Sebiston new 2024 october
Фарзанд бояд ба волидон бовар кунад
28.04.2024
ЛОЛА
1077

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд».

Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”.

Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» Қумрия Каримова, сокини ноҳияи Файзобод, деҳаи Ҳаймаҳмадӣ дар ин маврид чунин изҳори назар намуданд:

- Шукронаи тинҷию ободии Ватани азиз, Тоҷикистони ободу зебо ва дилоро, шукрона, ки мо сарваре дорем оқилу доною ғамхори халқи азизаш. Барои кўдакони мо ҳама чиз мерасад, маҳсулоти хўрока, либос, мактабҳои зебою барҳаво, муаллимони босавод, боғҳои сарсабзу хуррам… Вале ба онҳо меҳрубонию диққати махсуси мо, калонсолон намерасад. Волидон имрўз аз пайи кору бори худ рафта, ба хоҳишҳои фарзандонашон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки шароити моддии фарзандонро муҳайё карда, қарзашонро назди онҳо адо намудаанд, аммо ҳаргиз ин тавр нест. Мо рисолати бузурги дигар, тарбияи фарзандро ба дӯш дорем ва онро бояд иҷро намоем. Тарбия аз он сар мешавад, ки кўдаки мо ба мо бовар кунад. Гапи дилашро ба мо гўяд, аз мо натарсад, балки моро эҳтиром намояд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба идеали фарзандони хеш мубаддал гардем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД