Таҷлили ид дар ҳама дину равияҳо барои болидарӯҳӣ ва фараҳбахшидан дар ҳар оила ва ҷомеа мебошад. Вале омодагии ба ҷанш гирифтан ин ё он идро на ҳама қабул доранд ва дар бештари маврид вокунишҳои зиёдро дар ҷамеа ба миён меорад.
Дар суҳбати мо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ сари мавзӯи матраҳ шуда муоҳибае анҷом додем, ки муҳтавояш чунин буд:
Ид, ҳамон тавре аз номи ин мафҳум бармеояд, аслан бояд ба мардум хурсандӣ биёрад. Аммо вақтҳои охир мебинем, ҳатто онҳоро ҳам боис ба ихтилоф кардаанд ва он низ дар пояи баҳсҳои динӣ. Чаро чунин ҳолате пеш омадааст, ё ин як чизи муқаррарист? Яъне ҳама кори дунё ҳатман бояд ба мавзӯъҳои динӣ бархӯрад?
Идҳои дунявӣ на ҳамеша барои хурсандӣ аст. Идҳои динӣ бошад, барои қавӣ гардонидани руҳияи динӣ мебошад. Дар замони шӯравӣ идҳои динӣ қайд карда намешуданд, агар ҷашн гирфита мешуд, бисёр пӯшида буд.
Баҳсҳои зиёд дар арафаи соли нави милодӣ пеш меоянд. Махсусан дар байни мусулмонҳо, ки ин ҷашнро соф динӣ ҳисоб мекунанд. Аммо тарафдорони соли нав мегӯянд ҳадафи онҳо аз таҷлили соли нав на Исои масеҳ асту на кадом дин. Онҳо фақат як соли зиндагӣ ва фаъолияти худро ҷамъбаст мекунанд. Дар асл гап сари чӣ меравад?
Мардум нодуруст мегӯянд. чунки Соли нав иди динӣ нест. Иди динӣ мавлуди Исо пайғамбар аст, ки 25-уми декабр ё дар Провсловянӣ 7 -уми январ ҷашн гирифта мешавад. Умуман дар кишварҳои Ғарб, мавлуди Исо пайғамбарро ҷашн мегиранд. Барои онҳо 31 ба 1-уми иди Соли нав нест. Дар онҷо дар кучаҳо ҷашн мегиранд. Агар онҳо дар хона ҷашн гиранд, ё ғоз ё мурғобиро хӯрок таёр карда мехӯранд. Гуфтани ҳастам, ки дар мо бо чунин тантана ҷашн мегиранд.
Яъне онҳо ғизоҳои идона доранд?
Бале. Аммо ҳама ба кори худ ҳастанд. Дар мо аст, ки ҳама сари дастурхон ҷамъ мешаванду то нимашаб мешинанд. Аз соли 1935 инро дар мо ҳамчун ид таҷлил мекунанд. Баъд аз Инқилоби октябр арча гузоштан манъ карда шуда буд.
Зимнан, барои мусулмонҳо таҷлили Наврӯз – ҷашни миллии тоҷикон, ки он ҳам дар гузашта соли нав ба ҳисоб мерафт, бо ҳамин гуна баҳсҳо сар ва тамом мешавад. Яъне аз ин тарзи муҳокимаҳо мешавад хулоса кард, ки гӯё мусулмонҳо на соли нави милодиро қабул доранд, на ҷашни ориёҳоро. Пас соли нави онҳо бояд кадом бошад?
Дар дин ва ислом ду ид аст, яке иди асо ва дигаре иди фитр аст. Ҳамин ду то ид аст. Аммо дар бораи иди Наврӯз ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки аввал онро иди динӣ- иди Зардуштӣ қайд мекарданд ва баъдан он ба дини байналмилалӣ табдил ёфт ва иди анъанавӣ шуд. Дар замони шуравӣ инро иди динӣ гуфта онро қайд намекарданд. Дар он солҳо бисёр анъанаҳо аз байн рафт. Ду аср қабл дар Бухорои Шариф ҷанш мегираифтанд.
Ба ин ва дигар саволҳои мо коршинос ҷавоб гуфтанд, ки метавонед аз видео пайдо намеоед. Барномаҳои дигари моро аз ин линкҳо тамошо карда метавонед.
1. ХУШУНАТ НАМЕХОҲЕД? СОҲИБКАСБ ШАВЕД!
2. Чаро маҳз хоки мазор озахро шифо мебахшад?
3. Санги кабуд сулфакабутакро шифо мебахшад?
5.РОҲЕ, КИ ФИРӮЗАРО ХУДОШИНОС КАРД
6.Бемории хоҳар динамро дигар кард
7. Чаро одамон динашонро иваз мекунанд?