arzon replenishment
ФАРИШТА АЗ КОРДҲО
1725

 

Алфи Брэдлӣ, ҳайкалтарош ва наққоши бритонӣ бо истифода аз кордҳои хурду бузург ҳайкале сохта, ба он “Фаришта аз кордҳо” (“Knife Angel”) ном гузоштааст. Брэдлӣ замоне дар Маркази металлургии Британия фаъолият мекард ва кордҳо ҳамеша диққати ӯро ҷалб мекарданд.

Инҳо ҳамон кордҳое буданд, ки кормандони полис аз ҷинояткорон мусодира карда, ба ин марказ месупориданд. Ба сари Брэдлӣ фикри сохтани фаришта аз кордҳо омад ва ӯ ду сол аз рӯйи ҳайкал кор кард. Кордҳоро аз рӯйи рангу андоза ҷудо карда, фикру андешаҳои чандин нафаронро низ шунид. Пасон бо истифода аз он кордҳо фариштае сохт, ки 8 метр баландӣ дошта, барои сохтанаш зиёда аз 100 ҳазор дона корд истифода шудааст.

Наққош ба Ҳукумат пешниҳод кард, ки ба хотири кам кардани ҷиноятҳои силоҳи сард ҳайкал дар майдони Трафалгари шаҳри Лондон гузошта шавад, аммо мақомот ба ин иҷозат надоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД