Озах ба гурӯҳи бемориҳои вирусии пӯст дохил шуда, бештар кӯдакон ва наврасон ва гоҳо пиронсолон аз он ранҷ мекашанд.
Маъмулан беморон кӯшиш мекунанд, ки бо кадом роҳе набошад, хоҳ тибби муосир ва хоҳ тибби қадим бемории худро табобат намоянд.
Дар ҷомеаи мо, ки қисми зиёди мардумонаш суннимазҳаб мебошанд, барои халосӣ аз озах аз хоки мазорҳое, ки ба онҳо эътиқод доранд, истифода мебаранд. Ин навъи табобат аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз идома дорад.
Дар деҳаи Лучоби болои ноҳияи Варзоб чунин як мазор мавҷуд аст, ки ба гуфти сокинони маҳаллӣ хусусиятҳои шифобахшӣ дошта ба озах даво будааст.
Ин ҷавонзан дар синни 8 солагӣ ба бемории озах гирифтор шуда буд ва мегӯяд, бо хоки ҳамин мазор табобат гирифта, шифо ёфтааст.
“Хотирам ҳаст, ки хурд будаму дар тахтаи пуштам озах баровардам. Раҳматии бибиям маро ба ин мазор оварда, аз бехи як санг хоки хушкро гирифта ба пуштам молиданд. Бо ҳамин дигар маро на ба назди ягон духтур бурданду на дар назди домуллое дуохонӣ карданд. Хоки ҳамин мазор бемории маро шифо бахшид,”-қисса мекунад зан.
Қаноат Буриева сокини деҳаи Лучоби болои ноҳияи Варзоб буда, 80 сол дорад. Ӯ дар ин деҳа ба воя расидааст ва дар наздикии ин мазор зиндагӣ мекунад. Ин зани куҳансол аз бибикалонҳояш дар мавриди мазор ривоятҳои аҷибе шунидааст, ки то имрӯз онҳоро дар хотир дорад.
Аммо илми хокшиносӣ сабаби шифобахш будани ин хокро дар вуҷуд доштани моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби он маънидод менамоянд. Убайд Акрамов, номзади илмҳои биологӣ, сардори идораи иноватсияи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо қайд кард, ки аз нуқтаи назари илмӣ дар таркиби хок минералҳо, оҳан ва баъзе унсурҳое вуҷуд доранд, ки хусусияти табобатӣ доранд. Аксаран дар хоки чунин мавзеъҳо миқдори сулфур зиёд аст. Сулфур як навъ заҳри биокимиёвие мебошад, ки зидди озах истифода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки озах намуд ва андозаҳои гуногун дошта, дар пиронсолон низ пайдо мешавад. Маъмулан рангаш зарди хокистарӣ ё қаҳвагӣ мешавад.
Тибби муосир барои рафъи омосҳои хушсифат, махсусан озах дар бештари маврид истифода бурдан аз амалиёти ҷарроҳии хурди лазерӣ ва малҳаму ҳабҳои махсусро тавсия медиҳад.