Дар ҳамин лаҳза Елена ворид мешавад. Чеҳраи пиршудааш ҳанӯз ҳам зебо аст, вале пур аз доғҳои дард.
Ӯ ба Наврӯз менигарад, бо овози шикаста мегӯяд:
- Наврӯз, ин туйӣ? Баъди ин қадар солҳо сарнавишт туро ба утоқи кории писарамон овард? Ниҳоят омадӣ, баъди солҳои зиёд… вале чӣ фоида?
Ашк чашмонашро пур мекунад. Наврӯз бо овози дардолуд мегӯяд:
- Ман гунаҳкор ҳастам… вале маро як бор бишнавед. Ин ҷавон писари ман Асламҷон аст?
- Бале.
Наврӯз бо овози ларзон мегӯяд:
- Ман… ман падари ту ҳастам.
Ӯ бо хашм мегӯяд:
- Падар? Ту куҷо будӣ, вақте ки ман кӯдак будам? Куҷо будӣ, вақте ки модарам шабу рӯз бо ашк маро калон кард? Ман падарро танҳо дар китобҳо хондам, вале ҳеҷ гоҳ эҳсос накардам, ки ту ҳастӣ!
Наврӯз ба зону меафтад, ашки пиронааш рӯи замин мечакад:
- Маро бубахш, писарам, тақдир маро ҷудо кард, ман ҳамеша шуморо дар дилам доштам.
Лаҳзаи сахт, гиря, хомӯшии сангин. Писар рӯ ба модар мекунад, баъд ба падар менигарад, дар дилаш ҷанги бузург мегузарад: нафрат ва муҳаббат. Ниҳоят бо овози хаста мегӯяд:
- Ман туро намебахшам… аммо ман бояд бидонам, ки ту падарам ҳастӣ.
Наврӯз гирякунон дастонашро мебардорад ва писарро ба оғӯш мегирад. Ин оғӯш баъди сиву ду сол ба амал меояд, оғӯше, ки бояд дар кӯдакӣ мешуд, вале дер омад.
Наврӯз ба Тоҷикистон бармегардад ва бо дили пур аз изтироб ба ҳамсараш ҳама чизро мегӯяд. Занаш аввал бо ҳайрат гӯш мекунад, баъд ашк дар чашмонаш пайдо мешавад. Вале ба ҷои хашм бо овози ором мегӯяд:
- Агар ӯ писари туст, биё ва онҳоро даъват кун. Ман низ модарам, ман дили занро мефаҳмам.
Ин бузургии дилро танҳо зан метавонад дошта бошад.
Баъди чанде Елена ва Алексей ба Тоҷикистон меоянд. Дар ҳавлӣ ду оила рӯ ба рӯ мешаванд. Ду модар, ки солҳои талхро пушти сар кардаанд, даст ба оғӯш мешаванд, ашк мерезанд.
Наврӯз дар миёни фарзандон ва набераҳо менишинад, бо ашки шодӣ мегӯяд:
- Ман ҳама чизро аз даст додам, вале Худо ба ман боз имконият дод, ки шуморо ёбам.
Ҳама бо ҳам нишаста, як дастархонро тақсим мекунанд ва ҳавлӣ пур аз садои кӯдакон мешавад.
Аммо баъди чанд рӯз Елена ва Алексей мегӯянд, ки бояд ба Русия баргарданд. Онҳо зиндагии худро он ҷо доранд. Алексей бо дили ором мегӯяд:
- Падар, акнун ман туро дорам, гарчанде дер, аммо дорам. Мо меравем, вале дигар байни мо девор нест.
Наврӯз онҳоро бо ашки муҳаббат гусел мекунад, даст ба осмон мебардорад ва мегӯяд:
- Худоё, акнун дилам осуда аст!
Наврӯз дар толори фурудгоҳ бори дигар аз писараш бахшиш пурсид.
Шояд чунин “фарзандҳои фаромӯшшуда” зиёд бошанд. Аммо фарзанд ҳамеша доди Худо аст.
Шаҳлои НАҶМИДДИН