Formula novemver 2024
Чаро одамон динашонро иваз мекунанд?
2339
Чаро одамон динашонро иваз мекунанд?

 

Гузариш аз як дин ба дин ва ё аз як равия ба равияи дигар интихоби ҳар нафар мебошад. Қонунгузории Тоҷикистон ин гуна интихобҳоро маҳдуд ё рад намекунад. Вале дар аксари ҳолат чунин ҳолатҳо вокунишҳои зиёдро дар пай дорад.

Бо ин мавзӯъ барномаи подкасти худро, ки дар доираи лоиҳаи Дин ва ҷомеа омода мешавад, пешкаши шумо мегардонем.

Дар меҳмонии мо Музаффарпур Виркан, УЗВИ АМИТ муаллими калони кафедраи диншиносии факултаи фалсафафаи ДМТ қарор доранд.

Оила: Дар бораи гаравиш аз як дин ба дини дигар, сабабҳои гуногунро меоранд. Ба фикри Шумо сабабҳои асосӣ чӣ буда метавонанд?

Музаффарпур Виркан: Дар ҷомеаҳои демократӣ ҳам аз рӯи қонунгузорӣ ва ҳам аз рӯи фарҳанги дунявие, ки ирмӯз дар аксари давлатҳои ҷаҳон ҳукмрон аст, озодии виҷдон ва озодии эътиқод кафолат дода шудааст. Бинобар ин дар ҳама ҷомеаҳои дунявӣ одамон метавонанд озодона ва огоҳона эътиқод ва ба ин ё он дин ва умуман эътиқод кардан ё накардни худро интихоб кунанд. Вале баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар ҳама ҷомеаҳои сунатӣ вокунишҳо вобаста ба тағйир додани дин, эътиқод мазҳаб хеле зиёд ба назар мерасад. Сабабҳои тағийр додани дин хеле зиёд аст ва дар ҳар як ҳолат метавонад, аба таври гуногун бошад. Масалан пеш аз оне, ки агар ин интихобот огоҳона аст, расидан бба дарки ҳамон маъное ҳаст, ки инсоне, ки дар як дин аст, ҳамон дин талаботи маънавии ӯро қонеъ карда анметавонад. Ва ӯ шуруъ мекунад ба омӯзиши назария ва динҳои гуногун ва дар натиҷаи ин омӯзишҳо шояд кадом динеро, ки ба дили ӯ, имони ӯ боварии ӯ наздик аст, интихоб мекунад.

Сабаби дигар буҳрони ҳувият бошад. Дар як ҳолати халоқ қарор доштани инсон ва маҳз ҳамин вазъият дар баробари омилҳои дигар сабабе шуд, ки дар ҳудудҳои ИШ тағйир додани дину эътиқод ва аз як дин а дини дигар гузаштан дар даҳсолаи аввали пошхӯрии зиёд ба назар мерасид, ки мо ҳам шоҳиди он ҳастем ва бисёр шахсони воқеиро медонам, ки аз як дин ба чанд дини дигар тағйир карданд ва имрӯзҳо ё дар яке аз он динҳо боқӣ монданд ё баргаштанд ба дини аввалаашон ё ақидаи бединиро пеш гирифтаанд.

Оила: Дар кишварҳои ғарбӣ одамон аслан эътиқоди динии худро ошкор намекунанд. Дар ин бора пурсидан ҳам аз рӯи ахлоқ дониста намешавад. Аммо чаро дар ҷомеаҳои мусулмонӣ мехоҳанд дар ин бора ошкор сӯҳбат кунанд?

Музаффарпур Виркан: Мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар моддаҳои 3 ва 4 омадааст, ки ҳар касе озод аст, дар бораи интихоб ва пайравӣ кардану баргузор кардани маросимҳои диниаш ё ин ки умуман ба ягон равия ё ба ягон иттиҳодияи динӣ напайвастани он. Махсусан дар ин модда қайд карда мешавад, ки ҳеҷ як нафар уҳдадор нест, ки дар бораи муносибаташ да дин ба касе ҳисобот диҳад. Дар ҷомеаҳое, ки суннатӣ аст, анъанавӣ аст, бештари дарсади мардум пойбандӣ як дин ҳастанд ва инро дар фарҳангшиносӣ такфарҳангӣ ё якфарҳангӣ бар хилофи бисёрфарҳангӣ “мултикултурал” ва шояд сабабе, ки дар назди ҷомеа дар байни ҷомеа пайравони динҳои дигар пайдо мешаванд ёки фарқ мекунанд аз оне ки маъмули барои мардуми ҳудуди муайян аст, як давлати муайян ва ин дигаргуни ба назари мардум аҷиб ва ғайримаълуми менамояд ва кушиш мекунанд ва аз пайи фаҳмидани он мешаванд, ки дар кадом дин аст ё дар кадом эътиқод аст. Сабаби асосӣ кам будани пайравони дигар ва дар навбати худ якфарҳангӣ ва сабабҳои зиёди дигарро низ метавон дар ин замина номбар кард. Мувофиқи талаботи мусулмоние, ки ҳаст ва мардуми мусалмони мо омӯхтанд, дини ту чист? Пайғамбари ту кист? Дар кадом мазҳаб ҳастӣ? Ин саволҳо барои мардуми мо маъмулӣ аст ва мехоҳанд пурсанд ва муайян кунанд...

Оила: Ба фикри Шумо кадоме беҳтар аст: дар ин бора пурсидану ошкор гуфтан ё баръакс?

Музаффарпур Виркан: Агар аз нуқтаи дини ҳам гирем, барои эътиқоди динӣ ва интихоби он худаш ҷавобгар аст. Пурсидани он на аз рӯи одоб аст, беҳтар аст, ки агарчӣ зарур медонад, аз рӯи рафтору муносибат ё аз рӯи фарҳанги либоспӯшӣ дигар омилҳои гуногуне, ки ҳаст, метавонад маълум шавад. Агар зарур медонад, хдаш дар ин бора ошкоро мегӯяд ва агар махсусан пурсидан ё истинтоқ кардан аз рӯи обод ва аз рӯи қонун ҳам нест.

Оила: Баъзеҳо фикр мекунанд фақат гаравиш аз ислом ба дини дигар боис ба вокуниши сахт мешавад. Аммо дар асл, динҳои дигар дар ин маврид оё ором вокуниш бадар мекунанд?

Музаффарпур Виркан: Мо ки дар ҷомеаи мусалмонӣ зиндагӣ мекунем ва бештар ин чиз маълум аст. Ҳар як дин , ки аллакай пайравони зиёд доранду ҳамчун дини ҷаҳонӣ ҳисобаида мешаванд, ҳар кадоме аз онҳо худро ягона дини барҳақ ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо худро охирин дин ҳисоб мекунанд ва ҳеҷ яӯк дин намехоҳад пайраваш аз он дин хориҷ шавад ва пайравонашро аз даст диҳад. Дар яҳудия ҳам, ки дини маҳдуди як миллат аст, вале баромдаан аз он таъкид шудааст, гуноҳ аст ва ҷазоҳои муайянро пешниӣ кардааст. Мо ҷустуқӯ кардем дар дини масеҳият ва яҳудӣ дар китоби муқадасашон Библия, ки аҳди қадим ва аҳди ҷадидро дар бар мегирад, ҳудуди қариб сад оят ё сурудаҳо дар бораи маҳз аз дин баромадан хориҷ шудан гуфта шудааст. Ба маъноҳои гуногуни ҳам гуноҳ доштан ва ҳам кори бад будан ва ҳам шоиста набудан ва ҷазо пешбини шудаанд. Дар ин бора ҳам аз нуқтаи назари ақидатӣ ва ҳам аз нуқтаи назари руҳониён ва шахсоне, ки ҳукм мекунанд вокуниш карда мешавад. Дар таърихи масеҳият то имрӯз ҳам ҳаст, нисбати касоне. Ки аз дин хориҷ мешуданд, мувофиқи мактуби анафия, ки ба назари мо ҷазои сахт ҳам набошад, дар он замон ҷазои сахт маҳсуб меёфт, аз молу мулкаш маҳрум кардан ва бадарға кардан ё ба таври дигар гӯем, ради маърака мешуд. Касе, ки аз дин хориҷ мешавад, инро бо мафҳуми иртидод ё ридда ифода мекунанд.

Оила: Дар расонаҳо матолиберо ҳам мехонем, ки қаҳрамононаш мегӯянд дар оилаашон намояндагони чанд дин ҳаст. Ҳатто дини падару модар ё фарзандон аз ҳам фарқ мекунад. Ин шакли оилаҳо чӣ паҳлӯҳои мусбат ва чӣ мушкилот дошта метавонанд?

Музаффарпур Виркан: Вокунише, ки дар оила ба вуҷҷуд меояд шояд ба аъзоёни ҳамон оила вобастагӣ дорад. Ҳамон муҳити оила созгор будааст, ки гуногунандеши шудааст, ҳолате, ки як нафар фарзанди онҳо ба дини дигар гаравидааст. Дар чунин оилаҳо нафароне, ки ба воя мерасанд ба фикри ман аз ибтидо дар он оила таҳамулпазирӣ вуҷуд доран ва вокуниши нисабатан мулоим дошта бошанд. Баръакси он ҳолате, ки аз як оила пайравони чанд дин ҳастанду зиндагӣ мекунанд, ба фикри ман бешатр хатарноктар дар дохили ислом ба як чанд мазҳабҳо ба бемазҳабӣ гаравидани аъзоҳои оила аст. Чунки ҳамчун коршинос дар тӯли таҷрибаи худ бисёр ҳолатҳоро дар рафти баррасии паравандаҳои ҷиноятӣ муайян шуд, ки нафароне, ки ба ҳамин гуна мазҳабҳои ғайр гаравидаанд ва ҳатто ба дигар кишварҳо барои ҷиҳод рафтанд, аз онҷо ба падару модарашон даъватҳо фиристоданд...

Оила: Ба назари Шумо одамон кай метавонанд моҳияти аслии таҳаммулпазирии диниро дарк кунанд?

Музаффарпур Виркан: Дур намудани мардум аз хуруфоту аз беганпарастию бештар рӯ овардан ба адабиёти пурғановати гузаштаи мо ки дар он унсурҳои хеле зиёди таҳаммулпазириро мебинем. Махсусан дар фарҳанги адабиёти ирфонӣ, ки саросари ашъорашон таҳамуулпазирӣ аст. Агар аз нуқтаи назари динӣ гирем, бештар ҷудо намудани эътиоди динӣ ҳамчун кори шахсӣ аз дигар мунросибати равандҳои ҷамъиятӣ, агар ҳамин нуқтаҳо аз ҷониби мардум дарк карда шавад, сатҳи таҳаммулпазирии мардум болотар хоҳад рафт.

Оила: Ниҳоят, ҳоло ба назар мерасад мавзӯи дин дар бархе ҳолатҳо ба мавзӯи №1 дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин равандро, агар Шумо ҳам эҳсос мекунед, ба назаратон боз чӣ қадар метавонад идома ёбад?

Музаффарпур Виркан: Вазъияте, ки ҳоло дар ҷаҳон аст, ҳеҷ вақт мушкилоти инсонӣ на танҳо ҳал наудааст, балки мушкилоти глобалӣ бештару бештар шудааст, яъне бо дастёбии инсоният ба технологияҳои мутараққӣ ва сатҳи баланди донишу илм ин масъалаҳоро ҳал карда натавонист. Яке аз сабабҳои бештар рӯ овардан ба дин мавҷуд будани талабот ба дин аст, яъне оромбахшии руҳӣ, тарс аз оянда таъмин набудани инсон аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳамунин бештар шудани офатҳои табии коҳиш ёфтани саводу дониш низ мебошад, ҳамаи ин чизҳоро дар замони имрӯза мебинем. Дар баробари ин метавон илова кард, ки гурӯҳҳои манфиатдоре ҳам ҳастанд, ки мардум бояд дар банди дину диндортӣ боқӣ монанд ва ба воситаи он идора кардани мардум ба ягон самт равона кардану аз он бардоштани манфиат хеле осонтар аст. Ман фикр мекунам, ки то вақте ки ҳамин омилҳо, ҳамин воқеаитҳо дар ҷаҳон ҳастанд, талабот ба дину диндорӣ боқӣ мемонад.

Оила: Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД