arzon replenishment
Фарзандамро наҷот диҳед!
1461
Фарзандамро наҷот диҳед!

 

Усмонҷон сокини кӯчаи Колхозчиёни шаҳри Ҳисор буда, ҳамагӣ 7 сол дорад, вале дар умри кӯтоҳаш аллакай 8 мартиба ҷарроҳӣ шудааст.

Усмонҷон ҳанӯз аз яксолагӣ ба бемории норасоии кори гурда гирифтор аст ва ба қавли модараш чанд маротиба мурдазинда шудааст. Азбаски гурдаҳояш дуруст кор намекунанд, пешоб ва ахлоти кӯдак аз шикамаш меояд. Падару модараш тамоми дороии худро сарфи табобати Усмонҷон намуда бошанд ҳам, то ҳол кӯдак ба пуррагӣ шифо наёфтааст.

Табибон бояд моҳи феврал Усмонҷонро бори нуҳум ҷарроҳӣ карда, роҳи шошадонашро дуруст мекарданд, вале бо сабаби надоштани маблағ волидони камбағлаш барои гузаронидани ин ҷарроҳии муҳим маблағ наёфтанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, аз фикру андешаи зиёд ва дарду ғами бисёр падари Усмонҷон ба бемории асаб гирифтор шудааст ва модараш Гулизор намедонад, ки барои табобати писараки бемор ва шавҳари маризаш аз куҷо пул ёбад.

Ин зан бо чашмони гирён ба сомонаи Оила муроҷиат намуда, умед дорад, ки соҳибкорон, ҳоҷиён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар афроди накӯкору саховатманд дар моҳи шарифи рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, ба хотири ризои худованд ба Усмонҷони бемор дасти ёрӣ дароз намуда, дар гузаронидани ин ҷарроҳии муҳим, ки тақдири ояндаи писарак аз он вобастагӣ дорад, кӯмаки худро дареғ намедоранд.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири ин тифлаки бемор бетараф намонда, ба ин оилаи ниёзманд дасти мадад дароз менамоянд, охир беҳуда нагуфтаанд:
Дил ба даст вар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон қаъба як дил беҳтар аст.

Шахсоне, ки ба Усмонҷон ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба кортҳои бонкии 9762000022235146 (Корти миллӣ аз Душанбе-сити) ва 5058270033045831 (корти Амонатбонк) гузаронанд ё ба рақамҳои зерин занг зананд: 907-81-12-81

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД