодани келинро ба шавҳараш кушода, зорӣ намудааст, ки ин касофатро аз дар берун кунад, то писараш як умр бадбахт нашавад, вале Собир илоҷи балокелинро ёфта натавонист. Дар ба дари муллою ҷодугарҳо давида даҳони падару писарро мебаст келин ва оқибат коре кард, ки ҳарду ғуломаш шуда монданд.
Мурда тиллоҳоро бурд
Собир тилловориҳои зиёд дошт ва дилаш пур буд, ки захираи зиёд дораду чанд соли дигар кор накунад ҳам, барои таъмини зиндагиашон басанда аст. Бехабар аз он, ки келини маккораю фосиқаш рӯзи марги хушдоман тилловориҳоро дуздидааст, баъди гузаронидани маросимҳои мотамӣ Собир писараш Умедро наздаш хонда, хоҳиш намуд, ки зару зеварро биёрад, то фурӯхта ба пулаш тиҷорат оғоз намоянд.
-Тиллоҳо дар дасти модарам буданд, афсӯс, ки ҷояшонро нагуфта ин дунёро тарк карданд,-оҳи сард кашид Умед аз тӯҳмат кардани модари дар гӯр хобаш заррае ҳам шарм надошта ва падар ба гапаш бовар кард.
Собири қоматбаланди рустамбозу тилловориҳоро бо худ ба гӯр бурдани ҳамсари биҳиштиашро шунида лол монд. Қоматаш аз шунидани ин хабар гӯё шикаст. Умедаш ба боигарии доштааш буд, ки дар рӯзи сахтӣ барои кушодани тиҷорат мададгораш мешаванд, вале дар як дам тамоми нақшаю ормонҳояш ба боди фано рафтанд.
Гардиши чархи фалак
Собири замоне бою бадавлат аз ночорӣ ба Душанбе омада, қатори бачаҳои мактабхон мошиншӯй шуд, то барои писару келинаш як луқма нони ҳалол ёфта бараду аз гуруснагӣ намуранд. Мӯйсафед дар пайи ёфтани ризқу рӯзии фарзанду набераҳояш овора буду писари нохалафу келини худонотарсаш дар ғайбаш ӯро «бевабоз» бароварда, назди аҳли маҳалла бадном сохтанд ва бо ҳамин баҳона ҳавлиро фурӯхта, ғайб заданд.
Писардори бе писар
Собир аз беморхона баромада куҷо рафтанашро намедонист. Дар хонаи духтарҳояш зистанро ба худ ор медонист, чунки аслан духтар моли мардум ва дастнигари шавҳар аст. Ҳаво хунук шуда аз омад-омади зимистон дарак медод. Дар кисааш пул надошт, ки хонаеро иҷора гирад. Танаш сиҳат набуд, ки дар ягон ҷо кор кунаду зиндагиашро пеш барад. Ночор дари утоқи кории Шукурҷон Зуҳуровро кӯфта ёрӣ пурсад. Вазир қиссаи Собирро то охир гӯш карда, маслиҳат дод, ки барои вай аз хонаи бепарасторон дида ҷойи беҳтар нест ва ба дасташ 300 сомонӣ пул дода ба Панҷакент гуселаш намуд. Собир худаш Панҷакентро интихоб намуд, зеро намехост, ки дар ин наздикиҳо касе ӯро дида ба ҳолаш хандад. Писардори беписар даҳ сол дар хонаи бепарасторони шаҳри Панҷакент зиста бо кӯмаки роҳбари ин парастишгоҳ Амонқулова бо зани бесоҳибе оила бунёд кард. Боре дар бозор аз марде нос пурсид. Мард бо такаббур ҷонибаш нигоҳ карда, дӯғ зад:
- Шарм намекунӣ, ки бо ҳамин қаду қомат гадоӣ мекунӣ!
Ин сухан ба дилаш чун тир расид ва қасам ёд кард, ки дигар дар умраш носро ба даҳон намегирад.
Имрӯз Собир дар ин хонаи пиронсолони Ёвон қатори бефарзандону бекасон зиндагӣ мекунаду аз панҷ фарзанд ягонтоаш боре ба суроғаш намеоянд. Вай ҳатто намедонад, ки чанд набера дорад. Сурудхонии сарояндаи нобино Абдухолиқ Суфиевро гӯш карда, шукри давлати ғамхорро мекунад, ки ӯро аз марги яқин раҳонд. Ин писардори беписар ҳамеша дуо мекунад, ки Умеди бо ноз парваридааш дар дами пирӣ мисли вай хору зор гардад.